Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ДУРДОНАИ ХУШПАЙҚАДАМ

ДУРДОНАИ ХУШПАЙҚАДАМИшқу муҳаббат бузургтарину волотарин эҳсос аст, ки вақте дар қалби инсонӣ шӯъла меафканад, барояш миллат, мазҳаб, дурии роҳ, норозигии волидон бегонаю нодаркоранд. Дурдонаю Давлатро ишқу муҳаббати самимию заминӣ, аҳди содиқу меҳру вафо ба ҳам овард.

Дурдона зодаи деҳаи Дерзуди ноҳияи Рушон ва Давлат зодаи деҳаи Дараигӯсфандаки ноҳияи Файзобод. Ин ҷуфти муносиб 40 сол зиндагии ширин гузаронида, соҳиби ду гулдухтари нозанин – Муайянаю Отика шуданд. Соли 2000-ум ҳамсари меҳрубон Давлат бар асари бемории фишори хун аз олам гузашту Дурдонаи ба мағзи ҷон баробарашро танҳо гузошт. Имрӯз синни апаи Дурдона ба 78-солагӣ расидаю давлати пирӣ меронад.

Суҳбати мо бо ин зани нуронию дар пайроҳаи зиндагӣ обутобёфта сари як пиёла чой қариб се соат тӯл кашид. Мо мафтуни суханҳои гарму самимии ӯ гузаштани вақтро эҳсос накардем. Суҳбати моро бонуи хушодоб Зуҳро Ғаффорова, ҷияни Давлат шира медод.

Падари Дурдона ҳанӯз дар синфи 6 хонданаш вафот кардааст. Фавти  модарашро Дурдонаи ширхора дар ёд надорад. Онҳо панҷ нафар фарзандони падар барвақт «шаҳд»-и ятимиро чашидаю ҳангоми ба ёд овардани он солҳо апаи Дурдона ашки ҳасрати чашмонашро дошта наметавонист. Ӯро тағояш Назарбеков Лутфҳасан, ки солҳои зиёд раиси комиҷроия ва директори ятимхонаи ноҳияи Рушон буд, зери тарбияи худ гирифт. Ин марди фозил фарзанд надошт. Пеш аз Дурдона зану шавҳар ду ятимро низ ба фарзандӣ гирифта буданд. Бо паю қадами мубораки Дурдона дар хонадони тағояш пай дар пай 6 нафар фарзанд - се духтар ва се писар таваллуд шуданд. Онҳо Дурдонаи хушпайю қадамро баробари фарзандонашон дӯст медоштанд. Соли 1958 вақте ки ӯ мактаби миёнаро хатм карду нияти давом додани таҳсилро намуд, тағояш ба ӯ дуои нек дода насиҳат кард: «Духтарам, хуб хонда соҳибмаълумот шав. Рӯҳи поки падару модари номуродатро бо меҳнати ҳалолу номи некат шод бигардон». Бо дуои тағояш Дурдона бо як нафар ҳамсинфаш Лола Насриддинова ба Душанбе омада ба Институти хоҷагии қишлоқ ба факултети агрономӣ дохил шуданд. Дар гурӯҳи онҳо Давлат Қаландаров ном ҷавони ҷиддисимои файзободӣ таҳсил менамуд. Давлат донишҷӯи аълохон буду сардори гурӯҳ. Ҳамсабақон Лолаю Дурдонаро, ки онҳо миёнашон ду нафар духтар буданд, эҳтироми зиёд менамуданд. Хосса Давлат ҳамеша аз ҳолу аҳволи духтарон  хабардорӣ мекард, то андозае кӯмакашон менамуд. Дурдона ҳеҷ боварӣ надошт  ва пайхас ҳам намекард, ки муддати се сол Давлат ҳар қадами ӯро санҷидаю нияти ёри якумра интихоб карданашро доштааст, то даме, ки аз забони худаш ин суханҳоро нашунавид. Ва баъд сарфаҳм рафт ба нигоҳҳои ширину лутфу меҳрубониҳои аз ҳад зиёди Давлат. Давраи донишҷӯӣ онҳо тӯй шуданд. Пас аз хатми донишкада ҳарду ба деҳаи Дараигӯсфандак омада дар совхози Қалъаидашт ба кор оғоз карданд. Он солҳо дар мавзеи «Қалъаидашт» Дурдона аввалин бонуи илми олидор буд. Мардум ба мӯйҳои дарози то лаби домон, тоқии чоргул, ки бо куртаи атлас ба қади ӯ мезебид, ҳавас мекарданд. Модарони деҳа рӯирост мегуфтанд, ки мехоҳанд писарони онҳо низ чунин арӯси нозанину маълумотдор ёбанд.

