Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ПИРӮЗӢ ЗИ ИСТИҚЛОЛ БОШАД!

Барои миллати тамаддунпарвари тоҷик асри басо таърихиву сарнавиштсоз ин асри 20 аст. Дар даҳсолаи охири ин аср барои халқи тоҷик ҳадяи беназири таърихӣ насиб гардид. 9 сентябри соли 1991 дар Иҷлосияи ғайринавбатии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳорот дар бораи Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Қарори Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи эълон намудани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул шуд. Пас аз садсолаҳо тоҷикон ба орзуи деринаи хеш расиданд, соҳибдавлату соҳибихтиёру соҳибистиқлол гардиданд.

Дар ин раванди бунёдкорию сарнавиштсоз нақши Сарвари давлатамон Эмомалӣ Раҳмон басо бузург аст. Ӯ чун абармарди миллат дар замони ҳасосу тақдирсоз ва пуртазоди мамлакат вазифаи сарвариро бар дӯши худ гирифту кишварро аз вартаи ҳалокат берун кашид ва тоҷику тоҷикистониёнро соҳиби бахту иқболу саодат гардонд. Имрӯз шарофати соҳибистиқлолист, ки мардум орому осуда ва озодона дар фазои сулҳу дӯстӣ зиндагонӣ мекунанд. Ҳама ба пирӯзӣ расида, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ тантана дорад. Аз ин рӯ, мо бояд ба қадри ҳар як ваҷаб хоки кишвари азизу биҳиштосои худ, ба қадри ободкориҳо бирасему ҳадиси Истиқлолиятро тарғибу ситоиш намоем. Ба ин хотир ман низ як нафар фарди ватандӯсти миллат бо ихлосмандии зиёд гуфтаниам:

Шукрона аз истиқлол дорам,
Шукрона аз ин диёр дорам.
Бо хору хасаш ҳаменозам ман,
Чун сарвари некхаёл дорам.

Соҷидаи ВОҲИД,
омӯзгори муассисаи таълимии рақами 3.