Пт11172017

Last updateПт, 10 Нояб 2017 3pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

СИЁСАТМАДОРИ ВАРЗИДАЮ МУБОРИЗИ ФАЪОЛИ СУЛҲУ ОСОИШ

16 НОЯБР -

РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

Хушсурату хушқомате чун Рустами Дастон,
Хотири адолат шуда эҳё Анӯшервон.

Дар рӯзи ғами миллати бечораю сарсон,
Дар байни заминею само волаю ҳайрон.

Оре, ӯ диле дошт пур аз меҳр ба миллат,
Аз сӯйи Худованд бишуд Раҳбари давлат.

Ҳар ҷо, ки сухан дар бораи шахсиятҳои барҷастаи миллат меравад, кас барои изҳори андеша ба душворӣ мувоҷеҳ мегардад. Зеро зиндагии чунин шахсиятҳо худ намунаи муборизаву азхудгузаштанҳо ва ҷоннисориҳост. Вақте ки таҷлили Рӯзи Президенти Тоҷикистон дар кишвари мо роҳандозӣ гардид, пешорӯи ҳар як фарди аз хурд то бузурги ин миллат хизматҳои аз доираи андеша берун, матонату ҷасорати аз андоза беруни ин марди шариф ҷилвагар мешавад. Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки яке аз сиёсатмадорони варзидаи ҷаҳони муосир, муборизи фаъоли арсаи сулҳу осоиштагӣ дар тамоми дунё шинохта мешавад, тавонист бо неруи ақлу заковати азалӣ ва донишу фазилати баланд кишвари ҷангзадаи моро дар як муддати нисбатан кӯтоҳ аз бӯҳрони офатбори ҷанги бародаркушӣ наҷот диҳад. 

Президенти ҶТ, Сарвари давлат ва Ҳокимияти иҷроия, ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, кафили истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, мураттабии фаъолияти мақомоти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмиллалии Тоҷикистон мебошад.
Заминаи таърихии ин ид 6 ноябри соли 1994 мебошад, ки бо баргузории нахустин интихоботи президентӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ гардид ва Эмомалӣ Раҳмон баъд аз маросими савгандёдкунӣ ба вазифаи Президенти ҶТ, ки Конститутсияи Тоҷикистони соҳибихтиёр муқаррар намудааст, шурӯъ намуд. Рӯйдоди мазкур дар таърихи навтарини Тоҷикистон ҳамчун рӯзи қабули нахустин Конститутсияи давлати соҳибистиқлол ва зуҳуроти ягонагии миллату давлат боқӣ мондааст. Баъди қабули Конститутсия ва интихоби Президент аз соли 1994 дар таърихи навини кишварамон марҳалаи нав оғоз ёфт. Ва барои беҳтар шудани зисту зиндагии мардум шароити мусоид фароҳам омад. Бо назардошти ҳамаи ин бояд таъкид намуд, ки Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро мо бояд ҳамасола ба таври бошукӯҳ таҷлил намоем, чунки Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон ҳамчун шахсияти барҷастаи миллат, ки дар бунёди низоми давлатдории Тоҷикистони соҳибистиқлол, барқарорсозии сохти конститутсионӣ, ба даст овардани сулҳу ваҳдати миллӣ саҳми беназир гузошта,тибқи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1994 дар асоси овоздиҳии умумихалқӣ аввалин Президенти ҶТ интихоб шуда, дар эъмори давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоӣ нақши арзанда дошта, миллатро аз парокандагӣ, давлатро аз нестшавӣ ва халқро аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо карда, дар рушди сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва таърихиву фарҳангии давлати мустақили Тоҷикистон хизматҳои бузурги тақдирсоз намудааст.
Муҳимияти таҷлили Рӯзи Президенти ҶТ дар он аст, ки мардуми мо бояд фаъолияти пурсамару ибратбахши Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистонро қадр намоем, зеро маҳз бо шарофати ӯ ва сиёсати пешгирифтаву муваффақонааш ӯ дар роҳи ободии ватан, арҷгузорӣ ба таърихи бостонии миллат ва ташаббусҳои созандаи ӯ ҷомеаи ҷаҳонӣ ба Тоҷикистон бо нигоҳи боэътимоду хайрхоҳона назар дорад.
Гузашта аз ин, рақамҳо гувоҳи ҳоланд, ки танҳо дар даврони сарварии ин марди содиқу бошарофат, кишвари ҷангзадаю аз лиҳози иқтисодиёт дар пояҳои поёнӣ қарордоштаи мо, ҷаҳиши бузургеро пушти сар намудааст. Зеро дар тамоми соҳаҳо мо ба маротиб ба муваффақияту пешравиҳо ноил гардидаем. Ҳамаи ин бо розигии Худованд ва ҳидояту раҳанамоӣ ва роҳбарии хирадмандонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мардуми мо даст додааст. Аз ин хотир аст, ки тамоми мардуми кишвар таҷлили ин ҷашни ба дил наздикро бо қалбҳои саршор аз муҳаббат ва миннатдории самимӣ аз чунин раҳбари хирадманду закӣ пешвоз мегиранд.

