Вт09102024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МАОРИФ

ВАКИЛИ МАҶЛИСИ НОҲИВӢ-ДОКТОРИ ИЛМ

Рӯзи 26 декабри соли 2019, вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии Гулафшон рақами 5 Раҷабов Сироҷиддин Икромович дар мавзӯи «Синтез, омӯзиши реаксияи боҳамтаъсиркунии ҳосилаҳои глитсерин бо аминокислотаҳо, пептидҳо, фуллерен С60 ва соҳаи истифодаи онҳо» барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои химия аз рӯи ихтисоси 02.00.03 - химияи органикӣ дисеертатсияи илмӣ дифоъ намуд.

Ҳимояи диссертатсия илмии С. Раҷабов дар ҷаласаи Шӯрои диссертатсионии 6D.КОА-003 назди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон бо иштироки узви Шӯро ва олимони шинохтаи соҳаи химияи мамлакат баргузор шуд.

Мақсади асоси аз   таҳқиқоти мазкур   ин кор карда баромадан ва такмил додани усулҳои синтези ҳосилаҳои нави функсионалии эпихлоргидрин, α-монохлоргидрини глитсерин ва α,γ-дихлоргидрини глитсерин, ки дар молекулаҳояшон боқимондаҳои аминокислотаҳо, пептидҳо, эфирҳои онҳо ва фуллерен С60 пайваст карда шудаанд, инчунин мубаддалшавии химиявӣ ва таҳқиқ намудани хосиятҳои физикӣ-химиявӣ ва биологии маҳсулотҳои нави ҳосилкардашуда мебошад.

Собитҳои физикӣ-химиявии моддаҳои ҳосилкардашуда, ҳамчун маводи маълумотӣ ба ҳисоб мераванд ва барои мутахассисоне, ки ба синтези пайвастҳои фаъоли биологӣ машғуланд, инчунин дар раванди таълим ҳангоми хондани лексия аз химияи органикӣ, биоорганикӣ ва курсҳои махсус аз манфиат холӣ набуда, донишҷӯён ва унвонҷӯён натиҷаҳои кори мазкурро мавриди истифода қарор дода метавонанд.

Мо низ Раҷабов Сироҷиддин Икромовичро бо ин дастоварди намоёни илмӣ   муборакбод намуда,дар соли нав барояш комёбиҳои нав ба навро тамнанно дорем.

                                                                                               "НФ".