Вт07172018

Last updateПн, 16 Июль 2018 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

ЗАҒИРИ ФАЙЗОБОД КАЙ ТАМҒАИ САНОАТӢ МЕГИРАД?

 

Хонаи тоҷикро бе шакароб тасаввур кардан метавон? Ҳар гоҳ ки модарон хамир мекунанд, фатир ҳам мешӯранд, то шакароб тайёр кунанд. Агар он дӯғӣ нею бо обу равғани зағир омода гардад, чӣ қадар таъми хуш медиҳад?! Ё вақте гардсӯз (ордбирён) ба сифати субҳона бо равғани зағир пухта мешавад, лаззаташ дар даҳон мешинад ва бӯйи хуши он дер гоҳ боқӣ мемонад. Оши ба равғани зағир ҳам ҳузуру ҷони касест, ки гирифтори дарди фишорбаландӣ набошад.

Подробнее...

ҲУНАРМАНДОНИ СЕРМАҲСУЛ

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон соли 2018 «Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон гардид.

Дар ҳашт деҳаи ҳудуди ҷамоати калонтарини ноҳия - ҷамоати деҳоти Мискинобод низ ҳунармандон ба офаридани асбобҳои мусиқӣ - най, ғижак, рубобу дутор, думбра, дойра, ҳамчунин табақ, қошук, кафлес ва ғаӣра машғуланд.

Подробнее...

14 ИЮН БА ТАЪСИСЁБИИ НОҲИЯИ ФАЙЗОБОД 87 СОЛ ПУР ШУД- КИШВАРЕ АЗ ВАШГИРД ЁДГОР

 

 Ҳар кӣ аз ин мулк бо табъи равоне меравад,

Меҳри Файзобод дар дил бо ҷаҳоне меравад.

 Санаи 14 июни соли 1931 барои ноҳияи Файзобод ҳамчун рӯзи ҷудокунии марзи ҳудудӣ ва  шинохти маъмурӣ дар даврони шӯравӣ эътироф гардидааст. То ба ин рӯз, пас аз сарнагун шудани Аморати Бухоро ва ташкил гардидани Ҷумҳурии Шӯравии Халқии Бухоро, Файзобод яке аз туманҳои водии Ҳисор маҳсуб мешуд. Вақте Ҷумҳурии худмухтори Тоҷикистон (соли 1924) ва Ҷумҳурии Советии Сотсиалистии Тоҷикистон (соли 1929) ташкил ёфтанд, ҳудуди имрӯзаи Файзобод (ба ғайр аз ҷамоатҳои деҳоти Чашмасор, Қалъаидашт ва Мискинобод) дар тобеияти ноҳияи Янгибозор, шаҳри Ваҳдати ҳозира қарор дошт. Мустақилияти ноҳияи Файзободро Кумитаи Иҷроияи Марказии РСС Тоҷикистон бо қарори № 32 аз 14 июни соли 1931 қонунӣ гардонд.   Ба тобеияти ноҳияи Файзобод нуҳ ҷамоат дохил мешуд: Файзобод, Гумбулоқ, Хоҷамард, Дубеда, Диишо, Шолипая, Норак, Чакалӣ, Меҳрозӣ, ва қисми деҳаҳои ҷамоати Яккабед (аз рӯи салоҳдиди кумитаҳои иҷроияҳои Файзободу Янгибозор). Маркази ноҳияи Файзобод деҳаи Дарагиён муқарар карда шуда буд.

Подробнее...

ДӮСТИИ ТОҶИКОНУ УЗБЕКОН ПОЯНДА БОД!

Насими дӯстии мо вазон аст,

Баҳори ошноён бехазон аст.

Бистуҳафтумин баҳори соҳибистиқлолӣ барои халқҳои тоҷику ӯзбек, ки дӯстию решапайвандиашон аз қаъри асрҳо об мехӯрад, пайки шодию нишот, ҳамбастагӣ ва ҳамдилӣ овард.

