Чт01182018

Last updateПн, 08 Янв 2018 10am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

ВОХӮРИИ СУДМАНД

Имсол аз рӯзи қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 10 сол сипарӣ гардид. Бахшида ба ин санаи таърихӣ рӯзи 2 майи соли ҷорӣ дар қасри фарҳанги ноҳия вохӯрии гурӯҳи кории Кумита оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо фаъолони ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти ноҳия баргузор гардид.

Муфассал...

ОМОДАГӢ БА НАВРӮЗ

Дар   Ҷамоати деҳоти Мискинобод ба ҷашни Наврӯз тайёрии хуб дида истодаанд. Дар ҳудуди ҷамоат масофаи се километри байни деҳаҳои Мисикнободу Заркамар таъмиру мумфарш карда шуда корхонаи коркарди меваю сабзавот дар деҳаи Сарой мавриди истифода қарор гирифт. Бо ташаббуси соҳибкор Алиҷон Очилов ҳамоми замонавӣ, мағозаи дуқабатаи либосворию хӯрокворӣ бунёд гардид. Тибқи нақшаи ҷамоат соли равон дар деҳаи Фатҳобод маркази саломатӣ сохта, бунгоҳҳои тиббии деҳаҳои Фатҳободу Сарой таъмиру навсозӣ карда мешаванд. Соли 2017, ки соли ҷавонон эълон шудааст, ҷавонписарону ҷавондухтарон дар корҳои созандагию бунёдкории қаламрави ҷамоат саҳми арзанда мегузоранд. Ҷавонон дар   рӯзҳои Наврӯзӣ ба ҳашар   баромада каналу ҷӯйборҳои деҳаҳоро тоза карда гулу гулбуттаҳо ва ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда мешинонанд.

Ҳоким Сафар.

КИШТ ОҒОЗ ГАРДИД

Кишоварзони ноҳия ният доранд, ки   ин баҳор дар майдони     2137 гектар кишт гузаронанд. Тибқи нақшаи мазкур бояд кишти картошка ба  660 гектар, сабзавот   250 гектар, ғалладонагӣ ба 580 гектар ва зироатҳои техникӣ ба 580 гектар расонида шавад. Бо мақсади иҷрои нақша кишоварзон аз рӯзҳои офтобӣ самаранок истифода мебаранд. Алалхусус дар хоҷагиҳои минтақаҳои поёни ноҳия, дар Ҷамоатҳои Бӯстон, Меҳробод, Вашгирд, ба номи  Дӯстмурод Алиев ва Ҷавонон кишту кори баҳорӣ муташаккилона оғоз гардидааст. Алакай хоҷагиҳои деҳқонии ҳудуди ин ҷамоатҳо дар 5-10 гектарӣ  картошка шинонданд.

С.Тилло. 

ИСТИҚБОЛИ НАВРӮЗ ДАР МАРКАЗ

Дар арафаи ҷашнгирии иди Наврӯз дар маркази эҷодии кӯдакон ва наврасони ноҳия озмунҳои беҳтарин дастурхони наврӯзӣ- «Ҳафт син», «Ҳафт шин» ва «Маликаи Наврӯз» байни муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия баргузор гардид. Мақсад аз баргузории озмунҳо ҳунаромӯзӣ ва инкишофи  анъанаҳои миллӣ,   инчунин баланд бардоштани дарки зебоиву зебопарастии кӯдакону наврасон ва ҳавасманд намудани наврасони боистеъдод буд. Дар озмунҳои гузаронидашуда 30 муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия иштирок варзид. Озмуни «Маликаи Наврӯз» аз рӯи 5 шарт гузаронида шуд: баҳодиҳӣ аз рӯи ҳусни зебо, пироҳани зебои мувофиқи тарзи дӯхти замонавӣ, қироати шеър ва рақсу байтбарак.

Муфассал...

