Сб07042020

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

ТАБРИКОТИ РАИСИ НОҲИЯ, УЗВИ МАҶЛИСИ МИЛЛИИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАҶАБЗОДА МИРАЛӢ БАХШИДА БА ТАҶЛИЛИ ҶАШНИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «НАВРӮЗ»

Ҳамдиёрони азизу гиромиқадр!

Имрӯзҳо ба сарзамини зебову соҳибистиқлоли тоҷикон боз Наврӯзи хуҷастапай қадами фархунда ниҳода, ҳусну таровати ин мулки биҳиштосоро фарри дигар бахшидааст. Ба ин муносибат хурду бузурги диёрамонро самимона муборакбод мегӯям.

Асрҳо боз гузаштагонамон бо пазмониҳои зиёд ин иди миллиро интизор шуда, онро бо омодагиҳо ва як ҷаҳон шодию фараҳ истиқбол менамуданд. Дар ин айёми эҳёи табиат, бедор гардидани замин, замони шукуфтанҳову растанҳо мардумонамон аз қадим чун анъана ба кишту кор, корҳои ободонию созандагӣ машғул гардида, хонаву дар, деҳу диёрро тозаву озода менамоянд. Деҳқон ба замин донаи умед пошида, баҳри зебову мунаққаш гардонидани атроф дарахту гулбуттаҳо мешинонад.

Мардуми тоҷик аз қадимулайём дар арафаи ҷашни Наврӯз тибқи дастуру анъанаи ниёгон ботини худро аз андешаҳои носолим пок месозанд, либоси идона ба бар намуда, ба аёдату муборакбодии якдигар мераванд, ба ятимону пирон, барҷомондагону ниёзмандон дасти сахову мурувват дароз менамоянд, дар ҳаққи якдигар дуои нек мекунанд.

Чӣ тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қайд намудаанд: «Ҷашни Наврӯз васлгари дирӯзу имрӯз, ҳимоятгари суннатҳои волои ниёгон, решапайванди наслҳо, бозгашт ба асли хеш ва эҳёи беҳтарин расму ойин ва антъанаҳои миллиамон мебошад».

Бояд қайд намоем, ки ҷашни Наврӯз дар замони соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷилои тоза касб намуда, дар баробари идомаи анъанаҳои неки ниёгон бо мазмуну симои пав зуҳур намуда истодааст. Маҳз бо шарофати Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мардуми кишвар имрӯз ин иди хуҷастаи аҷдодиро дар фазои озоду пурфараҳ таҷлил менамоянд.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ ба хотири арҷгузорӣ ба арзишҳои милливу фарҳангӣ, аз ҷумла ҷиҳати боло бурдани эътибору мартабаи Наврӯз тадбирҳои мушаххас анҷом медиҳанд.

Боиси хурсандии зиёд аст, ки сокинони ноҳияи Файзобод дар қатори мардуми меҳнаткарини кишвар дар арафаи Наврӯзи имсола корҳои ободониро беш аз ҳарвақта вусъат бахшида, дар тозаю озода намудани кӯчаю хиёбонҳо, маҳалҳои зист, бунёди боғу токзорҳо, шинонидани дарахтони ороишию гулбуттаҳо саҳми арзанда гузошта истодаанд.

Мо, хурду бузурги диёр, бояд аз он шукргузор бошем, ки баҳори нозанинро дар фазои истиқлолияти комил, сулҳу субот ва ваҳдату якдилии сокинони кишвар истиқбол менамоем.

Ҳамдиёрони азиз! Бо истифода аз ин фурсати муносиб тамоми сокинони ноҳияро ба ҷашни Наврӯзи аҷам табрику муборакбод гуфта, ба ҳар яки Шумо саломатӣ, хотири ҷамъ, рӯзгори хушу осуда ва ба ҳар як хонадони диёр файзу баракат таманно мекунам.

Ҷашни муқаддасу фархундаи Наврӯз муборак,!