Ср06202018

Last updateВт, 19 Июнь 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

БАҲОР МЕГУЗАРАД, НАТИҶАҲО ЧАШМРАС НЕСТ

Кишоварзони ноҳия тибқи нақша бояд соли равон дар талу теппаҳо, инчунин дар заминҳои бекорхобида майдони боғҳои навро ба 667 гектар ва кишти картошкаро ба 600 гектар расонанд. Тавре аз ҳисоботи оморӣ мебинем дар Ҷамоатҳои деҳоти Меҳробод, ба номи Дӯстмурод Алиев, Ҷавонон наздики 60-70 фоизи нақша корҳо ба сомон расида бошад, пас саҳми дигар ҷамоатҳо чашмрас нестанд.

Кишоварзони Ҷамоати деҳоти Вашгирд аз майдони 49 гектар боғи нақшавӣ дар 11 гектар, Ҷамоати деҳоти Чашмасор аз 50 гектар майдони боғ ҳамагӣ 4 гектар, Ҷамоати деҳоти Қалъаидашт аз 90 гектари нақша 7 гектар, Ҷамоати деҳоти Мискинобод аз 24 гектари нақша 10,5 гектар, Хоҷагии давлатии тухмипарварии ба номи А.Назиров аз 119 гектари нақша дар майдони 5 гектар боғ гузарониданд.

Ҷамоатҳои номбаршуда то  ҳол кишти картошкаро оғоз  накардаанд.

Чӣ тавре деҳқонони асил мегӯянд, фасли баҳор даргузар аст. Аз ин хотир мебояд аз ҳар як фурсати муносиби рӯзҳои офтобии он босамар истифода кардаву нақшаи бунёди боғ ва  кишти картошкаро  пурра иҷро намоем. Зеро вақт мунтазир намешавад.

ЛОЛАГӢ ЗЕБОТАР ШУД

Таҷлили ҷашни Наврӯзи имсола дар шаҳраки Лолагии  Ҷамоати деҳоти Вашгирд нисбати солҳои пешин ҷилои нав дошт. Дар рӯзҳои ид корхонаи истеҳсолию тиҷоратии соҳибкор Холмаҳмад Алиев мавриди истифода қарор гирифт. Дар ин корхона 10 нафар занони бекори Лолагӣ ба дӯзандагӣ машғул шуда маоши хуб мегиранд. Соҳибкор бунёди мағозаи фурӯши масолеҳи сохтмонӣ ва дастгоҳи таъмири мошинҳои сабукравро дар назар дорад.

Наврӯзи имсолаи сокинони шаҳраки Лолагӣ бо озмуни намоиши ҳунарҳои бонувони ҳунарманд, ки нону кулчаҳои гуногун, шириниҳо, хӯрокҳои миллии баҳорӣ, аз қабили далда, олева ва оши палавро омода карда буданд, хеле диданӣ буд. Дар озмун  сокинони  кӯчаи Ҷавонон Қурбонгул Ғаффорова ва кӯчаи Турсунзода Бибигул Маҷидова  ғолиб дониста шуданд. 

Дар Ҷамоати деҳоти Вашгирд корҳои ободонӣ суръати тоза гирифтааст. Ҷавони пурғайрату ташаббускор Толиб Зиёев бо ҳамтоёни худ иқдом гирифт, ки сохтмони майдони варзиширо то ҷашни Ваҳдати миллӣ ба охир расонад.

БОЗОРИ КИШОВАРЗОН

Мувофиқи нақша-чорабиниҳо дар мувофиқа бо  Вазорати кишварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии болоравии нархи маҳсулоти кишоварзӣ арафаи ҷашни Наврӯзи хуҷастапай дар шаҳри  Душанбе бозори дастранҷи деҳқонон баргузор мегардад. Дар ин ярмарка кишоварзони ноҳияи  мо ҳам иштирок карда, маҳсулотҳои худро бо нархи дастрас пешкаши харидорон мегардонанд.

