ИҶТИМОЪ
САРОҒОЗИ ИДҲОИ БАҲОРӢ
- Подробности
-
06 Апр 2017
- Опубликовано 06.04.2017 09:06
(Чанд сатр аз маҷлиси идона ба шарафи таҷлили Рӯзи Модар дар ноҳия)
Баҳор бо омад-омади худ ба дилҳо шодию сурур мебахшад. Дар ин фасл сабзаҳо аз миёни хазони худ сар мекашанд, ғунчаҳо аз баландии шохаҳои ҳанӯз урён чашми худро во мекунанд, чашмаҳо озодона нафас мегиранд ва таронаашон равона мегардад, лонаҳои холии мурғакони муҳоҷир аз қум-қуму чув-чуву чаҳ-чаҳ сарошор мешавад. Ҳама чиз тоза, ҳама ҷо тоза, ҳама ҳавасу муҳаббат тоза. Ва одам ҳам мехоҳад чун табиат ҷавонӣ ёбад, поку покиза гардад, дар зери борони файзбори найсон мисли уқобон пару бол занад, ғубори солҳоро аз дилу дидаю хотираҳо бишӯяд ва дар моҳи аввали ин фасли зебо – моҳи март, ки ид болои ид аст. Маҳз дар ин моҳи муборак мо иди модарону хоҳарон, иди матбуоти тоҷик ва Наврӯзи оламафрӯзро бо шукӯҳу шаҳомати хосса таҷлил менамоем. Ҳамасола бо шукуфтани нахустин муғчаи гулҳо, ки нишон аз эҳёи табиат ва фасли баҳори гулбасар аст, мавсими иди арҷгузорию эҳтироми хоса ба Модар оғоз мегардад.
Чун рамзи ҳамин эҳтирому арҷгузорӣ ба бонувон 7-ум март дар толори Филармонияи халқии ба номи Нигина Рауфова маҷлиси идона баргузор гардид. Раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Миралӣ бо шодмонӣ иброз намуд, ки бонувони сарбаланду меҳнатқарини ноҳия баробари дигар занони кишвар ҷавобан ба ғамхориҳои беназири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба занон ва дастгирии пайвастаи ӯ аз ҷониби давлату Ҳукумати Ҷумҳурӣ мақому мартабаи занон дар зиндагӣ афзуда, саҳми онҳо дар ҷабҳаҳои гуногуни ҳаёти мамлакат рӯз то рӯз бештар мегардад. Баҳои аз ҳама баландро, афзуд раиси ноҳия, Сардори давлат ба шумо додааст: «Ҳар кадоми шумо, модарону хоҳарони гиромӣ, тараннумгарӣ зебоӣ, нигаҳдорандаи меҳру муҳаббат ва идомабахши анъанаҳои неки гузаштагонамон буда, дар замири фарзандон меҳри Ватан, падару модар, эҳтироми калонсолон ва арҷ гузоштан ба инсониятро ҷой медиҳед ва онҳоро чун боғбони насли одамӣ парвариш менамоед».
Сипас раис ба чанд нафар бонувони фаъол, аз ҷумла ба Чамангул Раҳматуллоева, Наргис Сайфуллобекова, Майрамбӣ Нурова, Нигина Тоирова, Зулайхо Назарова, Ҷамола Валдошева Ифтихорномаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ба Бунафша Неъматова – сокини деҳаи Обисангбур сертификати ҳуқуқи истифодабарии замин барои бунёди боғро супорид. Инчунин ба ғолибони даври дуюми озмуни «Кадбонуи беҳтарин-2017» Ҷамоати деҳоти Мискинобод (ҷои якум), Ҷамоати шаҳраки Файзобод (ҷои дуюм), Ҷамоати деҳоти Меҳробод (ҷои сеюм) ифтихорномаю туҳфаҳои хотиравӣ ва ба Ҷамоатҳои деҳоти Ҷавонон ва Чашмасор туҳфаҳои ҳавасмандкунӣ супорида шуд.
Аҳли толор зери рақсу таронаҳои дилфиреби ҳунармандони диёр шодона мерақсиданду каф мезаданд.
М.ТАҒОЕВА, хабарнигори «Набзи Файзобод».