ЧОРАБИНИИ ИДОНА

Ба ифтихори бистусеюмин солгарди қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар толори филармонияи халқии ноҳия чорабинии идона бо шукӯҳу шаҳомати хосса баргузор шуд. Раиси ноҳия, узви Маҷлиси милии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Миралӣ зимни баромади худ ҳозиринро ба ин Рӯзи хотирмон муборакбод намуд. Раиси суди ноҳия Қудратзода С.Қ. аз аҳамияти таърихии ин ҳуҷҷати тақдирсоз сухан кард.
Дар анҷоми чорабинии идона санъаткорони ноҳия бо ҳунарнамоии худ табъи ҳозиринро болида гардониданд. Чунин чорабиниҳои идона дар ташкилоту муассисаҳои ноҳия баргузор шуда, аз эҳтирому арҷгузории сокинони ноҳия ба ин ҳуҷҷати муҳими тақдирсози миллат гувоҳӣ медиҳад.

“ДАҲСОЛАИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ ОБ БАРОИ РУШДИ УСТУВОР” ОБИ ТОЗА

Яке аз бузургтарин муъҷизаи табиат, ин офариниши об дар сайёраи замин аст. Ба ақидаи олимони соҳаи табиатшиносӣ 3 – 3,5 миллиард сол пеш аз ин организмҳои зинда маҳз дар об ба вуҷуд омадааст. Дар ҳақиқат об неъмати ҳаётан муҳим барои ҳар як мамлакат ва сокинони он мебошад. Одамон аз замони қадим ин ҷониб тақдири худро бо об пайваст кардаанд. Маҳз аз давраҳои қадим инсоният дар соҳилҳои дарёҳои бузурги Нил, Сиру Ому,   Волга, Рейну  Дунай мезистанд, барои ризқу рӯзии худ кишту кор мекарданд. Норасоии оби тозаро имрӯз аз се як ҳиссаи аҳолии сайёра ҳис мекунанд. Оби тоза шарти асосии ҳаёт ва ҷузъи таркибии тамоми унсурҳои биосфераи сайёра мебошад. Ҷойгиршавии оби тоза дар сайёра нобаробар аст. Беш аз 2 миллиард нафар одамон норасоии шадиди ин неъмати Худододро эҳсос мекунанд. Бо баробари рушди муносибатҳои демографӣ масъалаи оби тоза торафт мураккабтар мегардад.  Таваҷҷуҳи ҷомеаи ҷаҳониро ба оби ошомиданӣ ба назар гирифта Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар баромадаш чунин қайд карданд: «Ҳамагон бояд фаҳманд, ки арзишмандии оби тоза на камтар аз арзишмандии нафт, газ ва дигар навъҳои сӯзишвориву манбаъҳои энергия барои ояндаи босуботи кишвар ва минтақа мебошад».

Дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 55, 4 фоизи ҷараёни миёнаи бисёрсолаи дарёҳо аз ҳавзаи баҳри Арал ташаккул меёбад. Аз ин рӯ, арзишмандии истифодаи оби ошомиданиро ба эътибор гирифта, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз декабри соли 2001 таҳти № 551 «Дар бораи тасдиқи консепсияи истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»   қарор қабул кард.

Обро минерали нодиртарини захираҳои табиӣ арзёбӣ намудаанд. Ягон моддаи дигар обро иваз карда наметавонад. Шукрона аз он, ки дар диёри азизи мо ин муъҷизаи нодир бештар ба назар мерасад. Захираҳои оби тоза ва зулол, обҳои шифобахш дар Ҷумҳурии Тоҷикистон хело зиёд аст. Обҳои ошомиданӣ дар кӯлҳои Сарез, Зоркул, Яшикул, Искандаркул ҷойгир шудааст. Захираҳои обҳои Тоҷикистон бештар дар пиряхҳо дида мешавад. Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон 8492 пирях ба ҳисоб гирифта шудааст, ки асоси оби тозаи ошомиданиро ташкил медиҳад. Ҳар яки моро зарур аст, ки ба ҳифз кардани оби тоза ва сарсабзу хуррам гаштани диёри офтобиамон камари ҳиммат бандем. Дар ин бора дар қонуни ҳифзи табиат омадааст: «Фарзанди инсон, ки худ зодаи табиат аст, фақат дар ҳолати доштани меҳру муҳаббат ба табиат метавонад ватанпарвар бошад». Муҳимтарин роҳи ҳифзи оби тоза ин пеш аз ҳама истифодаи оқилонаи он мебошад. Тоза нигоҳ доштани оби тоза ин гарави саломатии инсоният мебошад.