БОЗОРИ КИШОВАРЗОН

Мувофиқи нақша-чорабиниҳо дар мувофиқа бо  Вазорати кишварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пешгирии болоравии нархи маҳсулоти кишоварзӣ арафаи ҷашни Наврӯзи хуҷастапай дар шаҳри  Душанбе бозори дастранҷи деҳқонон баргузор мегардад. Дар ин ярмарка кишоварзони ноҳияи  мо ҳам иштирок карда, маҳсулотҳои худро бо нархи дастрас пешкаши харидорон мегардонанд.

ИҶРОИ НАҚШАИ ДАЪВАТ ДАР РӮЗИ АВВАЛ

 

Ҷамоатҳои деҳоти Чашмасор ва Вашгирд нақшаи даъвати наваскаронро дар рӯзҳои аввали даъвати баҳорӣ ҷавонон ба сафи Артиши миллӣ ба иҷро расониданд. Дар ин хусус раиси ноҳия, Раҷабзода Миралӣ дар маҷлиси васеъи назоратии рӯзи 5 апрел иттилоъ дод. Барои ташкили дурусти маъракаи даъват раиси ҷамоати деҳоти Чашмасор Ф. Амонатов ва котиби Ҷамоати деҳоти Вашгирд А.Сатторов бо мукофоти пулӣ дар ҳаҷми 5000 сомонӣ қадрдонӣ шуданд.

Боиси қайд аст,ки тайи чанд соли охир Ҷамоати деҳоти Чашмасор пешсафи маъракаи мазкур аст.

НАҚША ИҶРО МЕШАВАД

Деҳқонони ҷамоатҳои деҳоти минтақаи поёни ноҳия аз   рӯзҳои мусоид самаранок истифода карда пайи иҷрои нақшаи кишти картошка мебошанд. Аллакай дар Ҷамоатҳои деҳоти Бӯстон дар майдони 16 гектар, Меҳробод - 17 гектар, ба номи Дӯстмурод Алиев - 11 гектар ва Ҷавонон - 10 гектар картошка кишт карданд.

Чӣ тавре аз идораи кишоварзӣ иттилоъ гирифтем, картошкапарварони ҷамоатҳои номбурда барои иҷрои саривақтии нақшаи картошка ҳамаи шароиту имкониятҳоро истифода менамоянд. Барои амалӣ шудани мақсадашон майдонҳои киштро хушсифат шудгор карда, ба қадри зарурӣ тухмӣ захира кардаанд.

АВВАЛИН ИХТИЁРИЁНИ АСКАРӢ

Дар асоси Фармони Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро адо намудаанд ва даъвати шаҳрвандони солҳои 1991-2000 ба хизмати ҳарбӣ» аз рӯзи 12 март таҳти №1036 дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳои мамлакат маъракаи даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Артиши миллии кишвар бо баргузории «Рӯзи даъватшаванда» оғоз ёфт. Тибқи қарори раиси ноҳия аз 20 марти соли равон мавсими баҳории даъвати наваскарон ба хизмати ҳарбӣ оғоз шуда, комиссияи босалоҳият аз ҳисоби масъулон ва табибон созмон ёфтааст. Чорабинии “Рӯзи даъватшаванда” дар комиссариати ҳарбии ноҳия, ки бо иштироки васеи даъватшавандагон ва падару модарон баргузор шуд, ки хело хотирмон буд.

Он рӯз зиёда аз 20 нафар ҷавонон ихтиёрӣ барои хизмати Модар-Ватан ҳозир гардиданд.

Муовини якуми раиси ноҳия Достзода Мансур Тағой зимни баромад даъватшавандаҳоро барои ба хизмати Ватан омода шудан табрик гуфта, қайд кард, ки хизмат дар сафҳои Қувваҳои мусаллаҳи кишвар қарзи шаҳрвандӣ ва номуси ҷавонмардист. Аз ин рӯ, бояд ҳар як волидайн кӯшиш намояд, ки фарзандон бо дарки баланди ватандорӣ марзи муқаддаси сарзамини аҷдодиамонро ҳифзу ҳимоя намоянд.

