Чт11212024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

ПАЙДОИШ ВА ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМ

-ДУНЁИ АНДЕША-

 

Мафҳуми террор, ки имрӯз чун истилоҳ қабул гардидааст, аз вожаи лотинӣ «terror» гирифта шудааст. Дар забони тоҷикӣ он маънои тарс, даҳшат, ҳаросро ифода мекунад. Ибтидои пайдоиши онро дар шакли терроризм гурӯҳе ба замони атиқа маҳсуб медонанд. Баъзе онро зуҳуроти охири асри 20 меҳисобанд.

Гурӯҳи дигаре низ ҳаст, ки аввалин гурӯҳи муташаккили террористиро ба гурӯҳи яҳудии Сикариев (ханҷардорон), ки дар асри I то мелод дар Яҳудия зиндагӣ мекард, мансуб медонанд. Аъзоёни ин гурӯҳи террористӣ намояндагони яҳудиро, ки мехостанд бо римиҳо сулҳ банданд, ба қатл мерасониданд. Яроқи асосии онҳо ханҷар ё «сику» шамшери кӯтоҳ буд, ба ҳамин хотир онҳоро сикариевчиён, яъне ханҷардорон мегуфтанд. Дар асрҳои миёна бошад, ташкилоти террористие, ки бо пинҳонкорӣ, диверсия ва истифодаи зӯроварӣ нақши муҳим дошт, ин созмони асасинҳобуд. Онҳо рӯҳониёни бонуфуз, мансабдорони баландмақоми давлатӣ, халифаю султонҳоро бераҳмона ба қатл мерасониданд ва бо ин роҳ дар дарборҳои шоҳону ҳокимон тарсу ҳаросро ба вуҷуд меоварданд. Аз ҷумла олими намоён ва сарвазири сулолаи Салҷуқиҳо Низомулмулк низ қурбони дасисаҳои ин гурӯҳи террористӣ гаштааст.

Муҳаққиқон терроризмро дар замони нав ба чор ҷараён ҷудо мекунанд: 1. Дар робита бо идеяҳои инқилобӣ, ки дар солҳои 1880-ум дар Русия, Аврупо ва дар Амрикои шимолӣ ба миён омадааст. 2. Дар робита бо ҳаракатҳои зидди мустамликавии миллӣ - озодихоҳии асри XX. 3. Дар робита бо фаъолияти «чапҳои нав» дар солҳои 70-ум. 4. Дар алоқамандӣ бо глобализатсия, ки дар охири солҳои 70-ум ба миён омада, то имрӯз идома дорад.

Дар замони муосир он ҳамчун хатари умумиҷаҳонӣ ва вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид мекунад. Бисёриҳо онро ба исломи радикалӣ, фундаменталӣ иртибот медиҳанд, ки ин саҳеҳ нест. Имрӯзҳо дар доираи матбуоти даврии Ғарб, ба таври васеъ дар мавриди шарик будани дини ислом ва амалиёти террористӣ менависанд. Чунин сурат гирифтани ҳолати кор, ин амали ғаразноки давлатҳои Ғарб нисбати дини ислом аст, ки торафт норозигӣ ва нооромии давлатҳои исломиро, ки бо расму суннат ва фарҳанги ғании исломӣ қаринанд, ба вуҷуд меорад.

Имрӯз мубориза бо терроризм ва экстремизм тақозои онро мекунад, ки фазои боварӣ ва эҳтироми манфиатҳои ҳамдигарии ҳамаи қавму миллатҳо ба вуҷуд оварда шавад. Бо як сухан, муттаҳид шудани ҳамаи кишварҳои дунё дар пешорӯи ин хатари умумӣ амри воҷиб гардидааст. Зеро аз байн бурдани ин зуҳуроти даҳшатбори номатлуб, ҳарчанд мушкил аст, аммо имконпазир аст. Ба андешаи аксари муҳаққиқон  роҳи асосии мубориза бо он, ин саросар саводнок гардонидани ҷавонон ва соҳибҳунару соҳибихтисос гардонидани онҳост. Дигар, ба ҷойи кор таъмин намудани онҳо дар Ватан мебошад. Зеро дар бисёр маврид дастнигарӣ ва муҳтоҷӣ ҳам ваҷҳи пайвастшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ мегардад.

Салимзода АЛӢ.