Ср12042024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ХАТИ СИЁҲ

“Хати сиёҳ” ибораи солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ (дар забони бобою бибиҳо “Ҷанги Гирмон”) аст. Ин ифода замоне пайдо шуд, ки фиристодаҳои кишвари мо, аз ҷумла фарзандони Файзобод дар муҳорибаҳои шадиди зидди душман ба ҳалокат расиданд. Худи калимаи “ҷанг” ҳамаро – хурду бузургро, хусусан модаронро ба тарсу ҳарос оварда буд. Ҷавонмардон, шаҳбачаҳои ҳанӯз гармии ҷогаҳи домодиро надида бо аввалин даъватномаи комиссариатҳои ҳарбӣ ба ҷанг раҳсипор мешуданд. Ҳамарӯзаю ҳамеша маросими гусел бо ашки дидаю ҳасрату оҳу шеван ба поён мерасид. Дасти дуо фақат як маънӣ дошт: “Худованд аскарбачаҳоро дар паноҳи худ бигираду баъди ғалаба сиҳату саломат баргарданд.” Магар ҷанг беқурбонӣ мешавад? Дар моҳҳои аввали оғози ҷанг ба ақибгоҳ хабарҳои шум мерасиданд. Душман девонавор сарзамини моро рахна мекарду тару хушкро оташ мезад. Ҳазорҳо ҷони зинда қурбони ҷанг мешуд. Ва аз хусуси ҳалокшудагон “хати сиёҳ” меомад. Чӣ хабари даҳшатноке буд “хати сиёҳ”. Хаткашонҳо, намояндагони ҳукуматҳои маҳал ин хатро “бо тарсу ҳарос” ба падару модарон мерасонданд. Хеле мушкил буд ин кор. Охир, чашми одамон сих мезад, ки чаро хатбиёр зинда асту фарзанди ӯ дар ҷанг ҳалок шудааст. Ҳамин хел ҳам мешуд, ки хабари “хати сиёҳ” чанд рӯз дар даҳони аҳли деҳа “гирд” мегашту баъд ба гӯши фарзандгумкардаҳо мерасид. Ин тарзи хабаррасонӣ аз хатбарӣ дида хеле сабуктар меафтод.
Дар бадали чор соли давомоти Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз Тоҷикистон 260 ҳазор одамон, бештарашон ҷавонони то 30-сола, аз ин шумора беш аз 16 ҳазор нафар аз Файзобод, ба ҳифзу ҳимояи Ватан рафтанд. Аз фиристодагони Файзобод 618 нафарашон дар набардҳои хунини зидди Германияи фашистӣ ҳалок гардиданд. То рӯзҳои ҳалокат номи онҳо аз гӯшаҳои чангзадаи Руссияи муқтадир номаҳои сегӯша мерасид, ки боиси хурсандии ҳамдеҳагон мегардид. “Хати сиёҳ” бошад, хонаводаҳоро гирифтори ғаму андӯҳ мегардонд. Аз шумораи умумии фиристодагони Файзобод 500 нафар беному нишон шуданд. Табиист, ки ба номи бисёри онҳо низ “хати сиёҳ” омад.
Аз Ватан дур гарчӣ бисёр аст,
Зиндаю мурдаи ба ному нишон.
Лек осон набуду осон нест,
Аз Ватан дур мурдани мардон.
“Хати сиёҳ”-и ҳамон солҳо қомати чун алифи даҳҳо нафар модарони Файзободро шикаст, қади чун сарв рости даҳҳои дигарро хам кард, гули мақсуди арӯсони нозанинро пажмурда гардонд, аз умри падару модарони аламзада даҳсолаҳояшро ба бод дод. Даҳҳою садҳои дигар хунчакону ҷигарбирён то рӯзи вопасин чашми умед аз роҳи фарзандон барнагирифтанд. Ҷамъомади хеле бошукӯҳи маркази ноҳия дар санаи 9 майи соли 1985 ба ёд меояд. Ин ҷамъомад ба шарафи ”40-солагии Ғалаба” ном гирифтани боғи маркази ноҳия