ИҶТИМОЪ
ЗАХИРАИ ТИЛЛОИИ ДАВЛАТУ МИЛЛАТЕМ
- Подробности
-
14 Июль 2017
- Опубликовано 14.07.2017 16:20
Дар рафти Паёми имсолаи Пешвои миллат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо таваҷҷуҳи зиёд ба мо, ҷавонони кишвар соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон кард. Амалӣ гардидани ин иқдоми наҷиб ба мо, насли ҷавон ҳанӯз аз рӯзҳои аввали мустақилияти кишвар дар бунёди давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ бо ташаккул ва амалӣ намудани самти махсуси фаъолият-сиёсати давлатии ҷавонон давра ба давра ҳамқадами Истиқлолият мебошад.
Бо вуҷуди ин аз ҳамон марҳалаҳои душвори таърихӣ сар карда, то ба ҳол давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон нисбат ба масъалаҳои ҷавонони кишвар Қонун «Дар бораи сиёсати давлатии ҷавонон», «Дар бораи баъзе тадбирҳои беҳтар намудани кор бо ҷавонон», Барномаи миллии «Ҷавонони Тоҷикистон», Барномаи «Давлатии рушди саломатии ҷавонон», «Консепсияи миллии сиёсати ҷавонон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»-ро ба тавсиб расонид, ки ин санадҳои мазкур ба мо, ҷавонон заминаҳои ташкиливу ҳуқуқии сиёсати давлатӣ, рушди саломатии ҷавононро муҳайё намуд.
Асосгузори сулҳу вахдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханронии худ 23 май «Рӯзи ҷавонон» дар мавриди илмомӯзӣ ва самаранок истифодабарии илм дар рушди ҷомеаи кишвар ба ҷавонон дастуру ҳидоятҳои муфид доданд.
«Ҷавонон муҳофизони боэътимоди Ватан, амнияти давлату ҷомеа, сарчашмаи ташаббусҳо ва захираи тиллоии миллату давлат ҳастанд. Бигзор ҷавонони мо бо Ватан, миллат, забон ва ниёгони сарбаланди хеш ифтихор намоянд ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, тамомияти арзӣ ва амнияту осудагии Тоҷикистони азиз мақсаду мароми зиндагии онҳо бошад».
Дар зери суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо, ҷавонон ҳамроҳ шуда Ватани зебо ва давлати ободе дорем, ки номи муқаддаси он Тоҷикистони озод аст. Мо бо ифтихор онро соҳибӣ ва обод месозем. Мо ҳастии худро, ҷони худро барои ин миллат, Ватан ва давлат мебахшем. Парчами ваҳдати миллӣ, сулҳу амнияти пойдор ва азму иродаи созандагиву бунёдкориҳоро баланд афрохта, доимо дар сафи пеши созандагони Ватан қадам мегузорем. Ин дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мо, ҷавонон бояд сармашқи асосии кору пайкор ва фаъолияти ҳамарӯзаи мо бошад. Мавқеи фаъоли ҷавононро дар рушди Тоҷикистони азиз ба инобат гирифта, соли 2017-ро «Соли ҷавонон» эълон доштанд. Ҷавонони мо аз ин таваҷҷуҳи Пешвои миллат рӯҳу тавони тоза гирифта, ба Модар-Ватан хизмати содиқона намудан, марзу буми онро ҳимоя, дар манфиатҳои давлату миллат ҳушёр буданро қарзи фарзандии худ медонанд.
Итминони комил дорам, ки ҷавонони саодатмандӣ диёри мо якҷоя бо ҷавонони бонангу номуси Тоҷикистони азиз кафили сулҳу оромӣ, бахту иқбол, неруи пешбаранда, ворисони асилу арзандаи миллату давлат ва созандагони имрӯзу фардои кишвари соҳибистиқлоламон мебошанд!
Озода ДАВЛАТОВА,
донишҷӯ.