Қайд шуд, ки ҷавонмардони диёрамон, қатори дигар фарзандони баору номуси Ватан, дар ҷузъу томҳои артиш сарбаландона хизмат намуда истодаанд ва боварӣ ҳаст, ки наваскарон идомадиҳандаи кори неки онҳо мегарданд.

Ҷавононе, ки он рӯз ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи кишвар сафарбар шуданд, ҳамагӣ бо табъи хушу рӯҳи болида аз комиссияи тиббӣ мегузаштанд. Онҳо изҳор карданд, ки қарзи фарзандии худро дар назди Ватан - Модар ҷавонмардона ба ҷо меоранд.

НАВРӮЗИ ЧИЛЧАШМА

Агар гирдиҳамоии наврӯзии дар пояи муҷассамаи устод Рӯдакӣ барпокардаи душанбегиҳоро ба инобат гирем, ба таҷлили расмии Иди Наврӯз дар Тоҷикистон 53 сол пур мешавад. Ин гирдиҳамоӣ 22 марти соли 1965 бо ташаббуси олимони рӯшанфикру ватандӯст, адибону рӯзноманигорони шуҷоъ барпо шуд ва ҳамчун маҳфили бузурги адабӣ бо лаҳни шоирона Наврӯзи Аҷамро тавсиф мекард ва мардумро аз фарорасии мавсими кишту кор мужда медод. Дар ин маҳфили бузург бандаи камтарин, - ҳамон вақт донишҷӯи соли дувуми имрӯза Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, - ҳозир будам. Аз ҷамъомадагон устод Муъмин Қаноатро, устод Лоиқро, устод Бозор Собирро, журналисти варзида Мазҳабшо Муҳаббатшоҳро мешинохтам.

Наврӯзии ҳамонсола ба осонӣ муяссар нагардида буд. Зеро сиёсати русикунонии хрушёвӣ (Никита Сергеевич Хрушёв, котиби генералии Комитети марказии Партияи коммунистии Иттифоқи Советӣ) тамоми ҷумҳуриҳои Иттифоқро фаро гирифта буду анъанаҳои халқҳои шӯравӣ, урфу одат ва забону фарҳанги мардуми ғайрирус гирифтори таъқиб қарор дошт.

Вале, хушбахтона, дар ҳамон замони «зиндонӣ» будани Наврӯз дар деҳот, хусусан музофоти Шимоли Тоҷикистон, фарорасии баҳорро истиқбол карда, бе пурсиши боло (району вилоят) фарорасии Наврӯзро ҷашн мегирифтанд.

Аз ёдҳои кӯдакӣ медонем, ки дар рӯ ба рӯи мазори байни Чилчашма (Ҷойникӯдии пешин) дар теппаи миёни ду чашмаи сероб дегҳои қатор мемонданд. Сари ин дегҳо асосан кампирони дастбакор, ришсафедони нуронӣ кафлезбадасту кафгирбадаст буданд. Ғизоҳо асосан аз оши буридаю оши туппа кашку далдаю гандумкӯча иборат буд. Медидем, ки бобои Маҳмадназар, ки бригадири колхоз буд, бобои Даҳмарда, мӯсафеди навчаи нуронӣ Бобӣ яке рӯи даст тали нони чаппотӣ, дигаре бо сатили пур аз кулчаю орзуқу чагалдак байни сафи нишастагон рафтуо карда, дастурхонҳои қад-қадро пур мекарданд. Ҳар ҷо – ҳар ҷойи дастурхонҳо қандҳои сафеди похса, саманак мегузоштанд. Ҳамон вақтҳо шахси дорандатари қишлоқ акаи Тағой («Тағой начайлук» (началник)) дар доман аз хонааш қанди похса меовард.

