Ср12042024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

БАҲОРУ МОДАР ЭҲЁГАРУ ҲАЁТБАХШАНД

БАҲОРУ МОДАР  ЭҲЁГАРУ ҲАЁТБАХШАНДЧанд сатр аз маҳфили идонаи “Суруди беҳтарин дар васфи модар”

Дар арафаи иди Баҳор рост омадани ҷашни фархундапайи Рӯзи модар –иди бонувон басо рамзӣ ва хушфолӣ аст. Зеро Зан-Модар ҳамеша чун фасли дилкушои баҳор дилкашу зебо, фиребо ва чун гул шукуфою боиси дӯстдоштанист. Ҳар куҷо қадами Зан-Модар расад, чун қадам ва нафаси гарми баҳор зиндагибахшу меҳрофарин аст. Бе Зан-Модар наметавонем дар бораи ҳаёт ва ҳастӣ чизе бигӯем, зеро сарчашмаи ҳаёту нишот Зан-Модар аст. Бе Зан-Модар на дар хонадон ва на дар ҷомеа зебу фар нест. Пас аз Худованд офарандагӣ танҳо насиби зан шудааст. Аз ин рӯ Зан-Модар муқаддасу азиз дар дилу дида ва дар ҳар хонадон аст.


Ба ифтихори иди зебои Рӯзи модар дар қасри фарҳанги ноҳия маҳфили идона зери унвони “Суруди беҳтарин дар васфи модар” баргузор гардид. Маҳфилро раиси ноҳия Имомназар Каримиён кушода, ифтихормандона ҳарф заданд, ки таҷлили 8-март чун Рӯзи Модар ҷашнест зодаи даврони соҳибистиқлолии кишвар. Маҳз бо шарофати истиқлолияти кишвар ба мо муяссар гардид, ки арҷгузории модарон бо асолат, мазмун ва муҳтавои азалияш дубора эҳё ва таҷлил гардад. Ҳастии оламу одам маҳз ба Зан-Модар ва баҳор пайванди ногусастанӣ дорад. Баҳор арӯси сол ва Зан-Модар олиҳаи ишқу зебоӣ, сарчашмаи хушкнашаванда ва ҷовидонии ҳаёт, манбаи илҳому эҷод аст. Рӯзи  Модар -иди ҳар як инсон ва ҳар як хонавода аст ва бешак дар тарбияи аҳли ҷомеа нақши муҳим мебозад. Зеро модар аст, ки олам хушу гуворою пурнишот аст. Модар аст, ки зиндагӣ зебост ин рӯзи саид, рӯзи гулафшону муаттари баҳори нозанин инсонҳоро бори дигар ба бузургдошти Зан-Модар, ба эҳтироми гиромидошти шахси азизтарин ҳар қадам ҳидоят менамояд. Раис инчунин номи гуруҳи занони зиёдеро аз минбари идонаи маҳфил гирифт, ки бо меҳнати ҳалолу созанда, хулқу атвори нек соҳиби изату икром ва ифтихори диёру ватан гаштаанд. Зебуннисо Қурбонова, Алқос Мавлонова, Нозукой Шоазизова, Сония Ҳамроқулова, Зумрат Убайдова, Сайбинисо Раҷабзода, Гул Халифаева, Қоғазмоҳ Баротова ва чанде дигарон аз қабили бонувони соҳибэҳтироми диёранд. Месазад бо ному кори ин бонувони некусиришт сари ҳар қадам ифтихор намуд.
Сипас, ғолибони озмуни “Суруди беҳтарин дар васфи модар”, ки бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва бахши фарҳанг дар арафаи Рӯзи Модар гузаронида буданд, бо беҳтарин сурудҳо дар васфи бузургтарин олиҳаи ҳастии инсоният, ки меҳрашро интиҳою бузургиашро ҳадду канор нест, Зан-Модар баромад намуданд. Сурудаҳои санъаткорон Зирагул Давлатова, Убайдуллои Собир, Ҳасан Шарифов, Шоира Иброҳимова, Ҷаҳонбӣ Аслонова, Ҳабибулло Мирзошарифов, Шаъбон Раззоқов бештар писанди аҳли толор гардид. Суруди сароидаи иштирокчии аз ҳама хурдсоли озмун Шукрона Санговаи 10-сола дар васфи модар боиси кафкӯбиҳои зиёди аҳли толор гардид. Воқеан Шукрона, ки дар саҳнаи ҳунари санъаткорони диёр чун гулаки худрӯю хушбӯй бо ҷилваҳои хоси худ ба ҷавлон омадааст, садояшу рақсҳояш тасхиркунандаи қалбҳост. Дар маҳфили идона инчунин ҳофизаи ҷавон Саидаи Сироҷиддин иштирок намуда, чанд суруд замзама намуд. Иштирокчиёни маҳфили идона зери садои сурудҳои ӯ дар гўшаҳои толор ба рақс омаданд.
Ба 350 нафар бонувоне, ки маҳфили идонаро зеббахш буданд, аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия туҳфаҳо ҳадя карда шуд.


Т. МУНАВВАРА.