Чт10012020

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

МАОРИФ

ОЗМУНИ "ФУРӮҒИ СУБҲИ ДОНОӢ КИТОБ АСТ" ДАР МУҲИТИ ОИЛА

 

Чуноне ки ба мо маълум аст, ба амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 5 феврали соли 2020 озмуни ҷумҳуриявии "Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст" ба муносибати сазовор пешвоз гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон   баргузор мешавад.

Ин, иқдоми наҷибро сокини деҳаи Заркамар, омӯзгор Тоҳиров Достӣ яке аз аввалинҳо шуда дастгирӣ намуд. Дар доираи омадагиҳо ба даври аввали озмуни мазкур ӯ дар доираи оилаи худ озмуни «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»-ро худ, миёни наберагону писаронаш ташкил кард. Омӯзгор аз моҳонаи худ ба маблати 300 сомонӣ барои ҳавасмандгардонии ғолибони озмун ҷудо намуд. Дар озмун зиёда аз 20 нафар фарзандону наберагони китобдӯсташ иштирок доштанд.

Озмун аз рӯи 3 номинатсия,- хондан ва аз ёд кардани осори адибони классики тоҷик, хондан ва аз ёд кардани осори адибони муосири тоҷик, хондан ва аз ёд кардани ашъори бачагона ва афсонаҳои халки тоҷик гузаронида шуд. Барои шаффоф гузаронидани озмун ҳайати ҳакамон аз ҳисоби омӯзгорони муассисаи № 26 интӣихоб гардида буданд. Баъди ҷамъбасти озмун ҳакамон ба хулосае омаданд, ки аз рӯи номинатсия якум ҷойи аввал насиби Тоҳирова Зарина, хонандаи синфи даҳум   дониста шуда сазовори 150 сомонӣ гардад.Ҷойи дуюм насиби Тоҳиров Муҳаммад хонандаи синфи 6-ум (аз рӯйи номинатсияи дуюм) гардида ба 100 сомонӣ сазовор шуд. Ҷойи сеюмро Тоҳирова Фараҳноз, хонандаи синфи 2-юм аз рӯйи номинатсияи сеюм (50 сомонӣ) гирифт.

Ёдовар бояд шуд, ки Тоҳиров Достӣ дар муассисаи таҳсилоти умумии асосии № 26 солҳои зиёдест ҳамчун роҳбари бадеӣ ва муаллими фанни суруд ба хонандагон дарс мегӯяд. Ӯ фарзанди иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ марҳум Тоҳиров Зоир мебошад. Бобои Зоир як умр ба ҳайси мудири китобхонаи деҳа кору фаъолият дошт. Дар нооромиҳои солҳои 1991-1997 ин китобхона бо захирааш аз байн рафт. Тоҳиров Зоир ҳангоми дар   ҳаёт буданаш аз ҳисоби маблағҳои ҷамъкардаи нафақааш   бинои дуошиёнаи китобхонаро ҳамчун макони илму маърифат, барои китобдӯстони мардуми деҳа сохта дар рӯзи китоб- 4 сентябри соли 2017, туҳфа кард. Китобхона дорои 3500   номгӯйи китобҳои бадеию бачагона мебошад.  

                                                                                       Сафаралӣ Мирзоев, омӯзгор аз деҳаи Заркамар.