Подробнее...

БЕМОРИИ БРУТСЕЛЛЁЗ ЧИСТ?

 

Солҳои охир, хусусан дар ҳудуи як қатор ҷамотҳои ноҳия бемории сироятии буғумдард (брутселлёз) хурӯҷ кардааст. Аз сабаби риоя накардани ҳолати беҳдоштӣ шумораи гирифторони бемории буғумдард зиёд шудааст, ки, албатта, ин ташвишовар ва боиси хароҷоти зиёди беморон шудааст.

Подробнее...

ОБУ БАРҚ

 

ЧАРО МАРДУМ ҲАҚҚИ ИСТИФОДАБАРИРО САРИ ВАҚТ НАМЕСУПОРАНД?

Чун вакили мардумӣ борҳо шоҳиди он мегардам, ки қариб дар ҳар  маҷлиси ҷамоати шаҳрак масъулон ва мардум сари масъалаи вазъияти таъмини обу барқ, напардохтани ҳаққи истифодаи он гуфтугузор мекунанд. Дар рафти муҳокимаҳо масъулон айбро болои мардум бор мекунанду мардум баракс. Ва мо барои рӯшанӣ андохтани ин баҳсҳои беохиру беҷавоб суҳбате доштем бо намояндагони ин муассисаҳои хизматрасон.

Подробнее...

МУАРРИФГАРИ САНЪАТИ НИЁГОН

Тоҷикон дар рушди фарҳанги башарӣ аз замонҳои бостон то имрӯз бо ҳунарҳои гуногуни мардумии худ ҳиссаи арзанда гузоштаанд. Агар ба сарчашмаҳои таърихӣ, бозёфтҳои бостоншиносӣ, осори адабии классик ва рӯзгори кунунии мардуми тоҷик назар андозем, пеши рӯ ҳунарҳои зебое ҷилвагар мешаванд, ки ҳазорон сол умр доранд.дар тӯли солҳо мо нишонаҳои фарҳанги бостонии хешро дар пайванд бо табиат, инкишоф додем. Ин нукта дар “Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон» садо дод

Подробнее...

МАЪЮБОН БО МО БАРОБАРАНД

Бо мақсади баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии ҷомеа аз ҳифзи ҳуқуқҳои маъюбон бахшида ба «Рӯзи маъюбон ва пиронсолони Ҷумҳурии Тоҷикистон» имрӯзҳо дар саросари мамлакат чорабиниҳои гуногуни маърифатию сиёсӣ ва оммавию варзишӣ ташкил ва баргузор гардида истодааст. Дар ҳамин замина, бо дастгирӣ ва маблағгузории Хазинаи маъюбони Финландия “Абилис” дар Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи «Баланд бардоштани сатҳи маълумотнокии ҷомеа оид ба Конвенсияи СММ дар бораи ҳуқуқуи маъюбон ва ба тасвибрасонии он дар Тоҷикистон» чанде пеш чорабинии зикргардида гузаронида шуд, ки шарикони лоиҳаи мазкур ташкилоти ҷамъиятии «Пешравӣ», Иттиҳодияи миллии маъюбони Тоҷикистон, Ҷамъияти маъюбони шаҳри Душанбе-“Имконият”, Ассотсиатсияи волидони кӯдакони имконияташон маҳдуд ва Созмони занони маъюб- “Иштирок” дар ҷараёни он ҳамоҳангсоз буданд.

Подробнее...

НОЛАИ ҶОНСӮЗИ ПАДАР

Падару модар дарахти сабзи низоми ҳар як халқият аст, ки фарзандон меваҳои шодоби он мебошанд. Волидайн замини пурбаракатеанд, ки бо неруи меҳрашон метавонанд насли наврасро барои рушду шукуфоии ояндаи миллат роҳнамоӣ кунанд.

Подробнее...

Подкатегории