Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ХОКСОРӢ -ЗИННАТИ ИНСОН

Хоксорӣ-ин хислати ҳамидаест, ки дар амали ашхоси дурбину бофарҳанг ва  донишманд зоҳир мегардад. Зеро онҳо хуб медонанд, ки бузурге гуфта:


Манманиҳо пешаи шайтон бувад,
Ҳар кӣ худро кам гирад, мард он бувад.


Хоксорӣ-амали хубу зебоест, ки ба инсон зиннати хосае мебахшад. Ин хислати ҳамида тӯли таърих дар рафтору кирдори одамони бузург зоҳир гаштааст. Агар инсон фурӯтаниро пешаи худ созад, Худованд ӯро дӯст медораду сарбаланд мегардонад. Дар китоби «Қуръон» омадааст: - «Ва рухсораи худро аз мардум матоб ва дар замин хиромон роҳ марав, ба дурустӣ, ки Худо ҳар нозандаи худситояндаро дӯст намедорад!»
Дар ҳадисҳояш низ пайғамбарамон ҳазрати Муҳаммад (с) фазилати хоксориро чунин баён кардаанд:
Ҳарки хоксорӣ кунад, Худо ӯро то осмони ҳафтум боло барад. Ҳарки мағрурӣ кунад, Худояш то замини ҳафтум фурӯ барад.
Яке аз бузургоне, ки то имрӯз бо фурӯтанию хоксорӣ номи худро ба ҷаридаи олам ворид кардааст, ин Абдураҳмонӣ Ҷомӣ мебошад.   Ҷомии бузургвор тарғиб карда, ки инсон набояд аз кисапурӣ сарфарозӣ кунад:


Шохи бемева кашад сар ба қиём,
Шохи пурмева шавад хам ба салом.
Сарфарозӣ макун аз кисапурӣ,
Ки бувад кори фалак кисабурӣ.

 

Исмоилзода Саидаи Маҳмадраҷаб,
донишҷўи ДМТ.