ИҶТИМОЪ
ҶОН ФИДО КАРДАНД, ТО МО ДАР АМОН БОШЕМ
- Подробности
-
14 Июль 2017
- Опубликовано 14.07.2017 15:03
Имсол аз зафарёбии Иттиҳоди Шуравӣ бар Германияи фашистӣ расо 72 сол пур мешавад. Ин падидаи таърихӣ барои мардуми собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ басо гаронарзиш аст. Дар тӯли 5 сол фарзандони фарзонаи ватан ҷон дар каф гирифта, барои ҳифзи хоки ватани азиз далерона ҷангиданд. Шабу рӯз бо шиками гурӯснаю тани афгор ба пеш мерафтанду дар майдонҳои ҷанг муқобили душманон мубориза мебурданд.
Агар саҳифаҳои таърих, бахусус таърихи советиро варақгардон намоем, воқеаву ҳодисаҳои замони ҶБВ чун оина дар пеши назар намуддор мешавад. Бо азобу машаққат ҷанговарони шӯравӣ дар муқобили фашистон истодагарӣ мекарданд. Қисми зиёди ҳамватанони мо ҳалок ва қисми дигарашон маҷрӯҳ гардида буданд. Ғами марги ҳамватан дар дилу дарди ҷонкоҳи тири душман дар бадан доштанд, вале ба қафо барнамегаштанд. Дар сина нанги ватандорӣ, ҳамеша ба сӯи пеш ҳаракат мекарданд. Он солҳо дар қатори мардон занҳо ҳам ба муқобили душманон ҷангиданд. Дар давоми 5 сол, сардии зимистону гармии тобистон, селу сангу тӯфон нагуфта меҷангиданду умед доштанд, ки душманро саркӯб карда ба ватан бармегарданд. Ин умедҳои неки онҳо амалӣ гашту онҳо ғолиб омаданд.
Солҳои кӯдакӣ, ки дар мактаби миёна таҳсил мекардам, ҳамасола рӯзи 9-уми май бо гулдастаҳои тару тоза ба сӯи боғи фарҳангию фароғатии «40-солагии Ғалаба» мешитофтем. Шодии мо, кӯдаконро ҳадду канор набуд. Дар саҳни боғ иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки дар қафаси синаи онҳо нишонҳои қаҳрамониҳояшон овезон саф кашида буданд, дар дили мо, кӯдакон орзуву умедҳои бузургро бедор мекарданд. Афсӯс, ки сол то сол шумораи ин қаҳрамонон кам гардиданд, вале ёди онҳо ҳамеша дар хотираҳо ҷовидонӣ мондааст.
Ёд дорам замонеро, ки модарам дар арафаи Иди зафар шиму кастюми бобоям, ки бо медалҳои бисёре оро дода шуда буд, омода мекард, то бобоям бо хотири болида дар маросими ҷашни ин рӯзи пирӯзӣ иштирок намояд. Он солҳо саломатии бобоям он қадар хуб набуд, вале ба хотири ин санаи барояш муҳим омодагӣ медид.
Агар боре ҳам ба назди пайкараи мармарини шаҳидони ҶБВ, ки дар қисмати болои боғи фарҳангию фароғатии ноҳия ҷойгир аст, рафта бошед, аз ду тарафи пайкараи аскари номаълум дар девораҳои сангин номи садҳо фарзонафарзандони ноҳия сабт гардидааст, ки дар давраи ҶБВ ҳалок ва беному нишон гаштаанд. Ҳар боре ба ин манзараи ғамангез менигарам, аз таҳи дил ба онҳо сухан мегӯям: “Шумо бенишон нахоҳед буд, зеро нишонаи каҳрамонии шуморо ҳамасола мо ҷашн мегирему дар қалбҳо ёди шуморо ҷовидонӣ нигоҳ медорем, мо насли ҷавони кишвар нишонае аз бенишонгаштагони ватан ва ворисони имрӯзу фардои онем, осуда бихобед, чун мо меросбарони номусу нанги Шумоем”.
Дар ҳақиқат ба қадри як рӯзе, ки онҳо аз сар гузаронидаанд, бояд расем. Онҳо ба хотири мо, ба хотири ватани азиз, ба хотири хоки муқаддаси ватан ҷон нисор кардаанд. Сина сипар кардаанд, то тири душман ба мо нарасад. Далериву шуҷоати онҳоро мерос бигирем ва барои ҳифзи ватани маҳбубамон ҳамеша омода бошем.
Суннатулло ФАЙЗУЛЛОЕВ,
сокини ноҳия.