ИҶТИМОЪ
БАҲОРИ НАВИ НАВРӮЗИ ҶАҲОНӢ
- Подробности
-
06 Апр 2017
- Опубликовано 06.04.2017 09:10
Наврӯзи дилафрӯз идест, ки дар фасли гулшукуфии зиндагӣ омада, одаму оламро ҷавон месозад, пироҳани куҳнаро дур андохта либоси нав ба бар мекунад, инсонҳоро ба ҳам дӯсту дилҳоро пайванд мегардонад. Маҳз дар ин фасли зебо ишқи ҷавонон ҷӯш мезанад, ҳаёт рангин мегардад.
Ҷашни Наврӯз, ки зодаи хирад, андеша, ҷаҳонбинӣ ва тафаккури гузаштагони бузурги мо мебошад, дар замири худ ҷавҳари некӣ, накӯкорӣ, бахшишу меҳрубонӣ, покизагии рӯҳонӣ ва ҷисмонӣ, созандагию бунёдкорӣ дорад.
Наврӯз дар дилу шуури мо маскан гирифтааст.
Иҷлосияи 64-уми Ассамблеяи Генералии СММ 23 феврали соли 2010 дар бораи «Рӯзи байналмилалии Наврӯз» қатънома қабул кард. Ва Наврӯзи мо қимати ҷаҳонӣ пайдо намуд.
Кишвари мо – Тоҷикистон сарзамини хуршедӣ ва як гӯшаи биҳишти рӯи замин аст, ки бо қадами мубораки Наврӯз табиат ба гулистон табдил ёфта, бо ҷомаи сабзи худ ба мо зиндагии хуш ва нуру сафо ҳадя меорад.
Дар васфи Наврӯз аз шоирони классик то ба имрӯз ҳазорон ҳазор шеър эҷод шудааст. Шоир, Корманди шоистаи Тоҷикистон, узви Конфедератсияи байналмилалии рӯзноманигорон Ҷӯрабек Муъмин хуш гуфтааст:
Наврӯз ба ҷилвагоҳи ёрон омад,
Бо ҷилваю хандаи шукуфон омад.
Пеши қадамаш чеҳраи дил бикшоед,
Бар мулки шарифи Тоҷикистон омад.
Наврӯз расиду гули сурӣ хандид,
Аз сурхии ӯ лолаи саҳро шармид.
Наргис, ки ба чашм сурма
саҳро мерафт,
Аз рашк гиребону лаби ҷома дарид.
Борони Ҳамал амал диҳад,
сабзаи тар,
Бар боғ диҳад бору самар,
бору самар.
Ҳар кас ба Ҳамал расад,
баҳораш пайдост,
Бе ҳеҷ хатар расад ба Наврӯзи дигар.
Тоҷикистони тозаистиқлол ватани Наврӯз будани худро воқеона ба ҷомеаи ҷаҳонӣ намоиш дод. Пас аз қабул гардидани Қатъномаи СММ аввалин ҷашни умумиҷаҳонии Наврӯз дар пойтахти Тоҷикистон шаҳри Душанбе бо иштироки сарони як қатор давлатҳо ва сафирону намояндагони корпусҳои дипломатии кишвари мо баргузор гардид.
Дастовардҳои наврӯзиро агар аз Наврӯз то ба Наврӯз пеши рӯ оварем, равшан мегардад, ки соҳибистиқлолӣ ба мо чӣ додасту чӣ қадар пешрафтҳое дар иқтисодиёту иҷтимоиёт, илму фарҳангу сиёсат ба амал омадаанд.
Дар арафаи ҷашни Наврӯз Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба Тоҷикистон омада Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо мукофоти олӣ «Ордени Александр Невский» сарфароз гардонд. Ин мукофот нишони қадрдониҳои халқи тоҷик ва Певои миллат аст.
Зариф СОБИРОВ,
собиқадори маориф, Аълочии матбуоти Тоҷикистон.