Сб07042020

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ИҶТИМОЪ

ВАКИЛБОНУВОН

Дастгирии ҳамаҷонибаи занону ҷавондухтарон ва ба вазифаву мансабҳои роҳбарикунанда гузоштани онҳо яке аз самтҳои сиёсати пешгирифтаи ҳукумати мамлакат ба ҳисоб меравад. Мисолаш ин ки дар маъракаи интихоботи вакилон ба Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз шумораи 40 ҳавзаи интихоботӣ 12 нафар занон пирӯз гардида, курсии вакилиро соҳиб шуданд. Арафаи иди модарон ба хонанда муаррифӣ кардани исми чунин занони пешсаф арзанда аст.

Ҳомидова Сайёра Абдуҷалиловна, вакил аз ҳавзаи интихоботии Чилчашма-2, №2. Соли таваллудаш 1979, мудири боғчаи бачагонаи №2, сокини Ҷамоати деҳоти Бӯстони ноҳияи Файзобод.

Мӯсоева Мунира Муҳаббатовна, вакил аз ҳавзаи интихоботии Бӯстон №3. Соли таваллудаш 1985, омӯзгори МТМУ №3, сокини Ҷамоати Бӯстони ноҳияи Файзобод.

Раҷабзода Нурия Ҷунайд, вакил аз ҳавзаи интихоботии Устошамс №6, соли таваллудаш 1970, муовини раиси ноҳия, сокини Ҷамоатидеҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод.

Табарова Моҳбӣ Ҷалоловна, вакил аз ҳавзаи интихоботии Лолагӣ №10, соли таваллудаш 1971, мудири боғчаи №4, сокини Ҷамоати деҳоти Вашгирди ноҳияи Файзобод.

Ғафурова Шаҳноз Сатторовна, вакил аз ҳавзаи интихоботии Зебуниссо №18, соли таваллудаш 1978, директори матбааи ноҳия, сокини Ҷамоати шаҳраки ноҳияи Файзобод.

Қурбонова Ҳадиса Фирдавсиевна, вакил аз ҳавзаи интихоботии Ҷомӣ №19, соли таваллудаш 1981, раиси ҷамъияти матлубот, сокини Ҷамоати шаҳраки ноҳияи Файзобод.

Расулова Навдагул Сафоевна, вакил аз ҳавзаи интихоботии Мулотуғма №25, соли таваллудаш 1965, мутахассиси Ҷамоати деҳоти Ҷавонон, сокини Ҷамоати деҳоти Ҷавонони ноҳияи Файзобод.

Азизова Мавлуда Абдуҷабборовна, вакил аз ҳавзаи интихоботии Чашмасор №27, соли таваллудаш 1972, директори МТМУ №34, сокини Ҷамоати деҳоти Чашмасори ноҳияи Файзобод.

Раҷабова Райҳона Муҳаббатуллоевна, вакил аз ҳавзаи интихоботии Очилдӣ №29, соли таваллудаш 1989, омӯзгори МТМУ №9, сокини Ҷамоати деҳоти Қалъаидашти ноҳияи Файзобод.

Шарифова Зебуниссо Амирхоновна, вакил аз ҳавзаи интихоботии Элок-2 №32, соли таваллудаш 1972, котиби Ҷамоати деҳоти Қалъаидашт, сокини Ҷамоати деҳоти Қалъаидашти ноҳияи Файзобод.

Маҷидова Қумриниссо Султоновна, вакил аз ҳавзаи интихоботии Сарой №39, соли таваллудаш 1986, сардухтури беморхонаи минтақавии Мискинобод, сокини Ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод.

Ғиёсова Саломат Насриддиновна, вакил аз ҳавзаи интихоботии Муминобод №40, соли таваллудаш 1975, мутахассиси пешбари шуъбаи маорифи ноҳия, сокини Ҷамоати деҳоти Мискинободи ноҳияи Файзобод.