Чт01182018

Last updateПн, 08 Янв 2018 10am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ХАБАРҲО

МАШВАРАТИ ОМӮЗИШӢ ДАР ШАҲРАК

Дар Ҷамоати шаҳраки Файзобод семинар-машварати ноҳиявӣ оиди ҳуҷҷат ва ҳуҷҷатгузорӣ баргузор шуд. Дар машварат раисон, котибон ва сармутахассисон оид ба танзим ва ҷашну маъракаҳои ҳамаи ҷамоатҳои деҳоти ноҳия иштирок доштанд. Ҳамчунин дар кори машварат мудирони шуъбаи умумӣ ва бахши рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи раиси ноҳия, бахш оид ба корҳои дин  Абдукарим Пиров,  Нурзода Сафарбег ва Латипов Равшан ҳузур доштанд.

Муфассал...

«САРБОЗИ ВАТАН»

Бо ташаббуси бахши ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, шуъбаи маориф, ташкилоти ҷамъиятии мададгори мудофиа, комиссариати ҳарбии ноҳия мусобиқаи ҳарбӣ-варзишии «Сарбози Ватан» миёни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия бахшида ба 24-солагии таъсисёбии  Артиши миллӣ, 72-солагии Ғалаба дар ҶБВ солҳои 1941-1945 гузаронида шуд.

Муфассал...

ПЕШВОИ МИЛЛАТ ТАЪКИД МЕКУНАД

Роҳбари давлат ба ҳамагон таъкид менамояд, ки барои ҷавонон шароити мусоиди фаъолият муҳайё созанд, онҳоро тарзе тарбия намоянд, ки дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб кунанд, «касбу ҳунарҳои замонавиро омӯзанд ва оянда мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд». Роҳнамоии Сарвари давлат ояндаи ҷавононро ба сӯи илму маърифат, забондонию илмомӯзӣ мунаввар месозад. «Ҷавонон,-таъкид менамояд роҳбари давлат,-бояд аз ҳама қишрҳои ҷамеа бештар фаъол бошанд, ташаббусҳои созанда пешниҳод намоянд, рамзҳои давлатӣ, муқаддасоти миллӣ ва дастовардҳои истиқлолиятро ҳифз кунанд, дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони азиз бо дасту дили гарм ва неруи бунёдгарона ширкат варзанд, амнияти давлат ва шарафу номуси ватандориро ҳимоя карда, худро аз ҳама хатарҳои номатлуби ҷаҳони муосир эмин нигоҳ доранд ва парчамбардори ин сарзамин, марзу бум ва кишвари муқаддасамон бошанд» .

Муфассал...

САХОВАТИ СОҲИБКОР

Соҳибкор Файзулло Абдураҳмонов, аз деҳаи Фатҳобод ҷамоати деҳоти Мискинобод дар шафати шоҳроҳ гӯшаи  «Бозори деҳқон» кушод. Мардуми деҳоти Мискинобод, ки дастранҷи худро ба канори роҳ барои фурӯш мебароварданд, акнун метавонанд дар ин гӯшаи обод бемалол савдо кунанд.

Файзулло Абдураҳмонов дасти саховат дорад.  Ӯ барои таъмири муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27  панҷсаду сӣ  сомонӣ бахшид.

 Ҳоким САФАР.

БОЗДИД АЗ ҚИСМИ ҲАРБӢ

Арафаи  рӯзи ташкилёбии Артиши миллии кишвар як гурӯҳ намояндагони  ноҳия бо сарварии муовини раиси ноҳия Раҷабова Н.Ҷ. аз қисми ҳарбии 12019, воқеъ дар шаҳри Душанбе, дидан намуданд.

Муфассал...

ДАР ПАРТАВИ ПАЁМ

Ҷамъи омӯзгорон ва хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 27 Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати милӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро, ки  22 декабри соли 2016 дар Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ироа шуд,  мавриди омӯзиш қарор доданд. Дар ҷамъомади умумимактабӣ матни Паёмро директори муассиса Қодир Саидов қироат кард.

Муфассал...

КӮМАК БА ЯТИМХОНА

Соҳибкор Давлатбек Қарчиев мақсад гузошт, ки дар ростои нимпайкараи шоир ва гӯрғӯлисарои машҳур Ҳикмат Ризо барои ободии ин мавзеъ маркази савдо, ошхонаю чойхона, мағозаи китоб, дӯкони фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва ҳаммоми замонавиро сохта мавриди истифодаи мардум қарор диҳад. Ҳоло корҳои сохтмонӣ дар ин иншоот бо суръат ҷараён дорад. Давлатбек Қарчиев ният дорад, ки дар арафаи 22-юмин солгарди Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон биноҳои мазкурро бо ҳамаи шароитҳояш ба истифода диҳад. Ҳамчунин баробари ба истифода додани иншоот ду атрофи роҳрави он асфалтпӯшу гулпӯш карда мешавад.

Муфассал...

БО АЗМИ ҚАВӢ

Эълон намудани соли 2017-ум «Соли ҷавонон»  ғамхории навбатии Сарвари давлат нисбат ба насли имрӯза ва боварии бузургаш ба неруи созандаи ин табақаи  ҷамъият мебошад. Имрӯзҳо ҷавонон дар бахшҳои ҷамъиятию сиёсӣ, аз ҷумла илм, маориф, иқтисод, тандурустӣ, кишоварзӣ, фарҳанг, варзиш, ҳарбӣ саҳми арзандаи хешро гузошта истодаанд. Инро дар мисоли ноҳияи Файзобод бараъло дидан мумкин аст. Бо дастгирии раиси ноҳия Раҷабзода Миралӣ соҳибкорони маҳаллӣ ба навкориҳо машғуланд. Дар арафаи ҷашни 25-солагии истиқлолияти кишвар ба истифода додани майдончаи варзишӣ дар деҳаи Бӯстон, маркази солимгардонии ҷавонону наврасон дар деҳаи Лолагӣ, азнавсозӣ ва таъмири толори варзишӣ дар деҳаи Хӯҷамард, қомат афрохтани нишони давлатӣ дар маркази ноҳия, сохтмони муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои савдо далели гуфтаҳои болост.

Муфассал...

ДАРАХТШИНОНӢ ОҒОЗ ШУД

Бо омади фасли тирамоҳ дар  ноҳия ба маъракаи  дарахтшинонӣ шуруъ мекунанд. Тибқи дастури раиси ноҳия пеш аз ҳама талу теппаҳои атрофи шоҳроҳи  Душанбе-Рашт ҳамвор шуда истодааст, ки дар навбати аввал дар ин қитъаҳо дарахтони ҳамеша сабз шинондаву атрофи онро маҳкам мегардад. Дурнамои бунёди боғҳои нав низ  барои соли оянда аз ҷониби  раёсати кишоварзии ноҳия   омода шудааст.

Муфассал...

Подкатегории