ҲУҚУҚ
ҲУҚУҚИ ИНСОН АРЗИШИ ОЛИСТ
- Подробности
-
10 Июль 2018
- Опубликовано 10.07.2018 13:28
Чанде пеш дар толори Қасри фарҳанги ноҳия мизи мудаввар оид ба “Нақшаи миллиии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои Шарҳи умумии даврӣ барои солҳои 2017-2020” бо иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода доир гардид.
Сараввал раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ ба кори ҷаласа ҳусни оғоз бахшида, меҳмонону иштирокчиёни ҷамъомадро хушомедед гуфт.
Сипас Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон Зариф Ализода оид ба нақши Эъломияи умумии ҳуқуқи инсон дар рушди ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мақоми шӯро оид ба ҳуқуқи инсони СММ ва шарҳи унверсалии даврӣ дар низоми уҳдадориҳои байналмилалии ҶТ ба ҳозирин маърӯза кард. Ҳамчунин дар ҷараёни суҳбат нотиқон, Суҳроб Шоев- Мушовири милии Раёсати СММ оид ба ҳуқуқи инсон дар Осиёи Марказӣ, Шамс Нурализода-намояндаи Прокуратураи генералии ҶТ, Тақдиршо Шарипов- Профессори Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, Шералӣ Мӯсоев-намояндаи ташкилоти ҷамъиятии “Идораи ҳуқуқи инсон ва риояи қонуният” дар мавзӯи болозикр баромад намуданд.
Дар ҷараёни муҳокимаронӣ сухан атрофи ҳуқуқи инсон, шиканҷа, поймол нагардидани ҳуқуқҳои моддиву маънавии мардуми кишвар ва дар умум кулли сайёра гуфта шуд.
С. ЮНУСЗОДА, “НФ”.