Сб10202018

Last updateПт, 19 Окт 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ҲУҚУҚ

ҲУҚУҚИ ИНСОН АРЗИШИ ОЛИСТ

Чанде пеш дар толори Қасри фарҳанги ноҳия мизи мудаввар оид ба “Нақшаи миллиии амалҳо ҷиҳати иҷрои тавсияҳои Шарҳи умумии даврӣ барои солҳои 2017-2020” бо иштироки Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Зариф Ализода доир гардид.

Подробнее...

НАФСИ БАД…

 

Дар урфият мегӯянд: «Нафси бад балои ҷон». Дар ҳақиқат нафси саркаш шахсро ба роҳи хиёнату дӯздӣ мебарад. Нафсро идора бояд кард, то ки паси панҷара қарор нагирӣ.

Дар ин мавод мо аз нафароне ном мебарем, ки бо роҳи дӯздию ғоратгарӣ рӯзӣ дидан мехостанд.

Подробнее...

АРТИШ МАКТАБИ ҶАВОНМАРДИСТ

Имсол ба таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 25 сол пур мешавад. Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон 23 феврали соли 1993 дар давраи хеле пуртаззод, замони  ҷонбозиҳо баҳри таъмини сулҳу субот арзи вуҷуд намуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз рӯзҳои аввалини таъсисёбии артиш барои мустаҳкам шудани иқтидори Ватан беандоза кӯшиш менамояд.

Ҳукумати Тоҷикистон ба ислоҳоти соҳаи ҳарбӣ, таъминоти моддию техникӣ, баланд бардоштани қобилияти ҷангию омодагии ҳарбии воҳидҳои низомии артиш ва тарбияи   мутахассисони варзида таваҷҷуҳ  зоҳир менамояд. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки бо ҳисси ифтихор ва масъулият дар сафи пеш бошем.

Сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳ барои насли наврас мактаби бузурги обутоби ҳарбию ҷисмонӣ ба ҳисоб меравад. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки ватани азизро ёд мегиранд.

Бо хушнудӣ изҳор менамоям, ки Артиши миллӣ такягоҳи асосии давлат ва сипари боэътимоди миллат гардида, Ватани азизамонро содиқона муҳофизат мекунад. Имрӯзҳо беш аз 352 нафар ҷавонписарони ноҳияи Файзобод дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати Ватан-Модарро бо сарбаландӣ иҷро намуда истодаанд. Ҳифзу ҳимояи манфиатҳои давлат, амният ва иқтидори мудофиавии он барои ҳар шаҳрванде, ки дар хоки муқаддаси Ватан ҳаёт ба сар мебарад, қарзи виҷдон  ва амри қонунист. Зеро дар моддаи 43-и Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст: «Ҳифзи Ватан, ҳимояи давлат, таҳкими истиқлолият ва иқтидори мудофиавии он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванд аст».  

Боиси ифтихор аст, ки имрӯзҳо 19 нафар ҷавонони Файзобод дар литсей ва донишгоҳҳои ҳарбии дохил ва хориҷи кишвар таҳсил менамоянд. Мо бо номи неки фарзандони барӯманди диёрамон генерал-майори адлия Ҳабибулло Юсуфов, Меъроҷиддин Ҳакимов, полковникҳо Раҷабалӣ Собиров, Саид Каримов, Асомиддин Сафаров, Маҳмадшӯриш Шарифов, подполковникҳо Умаршо Холов, Суҳайлӣ Раҷабов, майор Зафар Раҳматов, лейтенанти калон Асламбек Худойдодов ва даҳҳо дигарон ифтихор менамоем.

Ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тӯли 25 соли фаъолияти хеш дар ҳама лаҳзаҳои душвор ҷасорату мардонагӣ ва садоқат нисбат ба савганди ҳарбӣ зоҳир карда, баҳри ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, пойдории сулҳу субот ва сохти конститутсионӣ қисме аз онҳо ҷони худро дар роҳи озодии Ватан нисор намуданд. Номи шаҳидон дар ёди   мардуми ҷумҳурӣ, дар саҳифаҳои таърих  мемонад.

