МАОРИФ
МАРКАЗИ НАВИ ЗАБОНОМӮЗӢ НАВРАСОНИ МОРО ЗАБОНДОН МЕКУНАД
- Подробности
-
06 Сен 2019
Таъсиси марказҳои нави таълимӣ ва омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар раванди ҷаҳонишавӣ барои сокинони маҳал падидаи нек аст. Тобистони имсол наврасони ноҳияи мо ҳам ба таълими иловагӣ фаро гирифта шуданд. Бо кӯшишу ғайрати беандозаи муаллимаҳо Расоева Заррина Самадовна ва Убайдова Тамано Ҳикматуллоевна дар шаҳраки Файзобод маркази омӯзиши забонҳои русиву англисӣ ва арифметикаи зеҳнӣ таъсис ёфт.
ОМӮЗИШИ ЗАБОНҲОИ ХОРИҶӢ ТАЛАБИ РӮЗ
- Подробности
-
06 Сен 2019
Омӯзгорони фанҳои русӣ ва англисии муассисаҳои таълимии ноҳия аз Паёми имсолаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон руҳу тавони тоза гирифта, баҳри амалишавии «Барномаи давлатии такмилии таълим ва омӯзиши забоҳои русӣ ва англисӣ барои солҳои 2015-2020» тамоми чораҳоро андешида истодаанд. Чуноне ки дар Паёми имсола Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қайд намуданд, таҳлилҳо нишон меиҳанд, ки натиҷаҳо дар ин масъала чандон қонеъкунанда нест.
ДАР ҚАДАМҶОЯТ ГУЛ ХОҲЕМ КОШТ
- Подробности
-
06 Сен 2019
Устод Тӯрабек Ҷобиров, дорандаи нишони «Аълочи маорифи Тоҷикистон», узви Иттифоқи журналистони Тоҷикистон наздик ба чил сол собиқаи омӯзгорӣ дошт ва аз ин 18 сол ба ҳайси директори муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №2-и ноҳияи Файзобод кор кард.
МАКТАБ ПОЯИ ДАВЛАТ АСТ
- Подробности
-
06 Сен 2019
Соҳаи маориф ва илм бахши умдаи сиёсати Ҳукумати кишварро фаро мегирад. Беҳадаф нест, ки бузургони назми тоҷик сутуну пойдории давлату миллатро ба илму тадрис алоқаманд донистаанд. Ташбеҳи олист, ки:
Пояи давлат набошад бе маориф устувор,
Давлати поянда хоҳӣ рӯй бар мактаб биёр.
Ба ҳамин далел аст, ки Пешвои муаззами миллат ҳам бештар зимни суханрониҳояшон ба соҳаи мазкур диққати бештар дода, масъулини соҳаро барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифтаи таълим ва мутобиқ сохтани шароити таҳсил ба низоми байналмилалӣ дастуру ҳидоятҳои муфид медиҳанд. Натиҷаи дастгириву ғамхориҳои хирадмандонаи сарвари давлатро тайи солҳои охир мо бараъло эҳсос мекунем. Бунёду азнавсозии муассисаҳои таълимӣ, таъсиси утоқҳои алоҳидаи фаннӣ, озмоишгоҳ ва синфхонаҳои алоҳидаи дарси меҳнат дар муассисаҳои таълимии шаҳру навоҳии кишвар бо иштироки бевоситаи худ, шаҳодати гуфтаҳои болост. Бешубҳа ноҳияи мо ҳам аз дастгириҳои Пешвои миллат дар соҳаи мазкур баробари дигар шаҳру навоҳии кишвар баҳравар аст. Боиси хушнудист, ки арафаи соли нави хониш танҳо дар Ҷамоати деҳоти Ҷавонон се муассисаи навт аълимӣ дари худро ба рӯи толибилмон во хоҳанд кард. Гузоришҳои поёнӣ аз ин муассисаҳои таълимии ҷамоати мазкур мебошад.
