Ср04082020

Last updateПт, 20 Март 2020 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

ХАБАРИ ИҶЛОСИЯИ ЯКУМИ МАҶЛИСИ ВАКИЛОНИ ХАЛҚИ НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД, ДАЪВАТИ ШАШУМ

 

                Рӯзи 16 марти соли 2020   Иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Файзобод, даъвати шашум доир гардид. Дар кори иҷлосия аз шумораи 39 нафар вакилони дар интихоботи 1 марти соли 2020 интихобгардида як нафар вакил бо сабабҳои узрнок иштирок надошт.

                Барои иштирок дар кори иҷлосия кормандони дастгоҳи раис, роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартиботи ҷамъиятӣ, ташкилоту муассиса, идора, хоҷагиҳо, намояндагони воситаҳои ахбори омма, роҳбарони ҳизбҳои сиёсии дар ноҳия фаъолиятдошта ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ даъват шуда буданд.

Бо пешниҳоди вакил   аз ҳавзаи интихоботии Муллотуғма №25 Расулова Навдагул Сафоевна ҳайати котиботи иҷлосия дар ҳайати се нафар: Раҳимов Музаффар Неъматович– вакил аз ҳавзаи интихоботии Чилчашма № 1, Ғафурова Шаҳноза Сатторовна - вакил аз ҳавзаи интихоботии Зебуниссо № 18 ва Очилов Алиҷон Каримович- вакил аз ҳавзаи интихоботии Гултеппа № 38 интихоб шуданд.

Раиси Маҷлиси вакилони халқи ноҳия   Раҷабзода Миралӣ ба муҳокимаи рӯзномаи иҷлосияи якуми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия масъалаҳои зеринро пешниҳод кард:

                - Дар бораи тасдиқи ваколатҳои вакилони навинтихобшудаи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, даъвати шашум

                - Дар бораи савганди вакили Маҷлиси вакилони халқ.

                - Дар бораи тасдиқи дастури Маҷлиси вакилони халқи ноҳия

- Дар бораи таъсиси комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия.

         - Дар бораи тасдиқи ҳайати комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия.

                - Дар бораи тасдиқи Низомномаи комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия.  

                - Дар бораи муқаррар намудани интихоботи такрорӣ дар ҳавзаи интихоботии Сари сафедхок № 26

                - Дар бораи тасдиқи амр ва қарорҳои раиси ноҳия.

Бо таклифи вакил аз ҳавзаи интизоботии Ҳаймаҳмадӣ № 4, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдулло Азизов ба рӯзномаи иҷлосия масъалаи тасъиси гурӯҳи ҳизбии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ворид гардид.

                Аз рӯи масъалаи якуми рӯзнома раиси Комиссияи ноҳиявии интихобот оид ба интихоботи вакилони Маҷлиси маҳаллии вакилони халқи ноҳия Каримов Искандарбаромад намуда иброз дошт, ки дар интихоботи 1 марти соли 2020 доиргардида аз 40 ҳавзаи интихоботӣ 96 номзад, аз ҷумла 76 нафар аз ҲХДТ, 5 нафар аз ҲКТ, 2 нафар аз ҲАТ, 2 нафар аз ҲИИТ ва 11 нафар ғайриҳизбӣ пешниҳод шуда буданд, ки дар маҷмӯъ   56 номзад тариқи худпешбарӣ мебошад. Рӯзи интихобот 39 нафар номзад вакил интихоб шуданд.

Иҷлосия ваколатҳои вакилони интихобшударо тасдиқ кард.

Мутобиқи моддаи 31 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи вазъи ҳуқуқии вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоят, шаҳри Душанбе, шаҳр ва ноҳия” вакилони Маҷлиси вакилони халқ баъди тасдиқи ваколатҳояшон дар иҷлосияи Маҷлиси вакилони халқ савганд ёд карданд.

Савганди вакилони Маҷлиси вакилони халқи ноҳия қабул карда шуд.

Аз рӯи масъалаи сеюми рӯзномаи иҷлосия роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Ш.Қ.Восеев баромад намуда, ба диққати вакилон дастури Маҷлиси вакилони халқи ноҳияро пешниҳод кард, ки он якдилона дастгирӣ ёфт.

Аз рӯи масъалаҳои чорум, панҷум ва шашуми рӯзномаи иҷлосия роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия Ш.Қ.Восеев баромад намуда, қайд кард, ки тибқи талаботи моддаҳои 8 ва 14 Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ” Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ваколатдор аст, ки барои баррасии пешакии масъалаҳои ба муҳокимаи иҷлосияҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳия пешниҳодшаванда, назорати иҷрои қарорҳо, мусоидат ба татбиқи қарорҳои Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва санадҳои меъёрию ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон комиссияҳои доимӣ ва муваққатӣ таъсис дода, ҳайат ва Низомномаи комиссияҳои доимиро тасдиқ намояд.

Вакилон комиссияҳои доимии Маҷлиси вакилони халқи ноҳия, ҳайати пешниҳодшуда ва Низомномаи онҳоро тасдиқ карданд.

Ҳамчунин роҳбари дастгоҳи раиси ноҳия масъалаҳоро дар бораи муқаррар намудани интихоботи такрорӣ дар ҳавзаи интихоботии Сари сафедхок № 26 ва дар бораи тасдиқи қарор ва амрҳои раиси ноҳия, ки аз тарафи Маҷлиси вакилони халқи ноҳия тасдиқ карда мешаванд, манзури вакилон гардонд. Вакилон масъалаҳои мазкурро ҷонибдорӣ карданд.

Сипас таклифи вакили ҳавзаи интихоботии Ҳаймаҳмадӣ № 4, раиси кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдулло Азизов дар бораи ташкили гурӯҳи вакилӣ аз ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия мавриди муҳокима қарор гирифт. Дар ҳайати 37 нафар вакилон гуруҳи вакилӣ таъсис дода шуда, вакил аз ҳавзаи интихоботии Ҷавонон 23 Акрамзода З.А раиси гурӯҳ интихоб гардид.

Дар анҷоми кори иҷлосия раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ баромад намуд, изҳори боварӣ кард, ки вакилони тозаинтихоби Маҷлиси вакилони халқи ноҳия қувваю ғайрат ва донишу маҳорати худро баҳри мақоми Маҷлиси вакилони халқи ноҳия дар роҳи татбиқи дастуру супоришхои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, иҷрои нақшаҳои тарҳрезишуда ҷиҳати таҷлили сазовори Ҷашни 30 – солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дареғ намедоранд.

Дар оғоз ва анҷоми кори иҷлосия Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон садо дод.

“НФ”.