Рӯзи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иди муқаддас ва пуршукӯҳи миллати бофарҳанги тоҷик табдил ёфтааст. Дар ин рӯзи пурнишот мо гирди ҳам омада, шукргузорию ифтихор мекунем, ки аз ниҳоли меваи пурнишоти истиқлолият баҳравар ҳастем.

Комиссариати ҳарбии ноҳия вазифаҳои хизматии худро тибқи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи уҳдадориҳои умумии ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ” ба роҳ мондааст.

Бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва ҳамкорӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ комиссариати ҳарбӣ як қатор чорабинӣ гузаронд. Дар давоми сол ба қайдгирии ибтидоии ҳарбии ҷавонон ба анҷом расонда,  2 маротиба даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ таъмин карда шуд. Бахшида ба ҷашну идҳои миллӣ дар қисмҳои низомӣ дастурхони идона ороста, бо ҳузури падару модарон аз шароити хизмати сарбозон огоҳ гардидем, то рӯҳияи ҷавонон ба ватанпарастӣ боло равад.

Боварӣ дорем, ки тамоми хизматчиёни ҳарбии мамлакат барои ҳифзи амнияти давлат ва сулҳу суботи кишвар қувва, вақт ва донишу малакаи худро дареғ намедоранд ва ба халқу ватани хеш чун фарзанди бонангу номус содиқона ва софдилона хизмат мекунанд. 

ПЕШСАФОН МУКОФОТ ГИРИФТАНД

ДАЪВАТИ БАҲОРӢ БА ХИЗМАТИ ҲАРБӢ ИДОМА ДОРАД

 

Маъракаи даъвати ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар ноҳия ҷараён дорад. Раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ гуфт, ки байни ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мукофот эълон шудааст. Ҳар ҷамоате, ки даъвати садфоизаи наваскаронро дар муҳлатҳои муқарраргардида иҷро менамояд, 5 ҳазор сомонӣ мукофот мегирад.

Ҷамоатҳои деҳоти Вашгирд ва Чашмасор нақшаи сафарбаркунии ҷавононро ба аскарӣ дар рӯзи нахустини даъват иҷро намуданд. Котиби Ҷамоати Вашгирд А.Сатторов ва раиси Ҷамоати Чашмасор Ф.Амонатов сазовори мукофот шуданд.

Даъвати баҳории ҷавонон ба сафҳои Артиши мамлакат таҳти назорати раиси ноҳия қарор дорад. То ба имрӯз нақша қариб ба 40 фоиз расидааст. Ният ҳаст, ки дар ин даъват на камтар аз 100 нафар ба аскарӣ гусел карда мешаванд. Комиссари ҳарбии ноҳияи Файзобод, подполковник Фирӯз Шамсов ифтихор мекунад, ки айни замон зиёда за 350 нафар ҷавонписарони Файзобод дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмати Ватан-Модарро бо омодагии комили ҳарбӣ ва ахлоқи намунавӣ ба ҷо оварда истодаанд. Ҳамчунин 19 нафар ҷавонписарони Файзобод дар литсей ва донишкадаҳои ҳарбии дохили кишвар ва хориҷ бомуваффақият таҳсил мекунанд. Ӯ мегӯяд: «Ҳифзу ҳимояи манфиатҳои давлат, амният ва иқтидори мудофиавии он барои ҳар шаҳрванде, ки дар хоки муқаддаси Ватан ҳаёт ба сар мебарад, қарзи виҷдон ва амри қонунист».

Боварии комил дорем, ки ҷавонписарони диёр бо номуси баланди Ватандорӣ қарзи худро ба ҷо меоранд.

