ИҶТИМОЪ
Зулфизар ШАРИФОВА: ИСТИҚЛОЛИЯТ ҲАДЯИ НОДИРЕСТ БАРОИ МО, БОНУВОН
- Подробности
-
20 Сен 2016
- Опубликовано 20.09.2016 11:42
Зулфизар Шарифова зодаи ноҳияи Тоҷикобод аст. Бо ҳукми тақдир аз соли 1991 айни оғози ҷанги шаҳрвандӣ ба Файзобод омада, то ҳол пайи касби пуршараф – ҳифзи саломатии мардуми диёр мебошад. Чанде пеш ин бонуи матину қавиирода, ки солҳои ҷанги шаҳрвандӣ шоҳиди нобасомониҳои зиёдест, меҳмони идораи мо гардида, чанд лаҳзаеро аз солҳои аввали Истиқлолияти кишвар ашк дар чашмон ёдоварӣ намуд:
-Коллеҷи тиббии шаҳри Душанберо хатм намуда чор сол дар беморхонаи ноҳияи Ҳисор, панҷ сол дар беморхонаи ноҳияи Тоҷикобод ва аз соли 1991 то инҷониб аввал дар беморхонаи марказии ноҳия пасон дар бунгоҳи тиббии деҳаи Файзобод кор карда истодаам. Тақдир маро бо Сангинмурод Ҳалимов ном ҷавоне аз деҳаи Файзобод пайвасту ман муқими ин ноҳияи биҳиштосо гардидам. Соҳиби ду фарзанди нозбӯ – Мадинаҷону Насимҷонам. Сад афсӯс, ки сарнавишти талхе насиби ман гардид. Ҳанӯз аз лаззати зиндагию ҳаёти ширин сер нашуда падари фарзандонам хеле ҷавон вафот кард. Ду кӯдаки хурдсол дар бағал ба қавле “дар диёри мардум” танҳо мондам. Кӯдакии фарзандони ман дар даврони нотенҷӣ, айни даргириҳои ҷанги шаҳрвандӣ рост омад. Ба душвориҳо нигоҳ накарда бо духтур Фирӯза Шарифова шабу рӯз, деҳа ба деҳа пайи шифои беморон будем. Ҳар рӯз пеши назари мо силоҳбадастон бегуноҳеро мепарронданд, мардумро безобитаю истинтоқ мекарданд. Лаҳзаеро як умр фаромӯш намекунам ва то ҳол бо ба ёд овардани он ба ҳаяҷон меоям. Он шаб фарзандонам дар хоби ноз буданду ман аз тарси садои тири силоҳбадастон, ки деҳаро паноҳгоҳи худ интихоб карда буданд, хоб аз чашмонам парида буд. Садои дағали мардона “э духтурзанак, тез ба берун баро” маро қариб дилкаф намуд. Ҳанӯз аз ҷой нахеста онҳо ду нафар вориди хонаи хоби мо шуданд. “Кӯдаконатро мону ҳамроҳи мо ба Лолагӣ меравӣ. Онҷо арӯси мо таваллуд мекунад”- фармон доданд, меҳмонони нохонда. Мехостам, ки танҳо будани ҷигарбандонамро сабаб нишон диҳам. Лек он лаҳзаҳо гӯё онҳо гӯши шунавою чашми бино надоштанд. Байни кӯдаконам пораи нонеро гузоштаму ноилоҷ бо онҳо ба Лолагӣ рафтам. Он ҷо арӯс дар ҳолати вазнини таваллудкунӣ қарор дошт. Маълум шуд, ки ин духтараки муштипарро маҷбурӣ аз Шаҳринав оварда буданд. “Аз ин шармандагӣ мурданам беҳтар аст, тифл дар бағал”- мегуфт ӯ. Субҳидам маро ба хона оварданд. Фарзандонам ҳанӯз аз хоб нахестаю аз азоби шабзиндадории ман хабаре ҳам наёфтанд. Умуман қариб ҳар рӯз силоҳбадастон бо зӯрию дағалӣ моро маҷбур мекарданд, ки либосҳои онҳоро шӯстушӯ кунем, ба онҳо хӯрок пазем...
Имрӯз ҳаёти хушбахтонаамонро дида шукрона мекунам, ки ба чунин рӯзҳои нек расидем. Истиқлолият ба мо хушбахтӣ ато кард. Он чун ҳадяи нодири сарнавишт насибамон гашт. Бояд мо, занони хушбахту хуштолеи кишвар ба қадри озодӣ, баробарҳуқуқӣ, зиндагии ширин бирасем. Зеро Истиқлолият пеш аз ҳама ба мо, занон барои расидан ба саодати ҳамешагӣ шароит муҳайё кард.
М.ТАҒОЕВА, хабарнигори “НФ”.