Ср12042024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ХУШБАХТИИ КИРОМИДДИНУ СУРАЙЁ

Дар Паёми имсолаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд мешавад, ки Ҳукумати мамлакат гурӯҳҳои осебпазиру эҳтиёҷманди ҷомеаро мунтазам дастгирӣ менамояд. Аз ҷониби сардори давлат соли 2015 “Соли оила” эълон гардидан  ҳам, гуфтан мумкин, ғамхории навбатии давлату ҳукумат баҳри мустаҳкам шудани оила, солим гардонидани ҷомеаи имрӯза мебошад. Сокинони деҳаи Қошқарии  ҷамоати деҳоти Вашгирд пешниҳоди Президенти Тоҷикистонро хуш пазируфтанд. Бо ташаббуси раиси комиссияи ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои деҳа Саидов Мирзоумар ва шахсони саховатпешаи деҳа Юсупов Ҷамолиддин, Қараев Равшан ва Саидов Нуралӣ як ҷуфти ҷавон- Тоиров Киромиддин (зодаи деҳаи Қошқарӣ) ва Абдураҳимова Сурайё (зодаи шаҳри Ваҳдат)-ро  аз ҳисоби пасандозҳои шахсӣ оиладор намуданд. Модари Киромиддин холаи Фариза аз ёрии беғаризонаю хайрхоҳонаи ҳамдеҳагонаш хушҳолӣ карда, дар ҳаққи онҳо дасти дуо бардошт.
Бояд қайд намуд, ки ин амали хайрхоҳона бори дуюм аст, ки аз тарафи комиссияи ҷамъиятии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои деҳаи Қошқарӣ дар асоси дастуру супоришҳои Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҷо меояд.


Ҳокимшо АҲМАДОВ,
 сармутахассиси корҳои дини ҷамоати деҳоти Вашгирд.