«АПТЕК»-У «БАЛНИСА» НЕ, «НАЛОГ» ҲАМ НЕ, ДОРУХОНАВУ БЕМОРХОНА, НОЗИРОТИ АНДОЗ ВОЖАҲОИ ЗЕБОЯНД

Вақте ки мо ба забони давлатӣ-модарии хеш арҷ гузоштанӣ ҳастем, нахуст  бояд дар гуфтугузор, суҳбату вохурӣ, суханронии байни яку ду ё ом диққат диҳем. Дар хона бо аҳли оила низ нагузорем, ки фарзандони мо дар муошират аз каломи  ғайритоҷикӣ истифода кунанд. Манзур ин аст, ки мо ҳар соату ҳар дакиқа дар суҳбатҳои сарироҳӣ бо наздикони худ ин вожаҳои номақбулро шунида  нороҳат мешавем. Ҳатто аз нафарони масъул, идорашинҳо, иддае аз роҳбарон (маъзарат аз кулашон) зиёд мешунавем, ки «я балниса рафта биём» ё «аптек мерам, тез меём» ва боз «налог файрод кардиян, чӣ мегуфта бошан», гӯён ба ҳам муошират мекунанд. Албатта солиёни зиёд дар истилоҳоти насли калон ин вожаҳои маъмулии муошират буд, аммо аз қабул ва истифодаи ҳатмии забони тоҷикӣ, ҳамчун  забони давлатӣ  беш аз ду даҳсола сипарӣ мешавад. Наход, ки то имрӯз мо масъулият ҳис накунем, ки дар ин самт Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тасвиб расидааст ва борҳо ба он таҷдиди назар низ шудааст.  Ҷавонони то сисолаи мо дар замоне ба камол расидаанд, ки забони муошират ва коргузории мо забони тоҷикӣ мебошад.  Забоне, ки ба он Ҳофизу Саъдию Бедил, Бозору Лоиқу Гулрухсор шеър гуфтаанд. Пас, мо вазифадорем, ки ин забонро чун дигар муқаддасоти миллии кишварамон ҳифз кунему ба он арҷ гузорем. Тавре болотар ишора шуд, агар мо тозагию нафосати забони тоҷикиро аз хона, аз оила оғоз накунем, он гаҳ  дар мактаб ё ҷои корамон ба душвориҳо рӯ ба рӯ меоем. Барои ин ҳамарӯза бо фарзандон бо лаҳни хубу шевои тоҷикӣ ҳарф гуфтан, вазифаи ҷонии ҳар як падару модар аст. Дигар ин ки, хуб мешуд аҳли зиё дар кӯчаву хиёбон ва ҷойҳои ҷамъиятӣ барои тозагию нафосати забони модарии мо бо мардум суҳбатҳои сарироҳӣ ва кӯтоҳе доир намуда, онҳоро аз истифодаи калимаю ибораҳои ғайр боздоранд.

Ҳар нафаре, ки ба забони модарии хеш-забони тоҷикӣ арҷ мегузораду ин забонро эҳтиром мекунад, бояд бе ягон тарсу изтироб ва ё дидилагӣ ҳамсуҳбати худро аз ғалат гуфтану ғалат ҳарф задан нигоҳ дорад. Дар ҳамин сурат мо забони тоҷикии худро тоза аз ҳама олудагиҳо нигоҳ дошта метавонем.

Мактаб ва корхона макони дувуми  омӯзиш ва пок нигаҳ доштани забони модарӣ мебошад. Аён аст, ки агар мо забони модарии хешро  дар сатҳи лозима надонем, омӯзишу донистани забони дигар низ барои мо душвориҳои грамматикиро пеш меорад.  Гуфтаи шоир ҳам ба ин маънӣ аст:

Ҳар кас ба забони худ сухандон гардад,

Донистани сад забон осон гардад. 

