САҲИФАИ АСОСӢ
ТЕРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ ҲАМЧУН ВАБОИ АСР
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 13 Февраль 2020
- Просмотров: 4866
Мафҳуми терроризм ва экстремизм имрӯз яке аз мавзӯъҳои асосии нигаронии мардуми солимфикри сайёра гардидааст. Хусусан дар давлатҳое, ки дар ҳоли даргириҳо ва ҷанг қарор доранд, ҳар рӯз даҳҳо амали ғайриинсонӣ ба вуқӯъ мепайвандад.
ХУДШИНОСИИ МИЛЛӢ БОЛОТАР АЗ ТУНДГАРОИСТ
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 13 Февраль 2020
- Просмотров: 4835
Перомуни ифротгароӣ ва шомил шудан ба ба гурӯҳҳои тундраву ситезаҷӯ Президенти мамлакат зимни ироаи Паём таъкид доштанд, ки «Мо бояд дини мубини Исломро аз тафриқангезӣ ва олудашавӣ бо ифротгароӣ ҳифз намоем».
КАДХУДОИ ДАСТАРХОНИ МАРДУМ
- Подробности
- Категория: ИҶТИМОЪ
- Опубликовано 12 Февраль 2020
- Просмотров: 6123
Қара дар куҷое тӯю маърака мешуд, гуфтаю ногуфта чун магаси болои гандидаҳо сар мехалонд. Хӯрдагиашро мехӯрду мондагиашро мебардошт. Дар коргоҳ аз худ «оқсақол» тарошида хӯрокро ба табақҳо тақсим мекард, аз гӯшти болои табақ тез-тез ба даҳон партофта дулинҷа мехоид. Боре аз саросемагӣ гӯшт дар гулӯяш дар монда, бовар кунед қариб буд, ки мурад. Агар Содиқӣ намешуду дар тахтапушташ дунгӣ намефаровард сад фоиз мурданаш мумкин буд. Ҳамааш як тараф, қанду қандалот, нону кулчаро ба сояи дасташ ба кисаи пиҷакаш метиқонд, хаёл мекарди Қори Исмати ҳақиқист. Аз рафторхои аблаҳонаю чашми гуруснааш ҳама огоҳ буданд. Рӯзе Қодирӣ дар як нишаст савол дод:
КОРОНАВИРУС ВАБОИ ГЛОБАЛӢ
- Подробности
- Категория: ТИБ
- Опубликовано 12 Февраль 2020
- Просмотров: 4688
Коронавирусҳо яке аз барангезандаҳои бемории шадиди роҳи нафас буда, бо заҳролудшавии бадан ва мушкилоти системаи нафаскашӣ ва ҳозима ҷараён мегирад. Коронавирусҳо аввалин бор дар солҳои 60-уми асри гузашта кашф гардида, то имрӯз зиёда аз 40 намуди онҳо муайян гардидаанд, ки онҳо асосан ба инсон, гурба, парандаҳо, сагҳо, ҳайвоноти калони шохдор ва хук таъсир мерасонад. Коронавирус ном гирифтани он аз ин ҷиҳат аст, ки дар зери микроскоп вирус дар шакли офтоб ва нурҳои он намудор мегардад ва шакли тоҷро дорад.
…ҲАР НУҚТАРО МАКОН БУВАД
- Подробности
- Категория: ВОКУНИШ
- Опубликовано 12 Февраль 2020
- Просмотров: 4573
Мақоли «Ҳар суханро ҷоеву ҳар нуқтаро маконе»-ро натанҳо дар мавриди ҳарф ё сухан гуфтан дар маҷлисе, балки дигар ҷо, ҳини амали номақбуле низ истифода мебаранд. Яке аз чунин мавридҳо ба ҳангоми хариду истифодаи либос ва истифода аз рӯсарию пӯшиданиҳост. Албатта ки ин мавзӯи нав нест, вале мавзӯе аз доғҳои рӯз аст, ки то ҳол на дар мактаб ва на дар кӯча ҳалли худро пурра ёфтааст.
ОБИ ЛОЯК БО УМЕДИ БАҲОР АСТ
- Подробности
- Категория: ХАБАРҲО
- Опубликовано 12 Февраль 2020
- Просмотров: 6259
Ҳисоб накардем, ки нашрияи маҳаллӣ аз давраи мавҷудияташ аз партовҳои наҳри маркази ноҳия- Оби лояк чанд бор навиштааст. Танқиди нашрия чанд ҳафта таъсир мекунаду ҳолат “Аҳмади порина” мешавад.
7 СОЛИ СОХТМОНИ ЯК МАЙДОНЧА-ҶАВОНОНИ ДЕҲАИ ЛОЛАГӢ КАЙ ОНРО МЕСОЗАНД?
- Подробности
- Категория: ВАРЗИШ
- Опубликовано 12 Февраль 2020
- Просмотров: 6554
Баъди ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти сиёсати варзишпарваронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сиёсати давлатии варзиш дар меҳвари сиёсати давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор гирифта, рушд намуда истодааст.
РУШДИ СОҲАИ БОҒДОРӢ-БЕ ТАШКИЛИ ХОҶАГИҲОИ НИҲОЛПАРВАРӢ НОМУМКИН АСТ
- Подробности
- Категория: КИШОВАРЗӢ
- Опубликовано 12 Февраль 2020
- Просмотров: 5544
Аввали моҳи январи соли равон дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикстон “Дар бораи ниҳолпарварӣ” қабул гардид. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқӣ, ташкилӣ ва иқтисодии парвариш ва фурӯши ниҳолҳои мевадиҳанда, ҳамешасабз ва ороиширо муқаррар менамояд.
МАҒОЗАИ ЗАРХИМИКАТҲО НАДОРЕМ!
- Подробности
- Категория: КИШОВАРЗӢ
- Опубликовано 12 Февраль 2020
- Просмотров: 5657
Тухмии босифат ва истифодаи зархимикатҳо асоси фаровонии ҳосили баланд дар соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад ва ин нуктаро деҳқонону боғдорон хеле хуб дарк мекунанд. Ҳамин аст, ки барои пайдо кардани тухмии босифату зархимикатҳои аслӣ рӯ ба мағозаҳои шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдату Ҳисор меоранд. Баъди саргардониҳо баъзан кишоварзон аз набудани мағозаҳои тухмӣ ва зархимикатҳо дар ҳудуди ноҳия пурсон мешаванд, ки чаро дар баробари даҳҳо мағозаҳои гуногун аққалан ду-се мағозаи тухмиву зархимикатҳо ташкил карда нашудааст. Ҳол онки ин ба нафъи кишоварзон аст ва имкон муҳайё мегардад, ки кишоварзон бе сарсониву саргардонӣ бо нархи ба онҳо мувофиқ тухмиву зархимикатҳоро дастрас намоянд.