Вт02252020

Last updateВт, 18 Фев 2020 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

КИШОВАРЗӢ

МАҒОЗАИ ЗАРХИМИКАТҲО НАДОРЕМ!

Тухмии босифат ва истифодаи зархимикатҳо асоси фаровонии ҳосили баланд дар соҳаи кишоварзӣ ба ҳисоб меравад ва ин нуктаро деҳқонону боғдорон хеле хуб дарк мекунанд. Ҳамин аст, ки барои пайдо кардани тухмии босифату зархимикатҳои аслӣ рӯ ба мағозаҳои шаҳрҳои Душанбе, Ваҳдату Ҳисор меоранд. Баъди саргардониҳо баъзан кишоварзон аз набудани мағозаҳои тухмӣ ва зархимикатҳо дар ҳудуди ноҳия пурсон мешаванд, ки чаро дар баробари даҳҳо мағозаҳои гуногун аққалан ду-се мағозаи тухмиву зархимикатҳо ташкил карда нашудааст. Ҳол онки ин ба нафъи кишоварзон аст ва имкон муҳайё мегардад, ки  кишоварзон бе сарсониву саргардонӣ бо нархи ба онҳо мувофиқ тухмиву зархимикатҳоро дастрас намоянд.

Дар раёсати кишварзии ноҳия ба мо иброз намуданд, ки раёсат кишоварзонро бо тухмии аълосифат таъмин карда наметавонад. Заҳрхимикатҳоро бошад чи қадаре, ки   Вазорати кишоварзӣ ҷудо мекунад, мо ба кишоварзону боғпарварон тақсим мекунем. Соли гузушта буду шуд вазорат 140 литр зархимикатҳо ҷудо кард, ки ин хеле ночиз аст. Дар хусуси ташкил кардани мағозаҳои тухмиву зархимикатҳо бошад, аз эшон иттилоъе дастрас карда натавонистем. Аз суҳбат бо масъулини раёсати кишоварзӣ дарёфтем, ки онҳо ба кишоварзон сари масъалаи мазкур кӯмаке карда наметавонанд. Яъне хоҷагидор бо чӣ роҳе набошад, бояд худ аробаашро кашад!

Ба андешаи мо имрӯз дар бари деҳқон сари ҳалли масъалаи мазкур дилсӯзе нест, вагар тайи ин солҳо кайҳо он ҳалли худро меёфт.

Дар хусуси сохтмони мағозаҳои тухмӣ ва зархимикатҳо бошад, зимни суҳбат муовини раиси ноҳия Р. Сафаров ба мо иброз дошт, ки бо дарки зарурияти масъала бо соҳибкорон суҳбат доштем. Айни ҳол замин барои сохтани мағозаҳо ҷудо шудааст. Соҳибкорон баъди чанде ба сохтани мағозаҳо сар мекунанд. Боварӣ ҳаст, ки дар вақтҳои наздик мағозаҳои тухмӣ ва зархимикатҳо дарҳои худро ба рӯи кишоварзон мекушоянд.

Ба фикри мо фаъолияти чунин мағозаҳо ба манфиати сокинони ноҳия хоҳад буд.

Т. СОҲИБНАЗАРОВ, “НФ”.