ҲАМОИШИ ҶАВОНОН БА ИФТИХОРИ РӮЗИ КОНСТИТУТСИЯ

Конститутсия ин бахтномаи миллат, ин шаҳқонунест, ки тамоми арзишҳои умумибашарӣ, миллӣ ва уҳдадориҳои шаҳрвандонро дар худ таҷассум мекунад. Ин аст, ки ҳамасола дар сар то сари кишвар 6 ноябр рӯзи Конститутсия ҷашн гирифта мешавад. Ба ҳамин хотир рӯзи 2 ноябри соли равон дар толори хурди театри халқии ноҳия мизи мудаввар дар мавзӯи «Конститутсия кафили боэътимоди давлати демократӣ» бахшида ба 23-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ибтикори Бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия доир гардид. Дар ҳамоиши илмӣ кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва фаъолҷавонон иштирок намуданд. Сафарбек Нурзода мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа баромад намуда, маълумотҳои илмии ҷолиберо ба мо, ҷавонон пешниҳод намуданд. Боиси қайд аст, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ бо ҷавонони фаъол ҳамкорӣ мекунад. Суҳбати озод дар ин ҳамоиш имкон дод, ки маълумотҳои наву тозаро оиди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати ҷавонон пайдо кунем. Дар анҷоми ҳамоиш ҷавонон ба барпокунандагони чунин чорабинии маърифатӣ изҳори миннатдорӣ баён намуданд.

5 октябр - Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ЗАБОНИ ТОҶИКӢ Забони модарии тоҷикони дунё

Забон яке аз бузургтарин муқаддасот ва шиноснома барои ҳар як  халқу миллат ба ҳисоб меравад.  Аз замонҳои қадим то имрӯз дар тамоми дунё ҳамаи халқу миллатҳоро аз рӯи забон, фарҳанг ва таърихашон мешиносанд ва эътироф менамоянд.  Забони ноби тоҷикӣ, ки ҳамчун як забони  қадима шинохта мешавад, таърихи беш аз ҳазорсола дорад. Гарчанде ҳарфҳои тоҷикӣ бо ҳарфҳои крилӣ иваз шуда бошад ҳам, вале забони тоҷикӣ иваз нашудааст ва ҳамаи калимаҳои тоҷикӣ сохт ва мазмуни худро гум накардаанд.

Бо вуҷуди гирумонҳои таърихӣ, забони тоҷикӣ ҳанӯз ҳам тоза ва бидуни нуқсон аст.  Барои тозаю бенуқсон ва аз байн нарафтани забони тоҷикӣ бузургону донишмандони халқи тоҷик талошҳои зиёде намуда, осори бузургу  гаронбаҳоеро дар хазинаи забони тоҷикӣ ба вуҷуд овардаанд ва маҳфуз нигоҳ доштаанд.

Барои бегазанд нигоҳ доштани забони нобу шевои тоҷикӣ саҳми асосгузори адабиёти классикии тоҷик Абӯабдуллоҳи Рӯдакӣ басо бузург аст. Ин мутафаккири барҷастаи адабиёти тоҷик дар давраҳои басо душвори таърихӣ барои ҷовидонӣ нигоҳ доштани забон ва адабиёти халқи тоҷик  заҳмат кашида, бо сабки хоси худ назми тоҷикро устувор гардонида, асарҳои гаронбаҳое эҷод намудааст, ки то имрӯз забон ва адабиёти тоҷикро муаррифӣ менамоянд. 

