ИҶТИМОЪ
САНЪАТИ ФАЙЗОБОД БЕҲТАРИН ҲИСОБИДА ШУД
- Подробности
-
02 Сен 2016
- Опубликовано 02.09.2016 09:22
Файзобод дар даври аввали Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии эҷодиёти халқ “Андалеб-2016” дар миёни 67 шаҳру ноҳияи Тоҷикистон қатори 10 шаҳру навоҳӣ ба даври ҷамъбастии озмун роҳхат гирифт.
Давоми ду моҳи пас аз баргузории даври аввали фестивал ҳаваскорони санъати ноҳия барномаи озмунии худро мукамалтар гардонда, дар асоси эродҳои доварон чеҳраҳои нав дарёфт намуданд.
Бояд зикр кунем, ки дафъаи аввал нест, ки санъаткорони ноҳия дар чунин озмунҳои сатҳи ҷумҳурӣ ғолиб омада бошанд. Онҳо ҳамеша аз се як ҷои ифтихориро соҳиб мешаванд.
Ин дафъа ҳам умед калон буд. Ва боварӣ баҷо омад. Бегоҳи 18-уми август дар Филармонияи давлатии Тоҷикистон ба номи Акашариф Ҷӯраев консерти озмунии санъаткорони ноҳия аз рӯи даҳ шарт, ғайр аз намоиши ҳунарҳои мардумӣ, баргузор гардид. Толор, ки беш аз ҳазор ҷои нишаст дорад, лаболаби тамошобин. Мухлисон бештар аз ноҳия буданд.
Аз оғози намоиш аён гардид, ки санъаткорони бо тайёрии пухта омада табъи тамошобинонро хуш мегардонанд ва бо баромадҳои ҷолиби хеш доваронро мафтун мекунанд.
Ҳар баромади озмунӣ бо кафкӯбиҳои пурмавҷу илҳомбахш анҷом мегирифт ва баҳои доварон ба ҳунармандону тамошобинон хуш меомад. Эроди ҳайати ҳакамон дар хусуси ноҷӯрии асбобҳои мусиқӣ ва иҷрокунандагон беҷо набуд.
Дараҷаи болои холҳо, ки “10” муқаррар шуда буд, камтарин баҳои ҳакамон аз 8 паст нафуромад. Суруди “Оли Сомон”, шеъри Усмон Шарифзода, иҷрокунанда Бахтиёр Исмоилов; лапари “Ҷилваи сабадбоф”, шеъри Ҷӯрабек Муъмин, сароянда Ҷаҳонгул Аслонова; навозиши Акрамшоҳ Қурчиев бо най нуҳхолӣ ба даст гирифтанд. Рақси “Гулбез”-и хонандаи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 41 Хушбӯ Ҳамидзод, саҳначаи ҳаҷвии студияи “Шаҳрошӯб” ва сюитаи овозию рақсии “Тоҷикистон – тоҷи номусу шараф” (шеърҳои Бозор Собир, Муҳиддин Фарҳат ва Ҷӯрабек Муъмин, оҳангсоз Абубакр Гулонов, коргардон Ҷаҳонгул Аслонова) сазовори 10-холӣ шуданд.
Доварон, хусусан раиси онҳо олими суханшинос Равшан Раҳмонӣ баромади санъаткорони моро назар ба намоиши дигар шаҳру навоҳӣ фарқкунанда ҳисобид.
Ҳамин тавр санъаткорони Файзобод дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионӣ 100,6 хол ба даст оварда бо санъаткорони ноҳияҳои Синои пойтахт ва Тоҷикобод ҷои аввалро соҳиб шуданд.
Равшан Раҳмонӣ, раиси доварон, иштироки раиси ноҳия, узви Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Тоҷикистон Раҷабзода Миралӣ ва Шоири халқии Тоҷикистон Бозор Собирро дар тамошои консерти мазкур нишони қадрдонии санъату фарҳанг ва ҳунари санъаткорони ноҳия донист.
М.ТАЛЪАТ.