Ин манзараҳо низ дар хотира нақш доранд, ки як тараф, тарафи офтоббаро, таги чанд дарахти тут гӯштингирӣ, онсӯтар бандкашиву хурӯсҷанг мешуд. Одатан навбати аввали мусобиқаи гӯштин аз наврасон буд. Як маҳал медидӣ, ки даста-даста бачаҳо аз теппаҳои канори дарёи Элок аз Шӯлашак, аз Дараи Дароз бо гулдастаҳои сиёҳгӯш ҳозир мешуданд. Ва аввалин гулҳоро ба модарон тақдим мекарданд. Хеле дуртар аз ҷамъи одамон, дар канори хандақи гӯристони деҳа се-чор ҷуфт барзаговҳои ҷуфтӣ бо юғу испор маҳтал меистоданд. Албатта, онҳоро одамони дар деҳқонӣ муътабар акаи Бобию Мулло Ибод, акаю додар Сафару Асо аввалин шуда ба шудгор меандохтанду ҷамъбасти кишту корро ба ихтиёри ҷавонмардон медоданд.  

Аз ҳамон маъракаҳои гӯштингирӣ ғолибияти Мулло Ибод, акаи Бобӣ, акаи Одил (рӯҳашон шод бод) дар ёдам мондааст. Мулло Ибод ҳалукҳои почасп дошт. Акаи Одил бошад, марди чолоке буд, гирди ҳарифаш сад печ тоб мехӯрд. Чанд касро паиҳам ба тахтапушт афтонданаш дар ёд мондааст.

Ҳамаи онҳо дар гӯристонҳои деҳа маскан гирифтанд ва баҳорони зиёд аст, ки рӯи марқадашон сабза медамаду хушк мешавад.

56 ГЕКТАР БОҒИ НАВ

Деҳқонони хоҷагии деҳқонии ба номи  Исмоили Сомонӣ (раисаш Назар Самадов) аз Ҷамоати деҳоти Меҳробод дар соҳаи боғпарварию картошкапарварӣ таҷрибаи хуб доштаву   ҳар сол ҳосили дилхоҳи мева ва картошка ба даст меоранд. Имсол ҳам онҳо аз рӯзҳои офтобии баҳор самаранок истифода бурда, аллакай дар майдони 14 гектар боғи нав ва дар майдони 10 гектар кишти картошка  гузаронида,   барои ба даст овардани ҳосили баланд   корҳои агротехникиро ба сомон расонидаанд.

-Мувофиқи нақшае, ки дорем, имсол дар ҳудуди ҷамоат бояд дар майдони 66 гектар боғи нав бунёд карда, 56 гектар картошка шинонем,- гуфт дар суҳбат раиси Ҷамоати деҳоти Меҳробод Хурсанд Каримов.

Меҳнати босамари  кишоварзони ҷамоат аст, ки айни ҳол дар  майдони 56 гектар боғ ва дар майдони 42 гектар кишти картошка  гузаронида, ба иҷрои нақша наздик мешаванд. Картошкашинонӣ ва ниҳолшинонӣ дар мавзеъҳои Себзор, Устошамс, Файзова ва хоҷагии деҳқонии Меҳробод (раисаш Мирзо Сафаров) суръат мегирад.

НАВРӮЗИ ЧАШМАСОР

Дар Ҷамоати деҳоти Чашмасор ба ифтихори рӯзи байнамилалии Наврӯзи хуҷастапай корҳои ободонӣ вусъати тоза гирифта, то имрӯз дар ду тарафи шоҳроҳ 300 бех ниҳолҳои ороишӣ шинонидаанд. Мувофиқи нақша то рӯзи Наврӯз зиёда аз 3 ҳазор ниҳолҳои сояафкану мевадиҳанда шинонда, ҳамчунин дар майдони 50 гектар дар талу теппаҳо ва заминҳои лалмӣ боғи нав бунёд карда мешавад.

Ҳар рӯзи шанбе дар қаламрави ҷамоат ҳашари умумӣ гузаронида, ҷӯйбору роҳравҳоро аз партовҳо тоза мекунанд. 

Подкатегории