Ср04082020

Last updateПт, 20 Март 2020 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

НАВИДҲОИ НАВРӮЗӢ

Кишоварзони ноҳия аз рӯзҳои офтобии арафаи иди Наврӯз босамар истифода намуда, рафти кишту кори баҳориро метезонанд. Аллакай ҷамъи кишти ғалла дар хоҷагиҳои ноҳия ба 1674 гектар расонида шуда то охири мавсим он ба   2500 гектар расонида мешавад.

Кишоварзон соли равон дар майдони 600 гектар   картошка   ва дар майдони ба 700 гектар сабзавот кишт карданиянд. Дар хоҷагиҳои минтақаи поёнии ноҳия, ки баҳор барвақтар оғоз мегардад, алакай дар майдони 10 гектар картошка ва дар майдони 25 гектар пиёз кишт намуданд. Тарадуди боғпарварон низ имрӯзҳо хеле зиёд аст. Айни ҳол   озуқадиҳӣ ва дигар корҳои фаровонҳосилӣ дар майдони 5863 гектар боғи себ ва 421 гектар   токзор бо суръат идома дорад.

Натиҷаи ба даст овардани парандапарварон шоистаи таҳсин аст. Парандапарварони ҶДММ «Ганҷи ҳилол» то рӯзи таҷлили Наврӯзи аҷам истеҳсоли тухмро ба 20 миллион дона расонданиянд.

Кишоварзони ноҳия дар соли равон мақсад доранд, ки аз иҷрои нақшаи истеҳсоли ҳамаи маҳсулотҳои хоҷагии қишлоқ баромада, дар таъмини бозори истеъмолӣ саҳм бигиранд.

Т. СОҲИБНАЗАР.