Чт11152018

Last updateЧт, 15 Нояб 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВАРЗИШ

ГУЛБИДДИН ДАР КУРСК ҚАҲРАМОН ШУД

Шогирди таълимгоҳи деҳаи Мӯминободи Ҷамоати деҳоти Мискинобод Гулбиддин Раҳматзода, ки алҳол донишҷӯйи соли чоруми Донишкадаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиши шаҳри Санкт-Петербурги Федератсияи Россия мебошад, дар мусобиқаи ҷаҳонии шаҳри Курск (рӯзҳои 11-12 август) аз рӯи варзиши вазнини армлифтинг (варзише, ки бо қувваи даст ашёи пешниҳодкардаи мусобиқаро бардошта меистӣ) қаҳрамони ҷаҳон шуд. Ӯ дар ду намуд – «Русская ос» ва «Русская хаб» қувва озмуда медали тилло гирифт.

Ғолибияти Гулбиддин Раҳматзода дар мусобиқаҳои ҷаҳонӣ аз намуди армлифтинг ва мушарраф гардидан ба унвони Қаҳрамони ҷаҳон бори сеюм аст.

Дар мусобиқаи шаҳри Курск намояндаҳои қариб 20 давлат, аз ҷумла ШМА, Ҳиндустон, Федератсияи Россия, Эстония, Муғулистон, Миср, Ироқ, ҷумҳуриҳои Осиёи Марказӣ иштирок доштанд.

Ҷунайдулло КАРИМОВ, мудири

бахши кор бо ҷавонон ва варзиш.