доир гардида, садҳо нафар иштирокчиёни ҶБВ, ҳамчунин падару модарони қурбониёни ҷангро сарҷамъ карда буд. Роҳбари вақти ноҳия, котиби райкоми Файзобод Қарақулов Амир Бӯриевич (равонаш шод бод) пас аз суханрониҳои пурмуҳтаво ба забонҳои-тоҷикию русӣ ба сокини деҳаи Кабкрез Соҷидаи 91-сола сухан дод. Ин модари мушти пар, ки аз ғаму дарди се писар “заминбӯс” шуда буд, назди баландгӯяк омад ва аз дил нидо баровард: “Ҳеҷ гоҳ ҷанг нашавад!!!” Кампири бечора дар ин син дигар чӣ ҳам гуфта метавонист?! Як даҳон гапи ӯ, ба андешаи мо, барқвор ба дилҳо расид. Зеро он хитобаи андӯҳи чилсола буд. Кампири Соҷида аз се писар-Бобоёр, Худоёр ва Бобохон “хати сиёҳ” гирифта буд. Бачаҳои кампири Соҷида хурдиаш 19, калониаш 26 сол дошт. Онҳо пайи ҳам ба ҷанг рафта, дар тақдири бади кампир, ягон нафараш барнагашт. Ва ҷавонзани дар солҳои ҷанг 45-сола мудом суруди ғамангези “Бачамой”-ро мехонд. Шоири зиндаёди хатлонӣ Саидҷон Ҳакимзода аз забони модарон ҳамин гуна аламро суруда буд:
Як ҷавони нозанин аз ҷанги Гирмон барнагашт,
Як ҷаҳони орзуву ишқу армон барнагашт.
Чӯҷаи гунҷишк не, фарзанди инсон барнагашт,
Кам намегардад даме аз дил суруди бачамой.
Аз сокинони Файзобод кампири Соҷида ягона набуд, ки се писар гум карда бошанд. Худобиомӯрзи Иброҳим Салимов, яке аз шахсиятҳои хизматкардаи диёр, нақл мекард, ки солҳои ҷанг аз панҷ писари сокини деҳаи Себистон Сафар Шер “хати сиёҳ” омад. Модари бачаҳо-Санавбари парирӯ аз ғами фарзандон дер напоид, бори гарони дарду ҳасрат ӯро бармаҳал аз пой афтонд. Ному нисаби бачаҳои кампири Соҷида (рӯҳашон шод бод) ва писарони Сафар Шер дар пояи муҷассамаи ёдгории боғи “40-солагии ғалаба” қатори 608 нафар қурбониёни ҷанг сабт шудааст.
Соле, ки (1985) дар боғи марказӣ тахтасанги барқади ёдгориро гузоштанд, беш аз 400 нафар иштирокчиёни ҷанги ҳамдиёри мо дар қайди ҳаёт буданд. Аксарияташон, онҳое, ки қуввату дармону пойи равон доштанд, дар тантанаҳои ҷашни Ғалаба ширкат меварзиданд, аз хотираҳои хеш ҳикоят менамуданд. Акнун, дар бадали сӣ соли рафта, аз онҳо ҳамагӣ 13 нафар барҳаётанд, ки барҷомонда буда, рӯзҳои охири умри хешро мешуморанд. Шукри ҷонашон! Шукри ҳамаи онҳое, ки дар набардҳои хунини Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҷонбозиҳо карданд, то бар душмани ғаддор пирӯз шаванд, ва хоки муқаддаси худро пок нигоҳ доранд. Онҳое, ки аз фронт баргаштанд, худро ба фронти меҳнат, ҷабҳаи мардонагию ободкориҳои Ватан заданд ва ба халқу диёр арзанда хизмат намуданд. Ногуфта намонад, ки нашрияи ноҳияи Файзобод давоми 45 соли мавҷудияти худ корнамоиҳои иштирокчиёни ҶБВ-ро рӯйи саҳифа меорад,то насли имрӯза аз таърих, аз муборизаҳои падару бобоён баҳри зиндагии осоишта огоҳ шаванд, дарси ибрату мардонагӣ омӯзанд.

 

ҶӮРАБЕК МУЪМИН.