ИҶТИМОЪ
БЕХАТО НАВИШТАНУ БЕХАТО СУХАН ГУФТАН АЗ ТАЛАБОТҲОИ МУҲИМИ ИҶРОИ ҚОНУНИ ЗАБОНИ ДАВЛАТИСТ
- Подробности
-
08 Окт 2018
- Опубликовано 08.10.2018 10:16
Забон рукни асосии миллат аст. Бе забон миллат вуҷуд дошта наметавонад. Ана ҳамин омили асосӣ ва боз дигар омилҳо сабаб гардиданд, ки 22 июли соли 1989 Қонуни забон ба тасвиб расид ва соли 2009 бо тағйиру иловаҳо аз нав қабул гардид.
Сар аз соли 1989 инак, наздик ба сӣ сол аст, ки сипарӣ мегардад. Ин давра муддатест, ки халқи тоҷик ба забони модарии худ мақоми давлатӣ додаву забони миллат дар паноҳи қонун қарор гирифтааст. Ҳарчанд ин муддат зиёд аст, вале ҳоло ҳам дараҷаи забондониву забономӯзии мардум ба дараҷа ва сатҳи зарурӣ нест. Нишони инро мо дар кӯчаю бозор, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ҳатто дар маҷлису маҳфилҳо мушоҳида менамоем. Ҳол он ки забони модарӣ ё худ забони давлатӣ ҳамон забонест, ки барои тамоми мардуми кишварамон фаҳмову маълум бояд бошад. Забони модарии мо он забонест, ки бо он китобҳо менависанду воситаҳои ахбори умум иттилоъ медиҳанд. Ин забон ҳамон вақт самараву натиҷаи хуб медиҳад, агар шахс онро хубтару беҳтар донад ва бо он хуб ҳарф зада тавонад. Ҳамчунин дар дил меҳру муҳаббати зиёд нисбат ба забони модарии хеш дошта бошад. Таассуфангез аст, ки кас халалёбии раванди татбиқшавии Қонуни забонро дар ҳар қадам мушоҳида менамояд. Алфози баду гуфтори фаҳши хусусан ҷавононро дида ё мушоҳида карда кас ба ҳайрат меафтад, ки ба мо соҳибзабонон чӣ расида бошад ва бо чунин муносибат Қонуни забон кай дар амал татбиқи худро меёфта бошад? Камбудии дигар, ки зиёдтар ба чашм мерасад, ин ба ғалатҳои зиёди имлоиву китобатӣ табъу нашр гардидани шиору овезаҳо аст, ки гоҳо табъи бинанда ва хонандаро хира месозад. Имрӯзҳо ба ҳукми одат даромадааст, ки дар пештоқи утоқу идораҳо, роҳраву гулгаштҳо, ду тарафи роҳҳо овезаҳои зиёд вобаста ба ҷашну чорабиниҳои гуногун овехта ё насб карда шудааст. Дар онҳо аксаран шоҳбайтҳо, суханони ҳакимону донишмандон, хитобаву шиорҳои даъватӣ дарҷ гардидаанд. Аксари ин навиштаҷот ба мундариҷа ва муҳтавои фаъолияти ҳамон коргоҳу муассиса мувофиқ интихоб карда шудааст,ки аз сатҳи саводнокӣ ва дониши масъулони он шаҳодат медиҳад. Ин боиси хушҳолист. Аммо аз сабаби надонистани қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ дар як қисмате аз навиштаҷот ғалатҳо ҷой ёфтаанд. Кам ҳам бошад, хусусан дар шоҳбайтҳо афтидану иваз шудани ҳарфҳо ба ҷойи якдигар мушоҳида карда мешавад. Ғалатҳои имлоӣ бештар дар навишти ҳарфҳои “ӯ” ва “ӣ” ба чашм мерасад.
Хубтар мебуд, ки шахсеро масъул месохтанд, то дар омӯзишу густариши забони давлатӣ яке аз назоратчиёни фаъоли тасдиқи Қонуни забон мегашт. Зеро чуноне ки зикр гардид, мавҷудияти ҳар як миллат ва нишони асосии он забони он аст. Миллат бо ҳама шукӯҳу шаҳомат, маърифату фарҳанг, ахлоқ ва ғайра дар забони зиндаи худ намоён мегардад. Ба ҳамин хотир аст, ки забони халқро надониста, ӯро шинохтан душвор аст ва ҳам муҳаббат ба забони модарӣ як ҷузъи муҳаббати Ватан аст. Ва касоне, ки забонро пушти по мезананд ва ба он ҳурмат қоил нестанду наомӯхтаанд, ба халқу ватан ҳам эҳтиром надоранд.
Ба қавли Асадии Тӯсӣ:
Чӣ мардум, ки гӯё надорад забон,
Чӣ ороста пайкаре беравон?
Ҳ. БУЗУРГ.