Дигар аз воситаҳое, ки моро ба қиматии забони модарӣ далолат мекунад, ин шиору овезаҳои идораву муассисаҳо ва роҳу кӯчаву хиёбонҳо аст. Дар ин овезаҳо мебояд панду андарзҳои дорои мазмуни баланд, ҳидояткунанда ба ахлоқи ҳамидаи инсонӣ, муҳаббат ба Ватан-Модар мисраҳои талқинкунанда ба фардои нек аз абёти классикони форсу  тоҷик ҷо гиранд. Ва ҳамаи ин навиштаҳо  зери назари  комиссияи махсуси назди мақомот, ки ба назорати риояи забони давлатӣ  сару кор дорад, анҷом бояд гирад.

Бо риояи ҳамаи ин талабот мо як рукни муқаддасоти миллии хеш – забони давлатӣ, тоҷикиамонро  ҳифз карда,  ҳамзамон яке аз вазифаҳои муҳими хештаншиносиро ба ҷо меорем ва ба ояндаҳои худ  аз ғановату бузургии ин забон бо сари баланд ҳарф зада, ифтихор ҳам карда метавонем.

КОРГУЗОРӢ БО ҲУҶҶАТҲО МУНОСИБАТИ ҶИДДИРО МЕХОҲАД

Фаъолияти бахши Раёсати асноди ҳолати шаҳрвандии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон асос ёфта, аз Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи бақайдгирии давлатии асноди ҳолати шаҳрвандӣ” ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалие, ки онҳоро Ҷумҳурии Тоҷикистон эътироф намудааст, иборат мебошад.

Дар соли 2017 аз тарафи ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва бахши сабти асноди ҳолати шаҳрвандии ноҳия 6154 адад сабт тартиб дода шудааст, ки 3402-тои он ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳот тааллуқ доранд: 2243 адад сабти таваллуд, 300 адад сабти вафот, дар маҷмӯъ 55 фисади сабтҳои асноди ҳолати шаҳрвандӣ ба ҷамоатҳои шаҳраку деҳот рост меояд.

Баробари муваффақиятҳо дар фаъолияти кории мутасаддиёни ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия сари масъалаи мазкур камбудиҳо ба назар мерасанд.

Роҳ додан ба хатоҳои имлоӣ ва хунукназарона рафтор намудани шахси мутасаддӣ нисбати ҳуҷҷатгузорӣ сабаб мешавад, ки шаҳрванд аз нав ҳуҷҷати такрорӣ гирад, ислоҳот дарорад ва ин сабаб мешавад, ки ба буҷаи оилаи шаҳрванд хисорот ворид гардад. Камбудии дигаре, ки дар фаъолияти котибони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ба чашм мерасад, сари вақт аз қайди давлатӣ нагузаронидани навхонадорон мебошад ва ин сарчашма мешавад барои дер гирифтани шаҳодатномаи таваллуди кӯдак, яъне барқарор намудани сабти таваллуди кӯдакони аз  яксола боло, ки ба 1205 адад ва сабти муқаррар намудани падарӣ, ки ба 442 адад расидааст.

Тибқи моддаи 13 Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон синни никоҳӣ барои марду зан аз 18-солагӣ муқаррар шудааст. Дар ҳолатҳои истисноӣ суд ҳақ дорад дар асоси хоҳиши шахсони издивоҷкунанда синни никоҳиро ба муҳлати на бештар аз як сол кам кунад.

