Ср12042024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

БЕМАЗҲАБӢ БА ГУМРОҲӢ МЕБАРАД

“Ҷумҳурии мо ҳамчун кишваре, ки беш аз навад фоизии аҳолиаш мусулмон аст, ҳаргиз наметавонад суннатҳои исломиро пеши по занад. Баръакс, мо равобити тарфайнро бо давлатҳои мусулмони Шарқ торафт густариш дода, ҳамбастагии мазҳабӣ таърихӣ ва фарҳангиро тақвият мебахшем.”


Эмомалӣ Раҳмон

Соли 2009 дар Тоҷикистон соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон ва дар сатҳи баланд таҷлил карда шуд, ки ин ҳамнишони тавҷҷуҳи хайр ва одилона ба мазҳаб ва соҳибмазҳаб мебошад. Мазҳаби Имоми Аъзам давоми асрҳои зиёд дар байни мардуми мусулмони кишварҳо, аз ҷумла Осиёи миёна, Руссия, Туркия, Ҳинду Покистон густариш ёфта, барои ваҳдату ягонагии халқу миллатҳои гуногун хизмати арзанда мекунад. Тибқи мазҳаб амал кардан аз қадимулайём сабаби пайдо нашудани ихтилофот буда, ҳамеша ба иттиҳоди ҳамбастагии мусулмонон аз ҷумла Тоҷикистониён мусоидат намудааст.
Имрӯзҳо ҳар кас мехоҳад дар масҷидҳо озодона намозу рӯза ва ибодаташро ба ҷо орад, яке аз рукнҳои муҳими ислом адои фаризаи ҳаҷро амалӣ  намояд. Ҳамаи ин неъмати бузурги Парвардигор аст, ки шукронаи онро ба ҷой овардан лозим аст. Чуноне, ки Худованд дар Қуръони карим дар сураи Иброҳим, ояи 7 мефармояд:
“Он вақт, ки Парвардигори шумо хабардор сохт ба он неъматҳое, ки ман ба шумо ато намудам шукрона кунед ва онро пос доред, ман ҳамон неъматҳоро афзун мегардонам.” Мо шукронаи неъматҳои додаи Худовандро ба ҷо меорем. Яке аз ин неъматҳои илоҳӣ зиндагони осудаи мардуми тоҷик дар шароити сулҳу ваҳдат, тинҷиву амонӣ, андеша ва афкори шахсӣ ва озодии дину виҷдон мебошад.
Ҷои таассуф аст, ки солҳои охир дар байни ҷомеаи мо аз ҷониби як гурӯҳ ҷавонон тарғиби бемазҳабӣ ё пайравии кӯр-кӯрона ба ҷамъияту ҳаракатҳои ихтилофангез, ки аз номи поки дини ислом мехоҳанд баранд ба назар мерасад. Инчунин, дар бораи мазҳаб, соҳибмазҳаб муттаҳид, соҳибфатво ва китобҳо оид ба мазҳаб беэътиборӣ ва беэҳтиромӣ бо ҳадафҳои маълум табиқ мешаванд, ки барои ҷомеаи мо хатар эҷод менамояд.
Баъзеҳо мазҳабро эътироф намекунанд ва бо хондани як ду ҳадис ба ин ё он амали диниву ибодатӣ фатво медиҳанд. Ҳол  он ки барои фатво додан танҳо фақеҳ ва муҷтаҳид ҳақ дорад. Бо илими кўчак тафсир кардани китоби Худованд ва аҳодиси набавӣ мумкин нест.
Мазҳаб дар луғатҳо ба маънои роҳ, равия, ҷараёни зикр шудааст. Бо маънои дигар мазҳаб чаҳорчӯба ва роҳи муайян аст. Дар истилои илми фиқҳ  бошад, мазҳаб маънои мактаби ҳуқуқиро дорад. Дар таърихи ислом равия, фирқа ва таълимоти гуногун арзи ҳасти карданду бо сабабҳои мухталиф аз байн рафтанд, лекин мазҳаби чаҳоргонаи аҳли суннат ва ҷамоат чандин садсолаҳо побарҷо буда, пайравони зиёде дорад. Дар замони паёмбари ислом (с) ба ягон мазҳаб эҳтиёҷе набуд, чунки ҳар масъалае, ки ба вуҷуд омад, худи паёмбар дар асоси Қуръон онро шарҳу баррасӣ менамуданд. Баъди замони паёмбар, ки дини ислом дар шарқу Мисру Африқо, Мовароуннаҳру Хуросон доман паҳн намуд, эҳтиёҷ ба мазҳаб пайдо шуд.
Ислом дар давраи паёбар (с) фақат дар Ҳиҷоз, як қисми шом, Яман ва Миср амал мекард. Мардуми он маконҳо, ки урфу одати эшон ба якдигар хеле наздик буд, асосан пайрави як роҳ будунд. Бо мурури замон аҳкому аркони динни мубини ислом интишор ёфт ва паҳн гашт. Вақте, ки аҳкоми дини ислом ба мамолики Африқо, Осиёи Шарқи, Индонезия, Малайзия ва Осиёи марказӣ то ба Сибиру Қафқоз доман паҳн намуд, ҳар як халқу миллат урфу одат ва расму оини худро дошт, ки нуқтаи назари онҳо нисбати аҳкоми дин хоҳу нохоҳ аз ҳамдигар фарқ мекард, ки ба пайдо шудани бисёрмазҳабӣ оварда расонд.
Хушбахтона бо шарофати сиёсати хирадмандонаи сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва истиқлолияти кишвар чандин китобҳои динӣ аз ҷумла: Қуръони Карим, Саҳеҳи бухорӣ ва дигар китобҳои фиқҳӣ бо хатти ниёгон ва хатти кирилӣ дастраси мардум гаштааст, ки онҳоро хондану тибқи он амал кардан боиси саодатманди ва огоҳии ҷомеа гашт.
Мазҳаби ҳанафӣ халқу миллатҳои гуногуни ҷаҳон тоҷик, узбек,турк, қазоқ, қирғиз, пашту ва дигар миллатҳоро ба ҳам муттаҳид менамояд. Танҳо пайравии мазҳаби таҳаммулгаро ва таҳаммулпазири Имоми Аъзам матавонад, ки ваҳдати эътиқодиро таъмин намояд. Бемазҳабӣ ба гумроҳӣ мебарад. Тартибу низом дар ибодат ба шарофати мазҳаб зебо аст.


Сайдаҳмад ВОҲИДОВ,
    мудири бахш оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои
миллии назди мақомоти иҷроияи  ҳокимияти давлатии ноҳия.