Чт10012020

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

ГУФТАЕ ЧАНД АЗ НАВРӮЗ

Боз дар гӯшаи порисаи боми падарӣ

Лола мерӯяду қумри ба наво меояд.

Лона монанд, зи нав достакони сафарӣ,

Иди Наврӯз ҳама хонаи мо меоянд.

Инак, боз баҳори оламоро, баҳори оламафрӯз , баҳори гул ба сару гул ба бар бо худ Наврӯзро ҳамроҳӣ намуда, ба сарзамини мо қадам мегузорад. Инак, боз дар гӯшаи порисаҳо мурғакони хушилҳом лонагузорӣ мекунанд, боз лолаҳо мерӯянд, боз достакони сафарӣ ба манзилҳояшон бармегарданд. Ва боз дастархони идона, дастархони наврӯзӣ дар хонаҳои падарӣ густурда мешавад ва ҳамагонро даъват мекунад ба сӯи худ.

Наврӯз бо анъанаҳои пурҳикмат ва маҳфилҳои мардумӣ аз даврони пешин то рӯзгори мо бо шукӯҳу ҳашамат баргузор мегардад. Наврӯз аз қадимтарин ҷашнҳои мардуми ориёист, ки ба оғози солшумории шамсӣ ба якуми моҳи фарвардин (ҳамал) ва ё 21 марти солшумории мелодӣ баробар мешавад.

Сарчашмаҳои таърихӣ Наврӯзро ба давраи ҳукмронии Ҷамшед нисбат медиҳанд. Сабаби Наврӯз ном ниҳодан он будааст, ки чун донистанд, ки офтобро ду давр аст. Яке аз он, баъди ҳар 365 рӯз бо аввалин дақиқаҳои моҳи ҳамал меояд. Ҷамшед он рӯзро дарёфт ва Наврӯз ном ниҳод. Офтоб дар 365 рӯз ду давр мезанад ва ду давр, ки ба охир расид, сол поён ёфта фасли баҳор оғоз меёбад. Мувофиқи ривоятҳои халқӣ гӯё бахт ва файзу баракатро иблис ба одамон гардонда меорад ва ҳамонрӯзро Наврӯз меноманд.

Дар замони Сосониён тоҷикон хони Наврӯзиро бо ҳафт чиз таҳия менамуданд, ки онҳо бо ҳарфи «Ш» оғоз шаванд ва инро дастархони «ҳафтшин» меномиданд. Пас аз истилои араб «ҳафтшин» ба «ҳафтсин» мубаддал гардид. То ҳол мардум хони Наврӯзиро бо себ, сабза, сир, сабзӣ, санҷид, сипанд ва самбӯса оро медиҳанд.

Дар арафаи таҷлили ҷашни Наврӯз ҳар гуна маросимҳо доир намуда, аз ҳар гуна ранҷурию нохушӣ ва бебарориҳо худро пок сохта, Наврӯзро бо шодмонӣ, шодию нишот ва хони пур аз нозу неъмат истиқбол менамуданд, ки баъзе аз он маросимҳо то даврони мо омада расидаанд.

Сабзонидани ғалладона - маросимест, ки ҳанӯз дар аҳди Сосониён мардум 25 рӯз пеш аз Наврӯз гандум, ҷав, нахуд барин навъҳои ғалладонаро сабзонида аз рӯи сабзиши онҳо оғози сол ва корҳои деҳқониро пешгӯӣ мекарданд. Агар растании сабзида рост нашъунамо мекард, сол серӣ меомад. Ва агар сабза ба ҳар тараф паҳн мешуд, пешгӯи мекарданд, ки сол қаҳтӣ мешавад.

Чоршанбеи охирин – маросимест, ки дар Ҳисор, Рашт, Кӯлоб мардум бегоҳӣ чоршанбеи охири сол дар майдончаҳо, чорраҳаҳо гулхан даргиронида аз болои он себорӣ меҷаҳиданд ва ин суханонро такрор мекарданд: «Ранҷурию зардии ман аз ту, сурхию хуррамии ту аз ман». Ҳамчунин барои хушбахтии оянда кӯзаҳои холӣ ва зарфҳои сафолиро ба оташ партофта мешикастанд. Ин маросимро дар Рашту Мастчоҳ – «Чоршанбеи охирон» ва дар байни тоҷикони Хуҷанду вилояти Андиҷони Ҷумҳурии Ӯзбекистон - «Сафаркодҷӣ» мегуфтанд.

Гулгардонӣ аз ҷумлаи маросимҳои бачагона мебошад. Писаракону духтаракон пеш аз Наврӯз ба кӯҳҳо баромада, аз таги кӯрпаи барф гулҳои сияҳгӯшу бойчечакро чида меоварданд ва аз омадани баҳор хабар медоданд. Хона ба хона гашта суруд мехонданд:

Гулгардонем, ҷӯра гул гардонем,

Дар хонаи дӯсти худ мо меҳмонем.

Ин дастаи гул дасти ба даст аст имрӯз,

Чун умри азиз қадри гулро донем.

Мардум гули сияҳгӯшро аз дасти бачаҳо гирифта ба дидаҳояшон молида, ба худ шукр мекарданд, ки ба баҳори нав сиҳату саломат расиданд ва ба бачаҳо ҳар гуна инъомҳо - ғалладона ва пул медоданд. Ба истиқболи Наврӯз мардум хонаҳоро рӯбучину сафед мекарданд, бонувон худро оро медоданд, бачаҳову мардон либосҳои нав мепӯшиданд. Одамон зарфҳоро аз оби борон пур карда менӯшиданд, бо оби борон оббозӣ мекарданд, духтаракон дар таги борон сари луч суруд мехонданд:

Борони ҳамал,

Ба мӯям амал.

Мӯям дароз кун

Дарози соз кун.

Бошад, ки Наврӯзи имсола ба хонадони ҳар як тоҷику тоҷикистонӣ шодию фараҳ, хушбахтию бурдборӣ ва файзу баракат биёрад. Дар ватани азизамон ҳамеша сулҳ пойдор бошад ва хониши мурғони хушилҳом ба гӯш расаду Тоҷикистон ҳамеша гулгулшукӯфон бошад.

                                                                 Мунаввара Партоева, Гулбаҳор Киромиддинова,  мухбирони ҷамоатӣ.