Дар соли 2017 дар 24 адад маҷлиси судӣ оид ба кам кардани синни никоҳӣ иштирок намудем ва дар рафти маҷлиси судӣ ба ҳолатҳое вохӯрдем, ки духтарон ба ҳаёти оилавӣ тайёр набудани худро нишон медоданд, лекин сабаби рад карда натавонистани мо ва судяҳо баъзан маълумотномаҳое мешуданд, ки аз ҷониби ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва Бахши ҳифзи иҷтимоии аҳолии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ҷиҳати надоштани шароити молиявӣ ва камбизоатӣ дода шудаанд. Инчунин ба зинаи сеюми таҳсил, яъне синфи 10-11 фаро гирифта нашудани духтарон низ сабаб мегардад. Бояд қайд кард, ки дар соли 2017 аз ҷониби ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва Бахши САҲШ-и ноҳия 951 адад никоҳ, аз ҷумла 754 адад никоҳи тантанавӣ ба қайд гирифта шудааст. Камбудиии ҷиддие, ки аз ҷониби баъзе аз котибони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот содир мегардад, насупоридани ҳисоботи оморӣ дар вақти муайянгардида ва бо камбудиҳо супоридани он мебошад. Аз 339 адад никоҳҳои бекоршуда 250 ададашон дар асоси ҳалномаи суд бекор гардидаанд. Бояд қайд намуд, ки аз оилаҳои вайроншуда 351 нафар (соли 2015-95 нафар, соли 2016- 118 нафар, соли 2017- 138 нафар) кӯдакони ноболиғ боқӣ мондаанд, ки аксарияташон дар тарбияи модар мебошанд.

Баҳри рафъи камбудиҳо моро мебояд, ки дар ҳамбастагӣ бо фаъолони ноҳия дар ин самт кор барем, то ин ки камбудиҳои ҷойдошта сари вақт бартараф гарданд.

ЭҲТИЁТ - НИМИ ҲАЁТ

Эҳтиётро ними ҳаёт гуфтаанд, гузаштагонамон.  Имрӯз, бахусус ҳангоми ҳаракат дар роҳ  бо эҳтиёт будан тақозо мешавад. Аз ин мебарояд, ки ҳар шахс ҳангоми убури роҳҳои нақлиётӣ эҳтиёткор бошаду саломатии худ ва дигаронро зери хатар нагузорад.

Таҳлилҳо нишон медиҳад, ки вақтҳои охир вазъи содиршавии ҳодисаҳои роҳу нақлиёт бо иштироки пиёдагардон дар қаламрави ҷумҳурӣ ташвишовар гаштааст, ки ин боиси нигаронии роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии мамлакат  гардидааст. Дар бештар аз як моҳи   соли 2018 дар қаламрави ҷумҳурӣ 82 ҳодисаи роҳу нақлиёт ба қайд гирифта шудааст, ки аз ин 45 нафар зери нақлиёт монда, 14 нафар пиёдагардон ҳалок, 30 нафари онҳо ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар беморхонаҳо бистарӣ гардиданд. Зиёдшавии чунин ҳодисаҳои нақлиётӣ дар шаҳри  Душанбе 57 фоиз, ноҳияҳои Хуросон ва Ёвони вилояти Хатлон 41,7 фоиз ва ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд 57 фоиз  ба чашм мерасанд.

Ба мақсади баланд бардоштани интизоми ронандаҳо дар роҳ, ҳамчунин пиёдагардҳо ва коҳиш додани ҳодисаҳои нақлиётӣ дар қаламрави ҷумҳурӣ аз 10 то 20 феврали соли 2018 амалиёти мақсадноки «Пиёдагард» гузаронида шуд. Барои дар сатҳи баланд гузаронидани амалиёти мақсадноки «Пиёдагард» дар ШБДА ШВКД-и ноҳия нақша-чорабинӣ тасдиқ ва амалӣ гардид. Ҳангоми гузаронидани амалиёт баробари  кормандони  ШБДА ШВКД ҳамчунин  нозирони ғайриштатӣ ва аз дигар имкониятҳои мавҷуда истифода гардид.

Ҳайати шахсии кормандон барои пешгирии қоидавайронкуниҳои пиёдагардҳо ва баланд бардоштани интизоми нақлиётӣ дар терминалҳои мусофирбар, муассисаҳои таълимӣ ва аҳолӣ корҳои ташвиқотию тарғиботӣ ва суҳбату вохӯриҳо гузаронд, то сатҳи ҳодисаҳои нақлиётӣ бо айби пиёдагардҳо   коҳиш дода  шавад. 

