Ср12042024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ПОШХӮРИИ ОИЛАҲОРО ПЕШГИРӢ БОЯД КАРД

Рӯзи душанбе, 4 майи соли равон  дар толори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, маҷлиси назоратии раиси ноҳия  бо иштироки роҳбарону масъулини соҳаҳо   доир гардид. Иҷрокунандаи вазифаи  раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ дар аввал масъалаҳои ба муҳокимаи маҷлиси  назоратӣ  пешниҳодшударо  баён  намуд.
Мудири бахши кор бо занон ва оилаи назди мақомоти иҷроияи ҳокимияти  давлатии ноҳия  Г. Халифаева сари масъалаи сабабҳои пошхўрии  оилаҳои ҷавон дар ноҳия гузориш дод.
- Оила як мафҳуми  муқаддасест, ки дар он рӯҳ, ҷон ва тани зан, шавҳар ва фарзандон оромиш меёбад ва он лонаест, ки паноҳгоҳи як узви оила мебошад. Пошхӯрии оилаҳо масъалаҳои доғи ҷомеа буда, нишондиҳандаҳои оморӣ дар ин самт нигаронкунанда мебошанд. Таҳлилҳо нишон медиҳанд, ки омилҳои вайроншавии оилаҳо ин омода набудани ҷавонҳо ба ҳаёти оилавӣ, паст будани сатҳи дониши онҳо, надонистани ҳуқуқҳо ва ӯҳдадориҳои хеш ба сифати ҳамсар ва аъзои оила, дахолати хешу табор, бемасъулиятии волидайн ва ҷавонон нисбат ба ташкил ва нигаҳдории оила, хусумати оилавӣ, таваллуди фарзандони носолим ҳангоми издивоҷи хешу табор, нашъамандӣ ва майзадагии ҷавонон, муҳоҷирати меҳнатии мардон, бемории яке аз ҳамсарон ва дигар номгӯйҳо ба шумор мераванд. Мо метавонем дар якҷоягӣ   болоравии ин зуҳуроти номатлубро коҳиш диҳем, -иброз намуд зимни суханронии худ Г. Халифаева.
Сипас  ӯ атрофи чорабиниҳои  таҳия намудаи  бахш  дар ин самт  ҳарфзада, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки дар амалӣ кардани онҳо якҷоя кўшиш намоем.
Раҷабзода М барои боз ҳам ҷоннок намудани кор баҳри пешгирии  пошхӯрии  оилаҳо   дар ноҳия,  ба масъулин дастуру супоришҳо  дод.
Ҳамчунин дар маҷлис раиси ноҳия барои дар муҳлати муайяншуда, анҷом додани бунёди боғҳо ва киштукорӣ баҳорӣ, хусусан кишти картошка сардори раёсати кишоварзӣ  С. Шамсовро вазифадор намуд.
Дар анҷоми маҷлис Раҷабзода М. ба масъулин барои ҷалби  сокинон дар корҳои ободонӣ, махсусан  зебо гардонии  шаҳраки Файзобод ва барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 70 –солагии Рӯзи Ғалаба супоришҳои мушаххас дод.


«НФ.»