ПЕШРАФТИ ҶОМЕА АЗ РУШДИ МАОРИФ ВОБАСТА АСТ
- Подробности
-
06 Сен 2019
Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз нақши афзалиятноки муассисаҳои таҳсилоти умумиро муҳим дониста, барои дастрас гардонидани он ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ шароити мувофиқ фароҳам меорад. Вазифаи асосӣ имрӯз аз фаро гирифтани ҳамаи кӯдакони синни мактабӣ ба таҳсилот, фароҳам овардани шароит барои инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ, зеҳнӣ ва фарҳангии онҳо, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, содиқ будан ба одату анъанаҳои миллӣ, ба забони давлатӣ, ба арзишҳои миллии халқи худ ва миллатҳои дигар, муносибати эҳтиромона ба оилаву ҷомеа иборат мебошад.
САРУ ЛИБОСИ ЯГОНАИ МАКТАБӢ МУШКИЛОТЕ, КИ ҲАЛИ ОН ЧАНД СОЛ БОЗ ТУЛ МЕКАШАД
- Подробности
-
06 Сен 2019
Чанд соласт, ки атрофи сару либоси ягонаи мактабӣ сухан меравад. Яъне хонандагони мактабҳои кишвар бояд либоси ягона, ки аз ҷониби вазорати маорифи кишвар тасдиқ гардидааст ба бар дошта бошанд. Зеро бисёрҳо мушоҳида менамоем, ки волидайн дар харидории сару либоси мактабии фарзандонашон душворӣ мекашанд, ки оё сару либоси харидаи онҳо ба талаботи либоси ягонаи мактабӣ ҷавобгӯ бошад ё не?
ПЕШРАФТИ ҶОМЕА АЗ РУШДИ МАОРИФ ВОБАСТА АСТ
- Подробности
-
06 Сен 2019
Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон имрӯз нақши афзалиятноки муассисаҳои таҳсилоти умумиро муҳим дониста, барои дастрас гардонидани он ба шаҳрвандони ҷумҳурӣ шароити мувофиқ фароҳам меорад. Вазифаи асосӣ имрӯз аз фаро гирифтани ҳамаи кӯдакони синни мактабӣ ба таҳсилот, фароҳам овардани шароит барои инкишофи ҷисмонӣ, маънавӣ, зеҳнӣ ва фарҳангии онҳо, тарбияи онҳо дар руҳияи ватандӯстӣ, содиқ будан ба одату анъанаҳои миллӣ, ба забони давлатӣ, ба арзишҳои миллии халқи худ ва миллатҳои дигар, муносибати эҳтиромона ба оилаву ҷомеа иборат мебошад.
БОЛОРАВИИ САТҲИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ НАФЪИ ҶОМЕА АСТ
- Подробности
-
06 Сен 2019
Ман ҳаёти худро пурра ба омӯхтани таърихи худ бахшида, 58 сол ба таълиму тарбияи наврасон машғул будам, ба толибилмон аз фанни таърих дарс додам. Соли чорум аст, ки, чи тавре мегӯянд, даврони нафақавӣ мегузаронам. Аз мактаб дур шуда бошам ҳам, аз муваффақияту камбудиҳои соҳаи маориф хабардорам. Дар ин бобат бештар аз нашрияи «Набзи Файзобод» огоҳӣ меёбам. Маро пешравиҳои соҳаи маориф хурсанд мекунанд. Хусусан сохтмони таълимгоҳҳои нав бо шароитҳои талаботи замон, иштироки хонандагони муассисаҳои таълимии Файзобод дар олимпиадаҳои ҷумҳуриявию байналхалқӣ.
ТАЪЛИМ – ВАЗИФАИ МУҲИМ
- Подробности
-
14 Авг 2019
Мо медонем, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳомии ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони кишвар, ва умуман инсон, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, ҳамчунин кафили риояи қарордодҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.