Сб11232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ЗИНДАГИРО АЗ ТЕАТР МЕЁБЕД

Театр инсонро комил мегардонад. Он воситаи пуриқтидортарини таъсиррасонӣ ба тафаккури инсон аст, ба ин маънӣ, ки одам худро дар саҳна дида, рӯйдодҳои зиндагиро муқоиса менамояд. Васеътар гӯем, театр одамонро ба ҳам меорад, ба онҳо маслиҳат медиҳад, ёрӣ мерасонад, аз воқеоти зиндагӣ огоҳ месозад, вафодориву зиндагонии поки инсониро талқин менамояд.

Театр аз қадимтарин намуди санъат ба ҳисоб рафта аз калимаи юнонии театрон гирифта шудааст.

Хушбахтона, масъулини шуъбаи фарҳанги ноҳия соли 1978 бо манзалату мақоми театр арҷ гузошта, тибқи қарори маҷлиси мушовараи Вазорати фарҳанг дар заминаи қасри фарҳанги ноҳия театри халқиро таъсис доданд. То ин дам ҳаваскороне, ки дар вуҷудашон нақшофарӣ ҷӯш мезаду завқи дар саҳна бозӣ карданро доштанд, кам набуданд ва маҳз онҳо сабаб шуданд, ки театри халқии ноҳия созмон дода шавад. Ҷӯрабек Шарифов (рӯҳашон шод бод), Оиша Сиярова, Мирзо Сатторов,Қиёмиддин Чақалов аз қабили онҳоянд. Насли дигари кормандони қасри фарҳанг, ки солҳои ҳаштодуми асри гузашта ҳунарнамоӣ мекарданд, дар устувор мондани пояи театри халқӣ саҳми беандоза доранд. Бародарон Раҷабмурод ва Дӯстмурод Алиевҳо, Саид Муродов, Нусрат Салимов, Сония Муродова, Ғалатмоҳ Ашӯрова, Абӯбакр Гулонов, Исматулло Мирзоев, Муътабар Хайриддинова, Ҷамила Зоирова, Фатҳулло Сайфуллоев аз ҳамин ҷумлаанд.

Хизмати босазои шахсони номбаршуда буд, ки намоишномаҳои “Роҳи сафед”, “Кадӯшоҳ”, “Уқоби қавибол”-и Ҳоҷӣ Содиқ, “Эшони Иллоанта”-и Абдусалом Атобоев, “Бори каҷ”-и А.Муҳаммадҷонов, “Ишқи араб”-и Мериме, “Қарзи виҷдон”-и С.Сафаров ва ғайра дар таҳияи Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Қиёмиддин Чақалзода, мутахассисони соҳа Исматулло Мирзоев, Фатҳулло Сайфуллоев рӯйи саҳнаи театри халқӣ омаданд. Намоишномаи “Уқоби қавибол”-и Ҳоҷӣ Содиқ дар озмуни ҷумҳуриявии театрҳои халқӣ ҷойи аввалро сазовор гардид. Рӯйи саҳна овардани ин намоишнома заҳмати зиёди устод Қиёмиддин Чақалзодаро талаб кард. Чунки он вақт мутахассисони дорои маълумоти олӣ хело кам буданд, декоратсияву рейквизатҳо намерасиданд. Меҳнати шабонарӯзии Чақалзода буд, ки театри халқии ноҳия дар сатҳи ҷумҳурӣ обрӯю манзалати худро баланд бардошту соҳиби мукофотҳо гардид.

Муваффақиятҳои бадастомадаро ба Музаффар Малангов, Фатҳиддин Нуров, Хайринисо Юсупова, Рустам Қурчиев, Ҷаҳонгул Аслонова, шодравон Маҳмадназар Аминов низ нисбат додан меарзад. Ба туфайли фидокории ҳамин насли ҷавон “Бод”-и Хусрави Шоҳин, “Афсонаҳои мӯйсафед”-и Н.Абдуллоев, “Хоҷанавпараст”-и М.Миров, “Аз ҳавас то фоҷиа”, “Надомат”, “Қисмати талх”, “Дилозурда машав, модар”-и Ҳабибуллои Мирзошариф дар коргардонии Ҳунарманди халқии Тоҷикистон Қиёмиддин Чақалзода ва Арбоби ҳунари Тоҷикистон Абдулҳафиз Қодирӣ  рӯйи саҳна омаданд.

Театри халқии ноҳия соли 2003 бо намоишномаи “Фоҷиаи домангир”-и Иноят Насриддин, коргардон А.Қодирӣ, солҳои 2007 ва 2013 бо намоишномаҳои “Аз ҳавас  то фоҷиа” ва “Надомат”-и Ҳабибуллои Мирзошариф, коргардон Қиёмиддин Чақалзода дар озмунҳои ҷумҳуриявӣ ба гирифтани ҷойи якум мушарраф гардид.

Соли 2000 дар ноҳия таъсис ёфтани театр-студияи ҳаҷвии “Шаҳрошӯб” падидаи наве буд дар фазои фарҳангии ҷумҳурӣ. Ин гурӯҳи хурди ҳаҷвнигорон бо сароидану офаридани саҳнаҳои ҳаҷвӣ тавонистанд ба зудӣ дар сатҳи ҷумҳурӣ тамошобини худро пайдо кунанд. Саҳнаҳои офаридаи онҳо “Дузанӣ”, “Оби тоза”, “Хизмат”, “Тухми будана”, “Танзим аз нигоҳи шумо”, “Зангирӣ”, “Аллаи мардона”, “Худоиҷон-худоӣ” мақбули дӯстдорони театр гардид. Дар ин кори хайр хизмати арзандаи Корманди шоистаи Тоҷикистон устод Ҷӯрабек Муъмин бе ҳадду ҳисоб аст.

Имсол театр-студияи “Шаҳрошӯб” дар Фестивал-озмуни ҷумҳуриявии телевизионии “Биё, бо ҳам бихандем” дар даҳ шарти озмун ба гирифтани холи аз ҳама баланд сазовор гашта соҳиби туҳфаҳои моливу пулӣ гашт. Ногуфта намонад, ки дар шаҳру ноҳияҳои кишвар, ба ҷуз маркази вилоятҳо, театр-студияи ҳаҷвии “Шаҳрошӯб” ягона аст.

Заҳматҳо зиёданд. Вале подоши онро аз ҷониби тамошобин хело кам мебинем. Гап сари он аст, ки намоишномаҳо як ё ду бор дар доираи низомномаҳои озмун пешкаши тамошобин мегардаду халос. Хуб мешуд, ки аз тарафи масъулини ташкилоту муассисаҳо ташрифи коллективона ба театр сурат мегирифт. Театр аз ҷиҳати молиявӣ пурқудрат бошад, саҳнаҳояш ҷолибтару майдони офаринишаш васеътар мегардад.

Пас, ба театр биёед ва аз тамошои намоишномаҳои ҷолиби диданӣ баҳраманд гардед.

Ҳабибуллои  Мирзошариф,

мудири бахши фарҳанги ноҳия, узви Иттифоқи рӯзноманигорони Тоҷикистон.