ИҶТИМОЪ
ҲУНАРМАНДОНИ СЕРМАҲСУЛ
- Подробности
-
09 Июль 2018
- Опубликовано 09.07.2018 10:23
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид.
Дар ҳашт деҳаи ҳудуди ҷамоати калонтарини ноҳия - ҷамоати деҳоти Мискинобод низ ҳунармандон ба офаридани асбобҳои мусиқӣ - най, ғижак, рубобу дутор, думбра, дойра, ҳамчунин табақ, қошук, кафлес ва ғаӣра машғуланд.
Дар деҳаи Заркамар устохонаи чӯбтарошӣ фаъолият дорад, ки ҳунармандон қошуқ, кафлес, табақҳои калону хурд тайёр намуда рӯзҳои якшанбе дар бозори «Истиқлол» бо нархҳои арзон пешкаши харидорон мегардонанд. Дар деҳаҳои Хилмағзиё, Орифон, Фатҳобод, Мискинобод бошад, маркази омӯзиши ҳунарҳои кашидадӯзӣ, гулдӯзӣ, кулолӣ фаъол аст, ки зиёда аз 40 нафар занону духтаронро ба кор фаро гирифтааст.
Устоҳои чӯбтарош Асо Сафомуддинов ва Собир Ғаюров то имрӯз даҳҳо табақ, кафлес, қошуқ, рубобу думбра, дутору ғижжак тайёр карда, дар ҷамъомаду чорабиниҳо ба намоиш мегузоранд.
Ҳоким САФАР.