Сб11232024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ИҶТИМОЪ

ИМРӮЗУ ФАРДОИ КОЛЛЕҶИ ТИББӢ

Аз соли 1981 ба ин тараф дар ноҳияи мо филиали Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат ташкил ёфтаву барои тайёр намудани ҳамшираҳои дорои маълумоти ҳамаҷонибаи тиббӣ саҳми босазо мегузорад. Ба хотири пешрафт ва беҳдошту ҳифзи саломатии мардуми ноҳияамон ба ин муассисаи таълимӣ омӯзгорони болаёқату соҳибтаҷриба ҷалб карда шудаанд. Бо ин ҳама тайи ин солҳо муассисаи мазкур ҷойи доимии гузаронидани машғулиятҳои ҳаррӯзаи худро надошт.

Аҳмадшоҳ Тавакалов сари вазифаи директори коллеҷ омаду ин масъала ҳалли худро ёфт.

Инак, дар соли равон бо иқдоми мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ташаббуси бевоситаи Аҳмадшоҳ Тавакалов бинои собиқ бемориҳои асаби беморхонаи марказии ноҳия ба ихтиёри ин таълимгоҳ дода шуд. Бо иттилои сардори муассиса таъмир ва тармими он бо мададу дастгирии шахсони хайрхоҳу саховатманд ба анҷом расида аз якуми сентябр таҳсили донишҷӯён оғоз ёфт. Ба ҳақиқат, то имрӯз вазъи омодагӣ барои омӯзиш дар 19 синфхона тайёр буда,муҳасилин ба омӯзиш фаро гирифта шудаанд. Утоқи компутерӣ низ пурра омода аст. Ду адад компутер,ки Маркази касалиҳои сил ба ин таълимгоҳ тӯҳфа кардааст,насб карда шудааст. Ҳамчунин се адад компутер дар рӯзҳои наздик аз Коллеҷи тиббии шаҳри Ваҳдат оварда мешавад.

Айни замон дар муассисаи мазкур 93 нафар донишҷӯ дар се бахш, дар бахши аввал 15 нафар, дар бахши дуюм 46 нафар, дар бахши сеюм 32 нафар ба омӯзиш машғуланд. Дар назар аст, ки дар мувофиқа ба идораҳои дахлдор аз соли оянда сар карда хонандагон пас аз хатми синфи 9 низ ба муассиса қабул карда мешаванд. Чуноне директори Коллеҷи тиббӣ хабар дод, алҳол аз нарасидани мизу курсиҳо барои нишасти донишҷӯён танқисӣ мекашанд. Утоқҳои таълимии муассиса бо овезаю шиорҳо оро дода шуда бо таҷҳизоти зарурии таълимию техникӣ пурра ҷиҳозонида шудааст. Ҳамаи ин ва дигар нақшаҳои неку хайрхоҳонаи масъулини ин муассисаи таълимӣ гувоҳи ҳоланд, ки раванди таъмиру тармим ва таълиму тарбия дар ин муассисаи таълимии муҳими ноҳия дуруст ба роҳ монда шудааст.

Ҳ. БУЗУРГ.