Вт01212020

Last updateСр, 08 Янв 2020 10am

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВАРЗИШ

МАҲМАДШАРИФ ҚАҲРАМОНИ ҶАҲОН

Маъмулан ҳар як соли гузашта як марҳалаи кору зиндагӣ ва бурду бохти фаъолияти инсонҳост. Одатан вақт чунон зудгузар аст ва тақвимро чунон зуд варақгардон мекунад, ки аз гузашти сол бехабар мемонем. Баъд аз гузашти он дар хилват ҳар кадоми мо ба саволҳои зиёде ҷавоб меҷӯем, ки оё ба қадри соли гузашта расидаем ва оё аз ин ба худ чизе гирифтаем ва ба чизе ноил гардидаем? Соли рафта (2019) дар ҳақиқат дар ҳаёти варзишии ноҳияи мо воқеоту ҳодисоти фаромӯшношуданию мондагори зиёдеро дар пай гузошт.

Подробнее...

ДАРЁФТИ ҶОМИ ВАЗИР

Ҷиҳати пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ, бо ибтикори Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия мусобиқаи футболи хурд ва волейбол миёни ташкилоту муассисаҳо ва кӯчаву маҳаллаҳои ноҳия аз 20-уми сентябри соли ҷорӣ оғоз гардид.

Подробнее...

65 МАЙДОНЧАИ ВАРЗИШИИ ВОЛЕЙБОЛ КАЙ БУНЁД МЕШАВАД?

Соҳаи варзиши тоҷик давоми 27 соли Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон рушд ёфт. Маҳз дар ин даврон ба хотири таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат ба омодакунии варзишгарони касбии тоҷик заминаи мусоид фароҳам омад. Истиқлолияти кишвар барои рушди соҳаи варзиш шароит фароҳам сохт, то варзишгарони тоҷик бо иштирок дар мусобиқаҳои байналмилалӣ кишварамонро байни дигар халқҳои ҷаҳон бештар муаррифӣ намоянд.

Подробнее...

АҶАМ НОМЗАДИ УСТОДИ ВАРЗИШ ШУД

Дар рӯзҳои таҷлили Истиқлолияти давлатии кишвар бо ибтикори Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш дар шаҳри Душанбе, пойтахти мамлакат мусобиқаи варзишӣ аз намуди гӯштини миллӣ бо иштироки варзишгарони шинохтаи кишвар, дастаҳои варзишии шаҳру ноҳияҳо ва муассисаҳои давлатии варзишии ҷумҳурӣ   миёни ҷавонону наврасон дар нуҳ вазн доир гардид.

Подробнее...

БА ИФТИХОРИ АРТИШИ МИЛЛӢ

Бахшида ба рӯзи таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия миёни хатмкунандагони муассисаҳои таълимӣ ва ҷавонон мусобиқаҳои варзиширо роҳандозӣ намуд.

Аз ҷумла сар аз оғози соли 2018 миёни ҷавонони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот мусобиқаҳои футболи хурд, тениси рӯйи миз, шашка, шоҳмот, волейбол ва асптозию бузкашӣ гузаронида шуд. Ҳамчунин ин шабу рӯз миёни хонандагони муассисаҳои таълимии ноҳия мусобиқаи ҳарбӣ-варзишӣ зери унвони “Ҳомии Ватан” дар се давра ҷараён дорад, ки он метавонад ҳисси ватандӯстии ҷавононро баланд намуда, онҳоро ба хизмати Модар-Ватан омода созад. Иловатан, миёни хонандагони соҳибистеъдоди муассисаҳои таълимӣ озмуни иншо ва расмҳои зебо вобаста ба мавзӯъҳои ватандӯстиву меҳанпарастӣ идома дорад, ки он дар рӯзи таъсисёбии Артиши миллӣ ҷамъбаст гардида, ғолибон аз ҷониби бахши мазкур бо туҳфаҳо қадрдонӣ мегарданд.

