ИҶТИМОЪ
НЕЪМАТЕ ХУШТАР ЗИ ИСТИҚЛОЛ НЕСТ
- Подробности
-
28 Сен 2018
- Опубликовано 28.09.2018 09:10
27 сол муқаддам дар кишвари офтобрӯяи мо рӯйдоди таърихие унвонии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон ба вуқӯъ пайваст, ки он дар таърихи имрӯзаи миллати тоҷик бо ҳарфҳои заррин сабт гардид. Имрӯз мову шумо дар арафаи таҷлили бошукӯҳи 27-солагии ҳамин рӯйдод қарор дорем.
Истиқлолияти давлатӣ барои мо рамзи олии Ватану ватандорӣ, азму талоши садоқатмандона ба хотири эъмори ҷомеаи шаҳрвандӣ, зиндагии озодонаи ҳар як фард ва бахту саодати воқеии миллат мебошад.
Самараи Истиқлолияти давлатии Ҷумхурии Тоҷикистон аст, ки Ҳукумати кишвар таҳти роҳбарии Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои муаззами миллат, Президенти кишварамон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи бағоят муҳиму афзалиятнок - соҳаи маориф ва насли наврасро ояндаи кишвар меҳисобад ва ба рушди ин соҳа аҳамияти аввалиндараҷа медиҳад.
Аз ҷумла сол то сол маоши мо, мураббиён ва омӯзгорон баланд гардида, ҳамчунин дар кишвар садҳо боғчаҳои бачагонаю таълимгоҳҳо сохта ба истифода дода мешавад.
Илова бар ин, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои рушду ташаккул, беҳдошти солимии кӯдакон ва илмомӯзии онҳо як қатор чораву тадбирҳои судмандро амалӣ намуда истодааст.
Вазифаи аввалиндараҷаи ҳар яки мо аз он иборат аст, ки ба қадри ин неъмати худодод - Истиқлолияти давлатӣ бирасем, баҳри ободонӣ ва сарсабзу хуррам гардонидани Ватану диёрамон кӯшиш намоем, ҷавононро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, хуштаншиносӣ тарбия кунем. Ва нагузорем, ки андешаҳои бегонапарастию ифротгароӣ ба мардуми шарафмандамон, бахусус наврасону ҷавонон зиён расонад. Маҳз аз кӯдакистон сар карда меҳру муҳаббати Ватанро дар дили кӯдакон бедор намоем.
Сарҷамъии миллат, сулҳу ваҳдат шоҳсутуни Истиқлолият ва сарчашмаи бахту иқболи давлати тоҷикон мебошад.
Шукрона ҒУЛОМОВА,
мураббии ширхоргоҳ-кӯдакистони
деҳаи Лолагӣ.