БИСТУПАНҶ СОЛ - РОҲИ ПУРШАРАФ

 

Бахшида ба биступанҷумин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон санаи 23 феврали соли ҷорӣ дар толори Филармонияи халқии ба номи Нигина Рауфоваи ноҳия бо иштироки роҳбарони ташкилоту муассисаҳо  кормандони соҳаи ҳуқуқу тартибот, собиқадорони ҷангу меҳнат ва ҷанговарони байналмилал ҷамъомади тантанавӣ доир гардид. Пеш аз оғози чорабинии идона дастовардҳои фарҳангӣ ва ҳунарҳои мардумии  сокинони Ҷамоати шаҳраки Файзобод намоиш дода шуд.

Дар оғози чорабинӣ раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Миралӣ Раҷабзода аз роҳи пуршарафи тайкардаи Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар дар чоряк асри мавҷудияташ ҳарф зада, корнамоиҳоу ҷонбозиҳои афсарону қумандонҳои собиқи соҳаро намунаи олии худшиносии милливу ватанпарастӣ хонд.

Нотиқ сокинони ноҳияро ба ин ҷашни фархундаву шуҷоату мардонагӣ муборакбод намуда, аз номи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ба афсарони комиссариати ҳарбӣ, ШВКД, сарбозони хизмати Модар-Ватанро адо намуда ва волидоне, ки ду ва зиёда фарзанди худро ба хизмати халқу Ватан сафарбар намудаанд, ифтихорнома ва туҳфаҳои пуливу молӣ тақдим намуд.

Пас аз қисмати тантанавии чорабинӣ аҳли фарҳанги ноҳия дастагули таронаҳои дар васфи Ватан омоданамудаи хешро бо иштироки Ҳунарманди шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъахон Сафаров пешкаши ҳозирин гардониданд.

130 АДАД ТАЛОҚ ДАР 1 СОЛ

Ё КИҲО ГУНАҲГОРОНИ ТАҚДИРИ НОРӮШАНИ 138 НАФАР ТИФЛАКОНИ НОБОЛИҒАНД?!

«Оила ҳамчун падидаи иҷтимоиву ҳуқуқӣ маҳаки асосии ҷамъиятро ташкил дода, дар сатҳи Конститутсияи кишвар барои ҳифзи он ва таҳти ғамхории махсуси давлат фаро гирифтани модару кӯдак аз ҷониби Ҳукумати кишвар ҳамаи чораҳои зарурӣ андешида мешаванд. Оила дар фарҳанги мардуми куҳанбунёди тоҷик ҳамчун ниҳоди муқаддас эътироф гардидааст, зеро беҳтарин арзишҳои инсонӣ, аз қабили муҳаббату садоқат, самимияту вафодорӣ ва ҳамдигарфаҳмию таҳаммулгароӣ маҳз дар оила ташаккул меёбад».

Эмомалӣ Раҳмон,

Асосгузори суҳлу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Таҷрибаи ҳаёт ва зиндагӣ нишон медиҳад, ки инсон ҳамеша дар ҷустуҷӯи бахт ва ҳамқадами парвозии орзуҳои хеш  аст. Хушбахт ҳамон касест, ки дар интихоби ҳамсафари ҳаётӣ ба хотири бунёди оила иштибоҳ намекунад. Ҳар шахс бояд дониста бошад, ки хушбахтии оилавӣ хати шукӯҳи зиндагиро муқаррар карда, хиёнат ба ин муқаддасот пару боли ормонҳоро мешиканад, ки оқибат гирифтори азоби виҷдон мегардад.

