Вс09232018

Last updateПт, 21 Сен 2018 2pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

КИШОВАРЗӢ

МАКТАБИ ПӮЛОД ДАР ШЕРАМОН

Таҷрибаи картошкапарварони қалъаидаштиро солҳои шуравӣ дар саросари ҷумҳурӣ ташвиқу тарғиб мекарданд. Деҳқонони номдори ин минтақа аз ҳар гектар 400-500 сентнерӣ ҳосил мебардоштанд, ки ин нишондод он солҳо дар ҷумҳурӣ ва берун аз он натиҷаи рекордӣ ба ҳисоб мерафт. Ҷунайдулло Нуров, Ҳафтод Расулов, Асо Саидов, Убайдулло Салимов, Аҳмад Шарифов   аз зумраи деҳқонон меҳнатқарини хоҷагии   ба номи Ҳамза (имрӯза хоҷагии тухмипарварии ба номи А. Назиров) буданд, ки дар вақташ бо орденҳои Ленин, « Револютсияи Октябр», «Нишони фахрӣ» ва дигар мукофотҳои давлатӣ қадрдонӣ шуданду дар сархати расонаҳои хабарӣҷой доштанд.   Сардори ин бригадаи шуҳратёр деҳқонони асил Пӯлод Абдураҳмонов бошад бо унвони олии давр Қаҳрамони Меҳнати Сотсиалистӣ шарафёб гардид.

Подробнее...

ҶДММ «ЭЛОК-15» ҲАФТ НАМУДИ МАҲСУЛОТИ ШИРӢ ИСТЕҲСОЛ МЕКУНАД

 

Дар арафаи солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нахустин корхонаи коркарди шир дар ноҳия ба фаъолият оғоз кард.

Соҳибкор Рустам Назриев, ки чанд сол боз дар деҳаи Элок   нуқтаи қабули ширро бунёд карда буд, бо дастгирии раиси ноҳия Миралӣ Раҷабзода тасмими дар маркази ноҳия таъсиси корхонаи коркарди ширро намуд. Ва, инак, маҳсулоти корхонаи ҶДММ «ЭЛОК-15» чанд рӯз боз рафҳои мағозаву дастурхони мардумро пур кардааст. Тавре аз суҳбат бо чандин нафар сокинони ноҳия дарёфтем, маҳсулоти корхонаи мазкур серхаридору аз ҷиҳати экологӣ тоза буда, мувофиқ ба талаботи рӯз истеҳсол мешавад.

Подробнее...

НАТИҶАҲОИ АВВАЛИН ЧАШМРАСАНД

 

Кишоварзони ноҳия нимсолаи аввали  соли равонро бо натиҷаи чашмрас ҷамъбаст карданд. Онҳо тайи ин муддат    797 тонна гӯшт, 6578 тонна шир, 7906,6  ҳазор дона тухми мурғ,  55 тонна пашм ва    8 тонна асал истеҳсол карданд, ки нисбати ҳамин давраи соли гузашта    нишондиҳандаи ҳамаи соҳаҳо  зиёд мебошад.

Картошкапарварон ҳам ба ҷамъоварии майдони картошкаи барвақтӣ шуруъ карданд.  Онҳо аз  майдони 38 гектар картошказор 576 тонна ҳосил бардоштанд. 8 тонна ҳосили ҷамъоварӣ кардаи сабзавотпароварони ноҳия ҳам пешкаши  сокинон гардид.

  Хоҷагиҳои деҳқонӣ  ба ҷамъоварии майдонҳои  ғаллазор   шуруъ карда , то имрӯз аз  605 гектар ғаллазор   1020 тонна ҳосил ғун дошта шудааст. Айни ҳол  ҳосилнокии ҳар гектар майдони ғаллазор ба 16,9 сентнерӣ мерасад.

Ҷамъоварии хошок низ дар хоҷагиҳои деҳқонию инфиродӣ бо суръат идома дорад. Хоҷагидорон мақсад доранд, ки  барои зимистонгузаронии   чорво дар соли равон зиёда аз 8 ҳазор тонна хошок захира карда шавад. Хошоки ҷамъоваришуда то имрӯз ба 1283 тонна расидааст.

Кишоварзони ноҳия азм доранд,   иҷрои якчанд намуди маҳсулоти кишоварзиро  то   ҷашнгирии рӯзи Истиқлолияти давлатии кишвар  таъмин намоянд.

С. ТИЛЛО.

ТАВСИЯҲОИ “СВИС ГРОВ”

 

Бо мақсади васеъ намудани боғҳо ва истеҳсоли меваҷоти босифат, хусусан себ, дар хоҷагии “Файзи Сайдонӣ”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Дӯстмурод Алиев машварати омӯзишӣ доир гардид. Дар чорабинӣ раисони хоҷагиҳои деҳқонӣ намояндагони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот ва масъулини раёсати кишоварзии ноҳия иштирок доштанд. Дар машварат Меҳмет Карайик,  сарагроном оид ба корҳои боғпарварӣ аз ширкати “Свис гров”-и Ҷумҳурии Туркия ва Юнус Ҳоҷимуродов, намояндаи ҳамин ширкат дар Тоҷикистон, ба шунавандагон вобаста ба навъҳои беморӣ, тарзи истифодаи дурусти нуриҳои минералӣ, буриши санитарӣ, ғизодиҳӣ ва тарзи дурусти ҷамъоварии маваю сабзавот маслиҳату тавсияҳои судманд доданд.