То имрӯз дар аксари кишварҳои шарқӣ бисёре аз калимаҳои тоҷикиро истифода мебаранд. Агар ба сухангӯиҳои халқҳои Ҳиндустон, Покистон, Туркия ва чанде аз кишварҳои дигари шарқ аҳамият диҳем, бештари калимаҳое, ки онҳо истифода мебаранд, калимаҳои тозаи тоҷикӣ мебошад. Барои мисол ба калимаҳои тоҷикие, ки дар забони ӯзбекӣ истифода мебаранд, аҳамият диҳем, пасванди “лар”-ро илова намуда истифода мебаранд.  Инчунин дар забони ҳиндӣ бошад, калимаҳои тоҷикӣ бо пасванди “ҳе” истифода бурда мешавад.

Бояд қайд намоям, ки  дар баробари рушд ёфтани илму техникаи муосир дар забони тоҷикӣ калимаҳои муосири аврупоӣ ворид гардидааст, ки дар забони гуфтугӯӣ бештар истифода мешавад.  Барои тарҷума ва маънипардозии калимаҳои аврупоӣ, хусусан калимаҳои техникӣ ва иттилоотӣ бояд олимону донишмандони соҳаи забон бештар кор баранд. Вале аз ҷиҳати дигар аксари калимаҳои техникию иттилоотӣ ҳамчун ифодаҳои байналмилалӣ тарҷума намешаванд.

Мушкилоти дигаре, ки дар замони имрӯза ба вуҷуд омадааст, ин истифодаи нодуруст ва ғалатнависии калимаҳои тоҷикӣ мебошад, ки ин ба дигаргуншавӣ ва қолабшикании калимаҳои тоҷикӣ оварда мерасонад.  Дар бештари мавридҳо бо шакли нодурусти калимаҳо, ки дар шиору овезаҳо ҷой дода шудааст, во мехӯрем.

Барои дуруст ва бегазанд нигоҳ доштани забони модарӣ-забони тоҷикӣ ҳар як шаҳрванди Тоҷикистони азиз вазифадор аст. Аз ин рӯ мо бояд ҳамеша баҳри ҳифзи забони давлатӣ ва тоза нигоҳ доштани он талош намоем, зеро забони тоҷикӣ забони модарии мост.  

ШОҲНОМАХОНИИ МАКТАБИЁНИ НОҲИЯ ДАР ДУШАНБЕ

Дар доираи  баргузории ҷашнвораи ҳафтуми  байналмилалии «Китоби Душанбе», ки дирӯз  дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи С. Айнӣ ифтитоҳ ёфт, намояндагон аз Россия, Ӯзбекистон, Туркманистон, Қазоқистон, Қирғизистон, Туркия, Франсия, Украина, Беларус, Корея, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Покистон, Афғонистон, Чин, ИМА ва Британия ширкат доранд. Дар намоишгоҳ баробари намоиши  маводи чопию таҷҳизоти полиграфӣ,  инчунин дар доираи он барномаҳои гуногун, аз қабили маҳфилҳои шеъру суруд, муаррифии китобҳои тозанашр, суҳбату озмунҳо дар назар аст.

 Аз ҷумла   шогирдони муассисаҳои таълимии ноҳияи мо ҳам  дар маҳфили «Шоҳномахонӣ»  ширкат намуда, сазовори таҳсини  меҳмонони ин ҷашнвора гардиданд.

КӮПРУКИ НАВ ДАР ЗАРКАМАР

Аҳолии деҳаи Заркамари Ҷамоати деҳоти  Мискинобод бо маром меафзояд. Аз байни деҳа дарёчае мегузарад. Рӯзҳои боронӣ дарёча пур аз об шуда аз соҳил берун баромада, ба киштзори сокинони деҳа хисороти зиёд ворид мекард. Соҳибкор Бобокалон Ҷамилов  барои мушкилоти аҳолиро  осон кардан сангу шағали дарёчаро ба соҳил бароварда, соҳилмустаҳкамкуниро амалӣ карда, дар болои дарёча бо маблағи шахсиаш пули нав сохт, ки дар арафаи 26-умин солгарди Истиқлолияти кишвар мавриди истифода қарор дода мешавад. Искандар Ғайратшоев, Абдукарим Ғайратшоев, Суҳроб Ҷамилов дар сохтмони пули нав фаъолона саҳм гузоштанд.

Бобо ҲОКИМ.

ХИЗМАТ БА ВАТАН ҚАРЗИ ҶАВОНМАРДИСТ

Дар асоси фармони  Президенти мамлакат «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони солҳои таваллуди 1990-1999 Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳарбӣ” аз   1 октябри  соли равон дар ҳамаи шаҳру навоҳиҳои мамлакат маъракаи даъватӣ оғоз ёфт. Дар ноҳияи мо ҳам тибқи  қарори раиси ноҳия ба маъракаи  имсолаи даъвати наваскарон ҳамаҷониба омодагӣ гирифта шудааст.

