Пт04102020

Last updateПт, 20 Март 2020 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ҲУҚУҚ

НАВРӮЗИ ВАШГИРД

Сокинони Ҷамоати деҳоти Вашгирд ҷашни Наврӯзро бо шукуҳу шаҳомати тоза истиқбол гирифтанд. Ба омад- омади баҳори нозанин хурду бузурги ҷамоат ба ҳашари умумӣ баромада зиёда аз 700 дарахти арчаро, ки дар ду тарафи шоҳроҳ шинонида шудааст нарм карда озуқа доданд. Инчунин ҷӯй ва заҳбурҳоро тоза карда, гулҳои ҳархела шинониданд. Тавре раиси Ҷамоати деҳоти Вашгирд Абдулваҳоб Сатторов иброз дошт,   кишоварзону боғпарварон низ ба кишту кори баҳорӣ омодагии хуб гирифтаанд. Аллакай ниҳолҳои майдони 372 гектар боғи себ ва 54 гектар боғи ангур аз шоху навдаҳои хушку зиёдатӣ тоза карда шуд.

Дар мавзеи Чорчашма   хоҷагиҳои деҳқонии «Сино» (раисаш Ҳ. Ҷобиров), «Меъроҷиддин» (раисаш Ҷ. Юсуфов) дар майдони 4 гектар боғи нав мегузаронанд.

Муждаи хубаст, ки дар рӯзи ҷашнгирии Наврӯз дар деҳаи Шаҳтакиён бунгоҳи тиббии бо маблағи аҳли деҳа сохта шуда мавриди истифода қарор мегирад.  

«НФ».