Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ҶАВОНОНРО ДАР РӮҲИЯИ ВАТАНДОРӢ ТАРБИЯ НАМОЕМ.

Ҳар иқдому ташаббусе, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷом медиҳанд, ҳадаф, маром, маънӣ ва моҳияти ватандӯстона дорад. Ватандӯстӣ низ дар татбиқи амалҳои созанда ва ободкорӣ ба нафъи шукуфоии Ватан зоҳир мегардад. Махсусан, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ яке аз ҳадафҳои олии Ҳукумати Ҷумҳурии  Тоҷикистон мебошад.

Муҳим он аст, ки ватандӯстӣ набояд танҳо дар сухан бошад. Ватандӯстие, ки танҳо дар забон асту ба амали муайян воқеият пайдо накардааст, намоишкорӣва назарфиребист. Ба ин хотир Пешвои миллат таъкид доштанд, ки ватандӯстӣ набояд ҳусни ҳисоботӣдоштабошад, он дар амал, на ин ки дар сухан пояи мустаҳкам пайдо менамояд.

Паҳлӯи дигари мавзӯъ ин аст, ки қабл аз анҷом додани ҳар амали ватандӯстона он бояд ба барнома, нақша ва заминаҳои устувори маънавӣ асос ёфта бошад. Яъне ҳар нафаре кореро ба нафъи Ватан карданӣ бошад, нахуст аз ин ҳадаф ё нияти худ бо сухан марому мақсадашро ошкор мекунад.

Дар ин миён бо боварӣ гуфтан мумкин, ки ватандӯтӣ аз ҳифзи марзу буми Ватан оғоз меёбад ва ин амал рисолати ҷавонмардии мо ба ҳисоб меравад. Ҷойи ифтихор ва шукргузорист, ки баъд аз ҳазор сол мо дигарбора соҳибватану соҳибистиқлол гардидем ва бо ибрат аз ин имтиҳони таърихӣ моро зарур аст дар ҳимояи Ватан ва ҳифзутаҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ ҳамаҷониба кӯшиш намоем.

Дар робита ба ин бояд зикр намуд, ки якеаз рукнҳои муҳимтарини давлатдорӣ ва сипари боэътимоди ҳар як давлати соҳибистиқлол Қувваҳои мусаллаҳаш мебошад. Артиш василаи бузурги мудофиавӣ буда, ҳеҷ як давлат наметавонад бидуни он истиқлолияти комили худро таъмин намояд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонмуҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳукумати мамлакат ҳамаи имкониятҳои мавҷударо ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид ва муосир дар Қувваҳои мусаллаҳ равона карда, айни замон мушкилоти марбут ба шароит ва таъминоти модии сохторҳои низомӣ асосан бартараф шуда, дар доираи ҳадафҳои созандагиву бунёдкорӣ, сохтмон ва азнавсозии инфрасохтори қисмҳои низомӣ вусъат ёфта истодааст.

Аммо, мутаассифона, чуноне ба назар мерасад, баъзан ҷавонон аз хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баҳонаҳои гуногун саркашӣ намуда, ё ба муҳоҷират мераванд, ёхудро бемор ва ҳатто бемории рӯҳӣ вонамуд карда, дар қайдибеморхонаҳои рӯҳӣ низ меистанд.

Бояд баҷавонон ин нуқта фаҳмонида шавад, ки хизмат ба Ватан-Модар қарзи фарзандӣ ва имониву виҷдонии ҳар як ҷавонмарди бонангу номус буда, мактаби бузурги тарбияи ирода, ҷасорат, шуҷоат ва ватандорӣ ба ҳисоб меравад. Дар маҷмӯъ мо бояд он қолабҳои куҳнаи шахшудаи фикриро дар бораи гурезонидани фарзандон аз хизмати ҳарбӣ шиканем ва онро ҳамчун мояи нангу номус баррасӣ карда, бо назардошти бартарафсозии омилҳои он падару модаронро ҷиҳати ташвиқи фарзандон барои хизмат дар сафи Қувваҳоимусаллаҳи кишвар дилгарм созем.

Ҳар як ҷавони имрӯза хуб медонад, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамзамонСарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд. Пас, натанҳо дар забон, балкидар амал тамоми неруи худро ба он равона созем, ки дар кору пайкори ҳаррӯзаи худ пайравони воқеии Пешвои миллат бошем.

Набояд фаромӯш кард, ки Ватани азизи мо - Тоҷикистони соҳибистиқлол ҳамчун хонаи умедитамоми тоҷикониҷаҳон сарзаминест,ки аз он бӯи хоки ниёгон ба машом мерасад. Ин сарзаминест, ки зануфарзанду модару хоҳар ва додару дигар пайвандонамон зиндагӣ мекунад. Сарзаминест, ки муҳофизати он натанҳо вазифаи муқаддаси шаҳрвандӣ, балки қарзи инсониву имонӣ ва виҷдониамон маҳсуб меёбад.

Ба хотири баланд бардоштани сатҳи тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ миёни ҷавонон аҳли ҷомеа вазифадоранд, ки бо тамоми масъулият саҳм гузошта, чораҳо андешанд.

Бо чунин нуқтаи назар метавон гуфт, ки тарбияи ҳарбӣ-ватандӯстӣ роҳи наҷоти миллатаз хатарҳои эҳтимолии замони муосир мебошад. Муҳимтарин силоҳ барои ҳар як ҷавону наврас, ки аз ҳидоятҳои падаронаи Пешвои миллат бармеояд, ифтихори миллӣ, зиракӣ ва ҳушёрии сиёсӣ мебошад. Мебояд имрӯз ҷавонони мо дар рӯҳияи садоқату самимият баПрезиденту Ватану миллат ва арҷ гузоштан ба ташаббусҳои Президент ва муқаддасоти миллӣ тарбия карда шаванд.

А. АЗИЗОВ, раиси КИ ҲХДТ