Имсол пеш аз оғози маъракаи даъват бо иштироки раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси олии кишвар Раҷабзода Миралӣ ва падару модарон, даъватшавандаҳо ва фаъолони деҳоту масъулони маърака дар толори филармонияи халқии ноҳия   вохӯрии  хотирмон баргузор шуд, ки он як суҳбати ошкороро  мемонд. Раҷабзода Миралӣ зимни мулоқот аз камбудиву саркашии баъзе даъватшавандаҳо дар маъракаи мазкур ҳарф зад.

Ҳамчунин сардори ШВКД-и ноҳия А. Каримов низ сари масъалаи мазкур сухан кард. Дар вохӯрӣ падару модарон андешаҳои хешро баён доштанд. Маълум гашт, ки бисёр ҷавонон майли ихтиёрӣ ба комиссариати ҳарбӣ омаданро доранд, танҳо корҳои ташвиқотиро дар ин самт миёни ҷавонони даъватшаванда  зиёд намудан лозим аст.

Натиҷаи чунин ҳамкориҳо бо ҷавонон буд, ки дар “Рӯзи даъватшаванда”,  ки 4 октябр дар толори варзишии филармонияи халқӣ доир гардид, беш аз 25 нафар  даъватшаванда  ҳозир шуданд. Баъди  аз комиссияи тиббӣ гузаштан  ҳамаи онҳоро ба хизмати Ватан-Модар  гусел намуданд.

Боиси қайд аст, ки имсол ҳам “Рӯзи даъватшаванда” хотирмон баргузор шуд. Дар оғоз раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ ҳамаи даъватшудаҳоро барои ба хизмати Ватан-Модар омода шудан табрик гуфта, афзуд, ки хизмат дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи кишвар иҷрои қарзи фарзандӣ, шарафу номуси ҳар ҷавонмард ба ҳисоб меравад.

Чун даъватҳои гузашта ҷавонони Ҷамоати деҳоти Чашмасор дар рӯзи аввали даъвати наваскарон нақшаро иҷро карданд.

Даъватшаванда Ҳалимов Аҳлиддин  ҳамаи ҳозиринро боварӣ бахшид, ки бо сари баланд хизмати  Ватан-Модарро ба анҷом мерасонад.

Дар анҷоми  чорабинии мазкур ба падару модарони даъватшавандаҳо  аз номи МИҲДН туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.

Лозим ба ёдоварист, ки  то рӯзи 20 октябр нақшаи даъвати наваскарон дар Ҷамоатҳои деҳоти Меҳробод, Қалъаидашт ва  ба номи Дӯстмурод Алиев низ  иҷро шуд.

fy;text-indent:14.15pt;line-height:120%;mso-layout-grid-align:none; text-autospace:none;vertical-align:middle'>Ҳар касе дорад забон бодавлат аст.

БОЗ ЯК ОБОДКОРӢ

Бо ташаббуси раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари дигар ободкориҳо аз моҳи май сар карда  таъмири роҳи 3,5 километраи шаҳрак идома дорад. Сохтмонро Ҷамъияти дорои масъулияташ маҳдуди  Ғаюр -1 сардораш Аҳлиддин Каримов ва сардори минтақа Маҳмадалӣ Ёров ба уҳда доранд.

Аллакай то ин муддат масофаи 2-километраи роҳ мумфарш ва дар масофаи 900 метри ду тарафи роҳ қубурҳои бетонии обгузар гузошта шудааст. Барои дар сари вақт иҷро шудани кор механизаторон Раҳматулло Набиев, Абдусаттор Назиров, Ашӯралӣ Дӯстов, Раҷабалӣ Гулов, ронандаҳо Хуршед Нодиров, Бахтиёр Абдуллоев, Ҷамол Садриддинов, коргарони роҳ Ашӯр Неъматов, Неъмат Тоиров, Сафар Азизов, Саидбек Комилов, Зайдулло Ёров, Зайниддин Абдуллоев ва Ашӯр Маҳмудов ҳиссагузоранд. Чӣ тавре сардори минтақа М.Ёров қайд кард, то баромадгоҳи шаҳрак 1,5 километр роҳи боқимондаро мақсад доранд ҳарчӣ зудтар ва бо сифати баланд ба истифода диҳанд. Маблағи таъмири роҳи маркази шаҳрак аз ҳисоби дирексияи сохтмонии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пардохт карда мешавад.

“НФ”.

Подкатегории