Вобаста ба ташкили мусобиқаҳову чорабиниҳои зикргардида мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиш Ҷунайдулло Каримов  қайд кард, ки баҳри бедор намудани ҳисси ватанпарастии ҷавонон ҳамасола дар арафаи ҳамаи иду ҷашнҳои миллӣ миёни ҷавонон чунин мусобиқаҳои варзишӣ доир мегардад.  Ташкили чорабиниҳои омавӣ аз як сӯ ҷавононро ба ҳам муттаҳид намуда, онҳоро аз оворагардиву амалҳои номатлуб боз дорад, аз ҷониби дигар заминаи мусоидест барои омода намудани онҳо ба хизмати Модар-Ватан аст.

Воқеан ҳам, роҳандози намудани чунин мусобиқаҳо миёни ҷавонон яке аз ҳадафҳоест, ки онҳоро аз гумроҳию шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ боз медорад ва пойдории ваҳдати миллиро ба ояндаҳои дур мебарад.

ГУЛБИДДИН ДАР КУРСК ҚАҲРАМОН ШУД

Шогирди таълимгоҳи деҳаи Мӯминободи Ҷамоати деҳоти Мискинобод Гулбиддин Раҳматзода, ки алҳол донишҷӯйи соли чоруми Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия мебошад, дар мусобиқаи ҷаҳонии шаҳри Курск (рӯзҳои 11-12 август) аз рӯи варзиши вазнини армлифтинг (варзише, ки бо қувваи даст ашёи пешниҳодкардаи мусобиқаро бардошта меистӣ) қаҳрамони ҷаҳон шуд. Ӯ дар ду намуд – «Русская ос» ва «Русская хаб» қувва озмуда медали тилло гирифт.

Подробнее...

БА ХОТИРАИ ШОҲМОТБОЗ

Миёни шоҳмотбозони ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ ӯро ҳамчун «Исои шоҳмотбози файзободӣ» мешинохтанд. Зеро Исо дар мусобиқаҳои ноҳияҳои Шаҳринаву Ҳисор, Турсунзодаю Ёвон, ки аз ин риштаи варзиш доир мешуд, иштирок карда, мудом ҷойҳои ифтихориро ишғол менамуд.

Исо ҳамчун инсони хоксору заминӣ бо рафтору гуфтораш миёни мардум, алалхусус дӯстдорони бозии шоҳмот соҳибэҳтиром буд.

Сад ҳайф, ки марг ӯро бармаҳал ба таври фоҷиавӣ аз миёни мо рабуд. Инак, аз марги Исо як сол сипарӣ шуд. Дӯстдорони шоҳмот ва ёру рафиқонаш барои поси хотираи ӯ мусобиқаи шоҳмот доир намуда, дӯстдорони ин намуди варзишро аз ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ даъват карданд.

Мусобиқаи шоҳмотбозон рӯзҳои 13-14 январ бо иштироки беш аз 40 нафар шоҳмотбоз гузаронида шуд. Чи тавре сардовари мусобиқа Ислом Каримов иброз дошт, шоҳмотбозони ноҳияи мо хеле хуб баромад намуданд. Маҳмадулло Олимов мақоми аввал, Аскар Тоирову Ҳусейн Шарифов ҷойҳои дуюму сеюмро соҳибӣ карданд.

Ба ғолибон ифтихорнома ва туҳфаҳои молии бахши ҷавонон ва варзиши мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия тақдим гардид.

ИФТИТОҲИ МАЙДОНЧАИ ФАРОҒАТӢ

Дар асоси дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чанд рӯз пеш бо иқдоми ҷавонону соҳибкорони маҳаллӣ ва дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар кӯчаи Исмоили Сомонӣ майдончаи зебову замонавӣ барои кӯдакону наврасон мавриди истифода қарор дода шуд.

Подробнее...

МУСОБИҚАИ ШОҲМОТ

Дар доираи чорабиниҳои  «Соли ҷавонон», ба муносибати Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳия мусобиқаи шоҳмот миёни  дӯстдорони ин намуди варзиш баргузор шуд.

Мусобиқа таҳти доварии Ислом Каримов доир гардида аз рӯи холҳои бадастомада шоҳмотбози ҷавону умедбахши ноҳия Асрор Тоиров ҷойи аввалро соҳиб гардид. Ҷойҳои дуюм ва сеюми мусобиқаро шоҳмотбозон Маҳмадулло Олимов ва Аҳлиддин Саидов бо ҳам диданд.

Подкатегории