Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

85 СОЛИ НОБИНОӢ

Бибии Ҳикоят Ганҷараева то 6-солагӣ чашми бино дошт. Замоне ба сари кӯдакони деҳаи онҳо офате омад. Хона-хона кӯдакони хурдсол гирифтори бемории “гул” мешуданд. Ду нафар бародарони азизи бибии Ҳикоят аз набудани дорую дармон аз ин беморӣ фафтиданд. Ҳикоят ҳам гирифтори ин бемори шуда, зинда монд, аммо аз асари беморӣ аз ду дидаи бинояш маҳрум шуд. Ва қариб 85 сол мешавад, ки дарди ин бемориро, ки баробари азоби ҷон кандан барояш метобад, мекашад. Маҷруҳи гурӯҳи якум аст.

Бибии Ҳикоят панҷ соли охир бемори бистарист. Дилаш мехоҳад, ки бемалол берун барояд, як дам нафаси тоза бигирад. Ӯро хоҳараш ва келини биҳиштии хонадон Гулрӯ кӯмак мекунанд, лек нороҳат аст. Ба наздикӣ аз тарафи роҳбари ташкилоти нобиноёни ноҳия И.Сафаров ба ӯ аробачаи маъюбӣ ёрмандӣ карда шуд.  “Шумо мани нобиноро хурсанду ёрмандӣ кардед, Худованд шуморо хурсанду ёрмандӣ кунад”- бо дастони ларзон даст ба дуо боло мекунад бибии Ҳикоят. Мо низ ба дуои бибии 91-сола шарикем, зеро: “Дил чу биност, чи ғам дида агар нобиност”.

   

  Т.МУНАВВАРА.