Дурдона солҳои зиёд агроном, сарагроном, иқтисодчӣ, котиби озоди ташкилоти партиявии совхози Қалъаидашт буд. Бо  мардум ончунон унс гирифтаю  ба онҳо меҳру муҳаббат пайдо кард, ки шеваи гапзаниаш ба қавле кӯҳистонии файзободӣ шуд. Бадахшонидухтари кушодачеҳраю софдил тавонист дар муддати кӯтоҳ дили пайвандони шавҳар, ҳамдеҳагон ва ҳамкоронашро ба даст биорад.

- Бо шаш нафар директорони хоҷагӣ - Ашӯрмат Расулов, Абдулвоҳид Назиров, Тӯрахон Шоев, Садриддин Ғиёсов, Сироҷ Зокиров, Маҳмад Сафаров кор кардаам, - мегӯяд апаи Дурдона. Ҳамаи роҳбарон чашмикордону серғайрат буданд. Аз Ашӯрмат Расулов, ки асосан зодаи Ғозималик буд, хеле миннатдорам. Ӯ чун роҳбар медонист, ки ман кадри ҷавонаму бар зами ин аз Бадахшон. Мардуми мо бо урфу одаташ аз мардуми инҷо фарқ мекунад. Сари ҳар қадам насиҳат медод, ки бо мардум наздик бошам, худро бегона нагирам, ба баъзе сухану душвориҳои андак руҳафтода нашавам. Насиҳатҳои оқилонаю падаронаи роҳбари хоҷагӣ нигоҳи Дурдонаи ҷавонро ба зиндагию кор равшантару гармтар намуд. Ӯ монда нашуда шабу рӯз кор мекард. Худ, ки азоби ятимиро кашида буд, тифлаки хоҳари ҳамсарашро, ки 20-рӯза аз модар ятим гардид, ба тарбияаш гирифт. Имрӯз Кимхо Қаландарова он тифлаки соҳибмаълумоту соҳиби фарзандони баркамол аз янгаи азизаш миннатдор аст.

Дурдона Искандарова дар давраи фаъолияти кориаш қариб 10 даъват вакили маҳаллӣ, машваратчии халқӣ интихоб гардида буд. Хизматҳои софдилонаи ӯ бо медали «Ветерани меҳнат», ифтихорномаҳою мукофотҳои зиёд қадрдонӣ гардидааст.

…Он рӯзе, ки ҳамсари азизаш Давлат Қаландаров вафот кард, дунё ба назари Дурдона чун шоми зимистон сарду торик гашт. Аммо шикасти тақдирро ба хотири фарзандонаш мардонавор таҳаммул кард. Имрӯз дар ҳалқаи пайвандон дар деҳаи Дараигӯсфандак ба тарбияи ҳафт нафар наберагонаш, ки якҷоя бо онҳост, машғул аст. Ифтихор мекунад, ки чор нафари онҳо – Фаридаю Фирӯза, Шамсияю Фараҳноз соҳибмаълумотанд. Аз домодаш Иноятулло Раҷабов, ки ӯро чун писар дар хонадонаш қабул намудааст, миннатдор аст, ки модарвор ҳурмату эҳтиромаш мекунад.

Дурдона Искандарова бо сабри азалию иродаи оҳанин ҳамаи садҳои зиндагиро дар хатти тақдир бартараф карда, имрӯз дар ҷомеа мақоми шоиста дорад. Месазад, ки аз зиндагиномаи ӯ дарси ҳаётӣ биомӯзӣ.

Т.МУНАВВАРА.