ИҶТИМОЪ
ПЕШВОИ ХУДРО ДӮСТ ДОРЕМ
- Подробности
-
17 Март 2017
- Опубликовано 17.03.2017 15:44
Мо медонем, ки аз 25 соли соҳибистиқлолӣ қариб 10 солаш ба ором намудани тарафҳои муқобил ва барҳам додани хисороти ҷанг сарф шуд. Дар 15 соли охири даврони соҳибистиқлолӣ дар шаҳрдорию шароити зиндагии тоҷикон дигаргуниҳои куллӣ ба амал омаданд. Сохтмони манзили зисти шаҳрвандон ба 70 соли замони шуравӣ баробар шуд ва ҳатто аз он ҳам гузашт.
Барои ҳамин мо бояд ба тарбияи ҷавонон зиёдтар диққат диҳем. Онҳоро ба ободкориҳо сафарбар намоем. Ҷавонон ҳамин рӯзи Ватанро дида ба зиндагӣ баҳо медиҳанд. Мо бояд ба аҳли ҷомеа бифаҳмонем, ки ҳамаи ин пешравиҳо аз файзи Истиқлолият мебошад. Касе рӯзҳои даҳшатбори миллатро дида буд, бовар надошт, ки Тоҷикистон дар муддати кӯтоҳ ин қадар шукуфон мешавад. Худои меҳрубон ба мо як Сарвари диловар ва ҷасурро лоиқ дид. Ӯ моро ба ин пирӯзиҳо расонд. Хизматҳои Пешвои миллати тоҷикро ҳатто хориҷиён қадр мекунанд. Пешниҳодҳои Ҷаноби Олиро бисёр мамлакатҳои ҷаҳон хуш пазируфтанд.
Дар соҳаи илму маориф диққати махсус дода ба пешравиҳои назаррас ноил шудем. Аз ҷиҳати варзиш бошад, тоҷикон бо баланд бардоштани Парчами давлатӣ дар тамоми ҷаҳон шинохта мешаванд. Тамоми деҳаҳо соҳиби мактабҳои ба талабот ҷавобгӯ ҳастанд. Нақбҳо, роҳҳои ҳамвори мумфарш, сохтмони калонтарин неругоҳи дунё “Роғун” аз пешравиҳои чашмраси замони Истиқлолият мебошанд.
Бо шукргузорӣ аз Сулҳу Ваҳдат, оромию сарҷамъӣ, дигаргуниҳои ҳамарӯза бояд дар атрофи Пешвои миллат зичтар муттаҳид шавем, ҳар сухани ӯро ҳамчун дастур қабул кунем.
Шарофи Акобир,
сокини деҳаи Заркамар.