БОЗОРИ КИШОВАРЗОН ДАР ДУШАНБЕ

 Бахшида ба ҷашни байналмилалии  Наврӯз тайи  се рӯз, аз 18 то 20 март дар шаҳри Душанбе бозори фурӯши маҳсулотҳои хоҷагиҳои кишоварзии ноҳия доир гардид. Макони баргузорӣ кӯчаи Ҳусейнзода (назди бинои Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон) муайян шуда буд. Кишоварзони ноҳия дар ярмарка зиёда аз 5 тонна картошка, як тонна сабзӣ, як тонна пиёз, як тонна шир, 0,5 тонна гӯшт ва 200 кило асалро  бо нархи арзон пешкаши сокинони пойтахт намуданд.

Муфассал...

ДАР ОҒӮШИ ТАРАДДУДҲО

Дар минтақаи поёни ноҳия баҳор якуми март оғоз мегардаду мардум бо дилгармӣ ва шавқи беандоза онро пешвоз мегиранд. Баҳори минтақаи болои ноҳия дертар мерасад.

  Бо фарорасии баҳор пирони рӯзгордида ҷомаву саллаи баҳорӣ дар тан сари замин меоянду ҷуфтгарони деҳа мавсими кишту кори баҳориро оғоз мекунанд. Пеш аз зери хок кардани дон «Худоё, донаи моро сабз гардон, кишти моро сероб намо, ризқу рӯзии фаровон ато кун»- гуфта даст ба омин мебардоранд. Занҳои деҳ таъом пухта сари замин меоранд. Гулдухтарон дар тан либоси идона ба сайри табиат  баромада сурудҳои наврӯзӣ мехонанд.

Муфассал...

ҶАМЪОМАДИ ХОТИРМОН БА ИФТИХОРИ РӮЗИ АРТИШИ МИЛЛӢ

  23-юми феврали соли 1993 Артиши миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон  таъсис дода шуда буд, ки аз он рӯз 25 сол сипарӣ гардид.   Артиши навтаъсиси  кишвари соҳибистиқлоли мо  бо азми устувору қадами ҷиддӣ  мушкилоти пешомадаро  бартараф намуда сол аз сол ташаккул ёфт ва  имрӯз яке аз қувваҳои пуриқтидори ҳарбӣ  дар минтақа  маҳсуб меёбад. 

Муфассал...

ҲАМОИШИ БОНУВОНИ СИЁСАТМАДОР

Дар ҷумҳурии соҳибистиқлоламон Тоҷикистон ҷиҳати баланд бардоштани мартабаю манзалати зан дар ҷомеа, ҷалби бештари онҳо ба идоракунии давлат, ҳамчун неруи созанда дар мавриди таъмин намудани баробарҳуқуқии мардону занон бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон тадбирҳои судманд амалӣ мегарданд. Бонувони тоҷик, аз ҷумла бонувони диёри биҳиштосои мо дар соҳаҳои гуногуни ҷомеа фаъолона ширкат намуда ба сиёсат, иқтисод, тиҷорат, илму фарҳанг кор гирифта давлату миллати тоҷикро  ба ҳайси сиёсатмадору соҳибкор, эҷодкору ҳуқуқдон  ва ходими давлатию ҷамъиятӣ дар дохилу хориҷи кишвар сазовор муаррифӣ менамоянд.

Муфассал...

“ШУКӮҲИ ИСТИҚЛОЛ” АЗ ЧОП БАРОМАД

Арафаи иди матбуоти кишвар  китоби «Шукӯҳи истиқлол» , ки дастовардҳои мардуми ноҳияро дар 25 соли даврони соҳибистиқлолии кишвар инъикос менамояд, аз чоп баромад. Муаллифон кӯшиш кардаанд, ки дар китоб фаъолияти пурсамари кормандони қариб тамоми соҳаҳои ноҳияро инъикос намоянд. Хонанда ба чеҳраҳои шинохтаи ин диёр, ки барои ободию созандагиҳо софдилона заҳмат кашида, ба ин хотир сазовори мукофоти давлатӣ гардидаанд, ошно мешавад. «Шукӯҳи истиқлол», бо қалами журналистони маҳаллӣ, ходимони имрӯзаи «Набзи Файзобод» таълиф шудааст.

“НФ”.

Подкатегории