Оила узви ҷудонашавандаи зиндагии инсон аст ва он бояд дар пояи ҳамдигарфаҳмӣ, муҳаббату самимият, тарбияи фарзандони хушодобу солеҳ, нигоҳ доштани нангу номуси оиладорӣ асос бигирад.   Пас, бунёди оила ҳавову ҳавас нест. Ҷавонон бояд пеш аз ақди никоҳ бастан дуруст дарк намоянд, ки хонадоршавӣ танҳо ба хотири зан ё шавҳар шудан нест, балки  ин масъулияти бузург назди ҷомеа ва сарнавишти наслҳост. Мутаассифона, имрӯз баъзан хурдтарин нофаҳмиҳо боиси сар задани ихтилофҳо ва дар ниҳояти кор ба ҷудошавии оилаҳо оварда мерасонад, ки бисёр нанговар аст. Ба рақамҳо рӯ меоварем: соли 2017 дар ноҳия 130 ҳолати бекоршавии ақди никоҳ ба қайд гирифта шудааст, ки ин шумора назар ба чанд соли охир зиёд аст.

Ин эрод - сабаби зиёд гардидани ҷудошавии оилаҳо - аз минбари иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ ва маҷлиси ҷамъбасти сол дар мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия садо дод. Сабабҳои асосии ҷудошавии оилаҳо аз рӯи таҳлилҳо чунин арзёбӣ гардид: мувофиқ наомадани хислатҳои зану шавҳар дар оиладорӣ, омода набудани ҷавонон ба зиндагии оилавӣ ва кӯтоҳандешии навхонадорон, дахолати волидон, аз тарафи мардон бунёд намудани оилаҳои дигар ва хиёнати занҳо ба шавҳарҳо, никоҳи хешовандӣ, ба муҳоҷират рафтани ҷавонписарон ва муддатҳои зиёд барнагаштани онҳо, издивоҷи маҷбурӣ, ғурури ноҷо, беҳудагӯӣ, ҳавобаландии зану шавҳар нисбати якдигар, хушунати хонаводагӣ, кам ҳам бошад рашки беасоси хушдоманҳо нисбати келинҳо, ба хотири соҳиби шаҳрвандии Русия шудан ва, аз ҳама ташвишовар, бетарафии атрофиён, масъулону фаъолони аҳли ҷамоатчигӣ.

Мувофиқи маълумотномаи дардастдоштаи мо ҷудошавии оилаҳо дар Ҷамоатҳои деҳоти Мискинобод 24 адад, Қалъаидашт 21 адад, Чашмасор 1 адад, Ҷавонон 17 адад, шаҳраки Файзобод 25 адад, ба номи Д.Алиев 21 адад, Вашгирд 9 адад, Меҳробод 24 адад, Бӯстон 12 адад аст. Аз оилаҳои ҷудошуда 138 нафар кӯдакони ноболиғ аз оғӯши меҳру муҳаббати якҷояи падару модар маҳрум мондаанд, ки тарбияю тақдири ояндаи онҳо норӯшан мемонад. Рақамҳои болоӣ бозгӯи фаъолияти  масъулини ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия сари масъалаи мазкур мебошад.

Ба андешаи мо, барои пешгирии ин падидаи номатлуб таъҷилан аз ҳисоби масъулон гурӯҳи корӣ созмон дода, дар ҳар як ҷамоати деҳот ва шаҳрак вохӯриҳои рӯ ба рӯ, суҳбати мизҳои мудаввар гузаронда, сабабҳои ҷудошавии оилаҳоро таҳлилу муҳокима карда, баҳри баланд бардоштани маърифати оиладорӣ, бунёди оилаҳои солиму пойдор, зери назорати доимӣ гирифтани оилаҳое, ки дар арафаи ҷудошавианд, мақомотҳои дахлдор ва кумитаҳои маҳалла ҷалб карда шаванд. Зеро паси ҳар як оилаи ҷудошуда тақдире, ғаму андӯҳе, ташвише, беадолатии иҷтимоӣ ва ё фишори бераҳмонаи зиндагӣ ниҳон аст. Ва бетарафии ҳар яки мо нисбати вайроншавии оилаҳо - ин ниҳоди муқаддас – маҳаки асосии ҷамъият гуноҳест нобахшиданӣ. 

Подкатегории