Подробнее...

БАҲРИ ФАРОВОНҲОСИЛӢ

Соҳибкор Муллоқувват Раҳимов, сокини деҳаи Мискинободи Ҷамоати деҳоти Мискинобод дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар бобати рушди соҳаи картошкапарварӣ сармашқи фаъолият қарор дода дар майдони 6 гектар картошка шинонд. М.Раҳимов ният дорад, ки майдони умумии ин зироатро ба 8 гектар расонда ҳосилнокии онро аз ҳар як гектар то 200 - 250 сентнерӣ расонад. -Ният дорам аз ҳосили имсолаи бадастомада ба оилаҳои камбизоат кумак расонам, - мегӯяд М.Раҳимов.

Ҳоким САФАР.

САРДХОНА БАРОИ 70 ТОННА

 

Рушди соҳаи кишоварзӣ ва ҷавобгў будан ба талаботи замони муосир тақозо мекунад, ки кишоварзон барои нигоҳдорӣ ва пешкаши аҳолӣ намудани молҳои ниёзи мардум аз ҳамаи имкониятҳо истифода баранд. Сохтмони сардхонаҳо ба мақсад мувофиқ аст.

Подробнее...

ИҶРОИ НАҚШАИ КИШТИ БАҲОРӢ

Нақшаи кишти баҳорӣ дар Ҷамоати деҳоти Ҷавонон барзиёд иҷро гардид. Деҳқонони асил дар майдони 495,1 гектар кишт гузаронида нақшаро 102 фоиз таъмин карданд.Айни ҳол пайи иҷрои нақшаи кишти сабзавоту бунёди боғ кӯшиш доранд

Подробнее...

МОҲИПАРВАРӢ: ПЕШРАФТИ СОҲА ТАБЪИ ДИЛ НЕСТ!

Дар ноҳия хоҷагиҳои моҳипарварӣ ноҳия тибқи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар асоси «Барномаи рушди соҳаи моҳипарварӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2009-2015» фаъолият намуда, имрӯз дар пешкаши сокинони ноҳия гардонидани моҳӣ то андозае   саҳм гузоштаанд. Вале корҳои иҷро шуда барои пешрафти соҳаи моҳипарварӣ кифоят намекунад. Дарёи Элок бошад ба ривоҷи соҳа имконият медиҳад.

Подробнее...

ДЕҲҚОНИ АСИЛ АЗ ШӮРАЗОР ҲАМ ҲОСИЛ МЕГИРАД

Баҳорро бедории сол ё зиндашавии табиат мегӯянд. Зеро дар ин фасл оламу одам ҳамагӣ ранги дигар мегиранд. Дақиқан медонем, ки ниёгонамон Наврӯзро оғози сол гуфтаанд. Аҷдодонамон баробари зинда шудани табиат ба хотири пур кардани кулвори зиндагӣ аввалин донаи умедро ба замин мепошанд. Аз ин хотир баҳорро фасли деҳқон мегӯянд. Гузаштагонамон аз қадим ба ин шева кору пайкор доштанду шуғли асосиашон деҳқониву чорводориву зироаткорӣ буд. Ба хонандаи закӣ як тан аз деҳқонони асили диёрро муаррифӣ кардан мехоҳем.

Бобати деҳқонии Ислом Сайфуллоев шояд баъзеҳо маълумот дошта бошанд. Ӯ ҳам деҳқон асту ҳам чорводор. Ҷойи дигар моҳипарвару занбӯриасалпарвар. Атрофи номи ин ҷавони меҳнативу аз обилаи кафи даст нон мехӯрдагӣ ба такрор гӯем ҳам шояд на ба ҳамаи хонанда ошно гардад. Бояд бигӯем, ки ӯро модари “рекордист”-аш Надежда Сайфуллоева машҳур кард. Ислом писари ҳамон Надеждаест, ки соли 2014 зимни вохӯрии соҳибкорон бо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намуда буд, ки булғории 560-грамаи парваришнамудаашро ба китоби рекордҳои Гиннес ворид созанд.

Ислом дур не, ҳамагӣ ҳафт сол пештар ба деҳқонӣ машғул шуд. Аввалҳо чун дигар сокинони диёр ба мардикорӣ мерафт. Дид, ки бо меҳнати ҳалол аз замин нон ёфтану рӯзӣ бурдан имкон дорад, ба пуррагӣ ба шуғли деҳқонӣ камар баст.

Имрӯз ӯ якҷо бо бародаронаш наздик дар 3 гектар замин сабзавоткорӣ мекунад. Дар он ҳамагӣ чор бародар машғуланд, мавсими тобистон бошад, баробари зиёд гардидани корҳои мавсимӣ то ҳашт-даҳ нафарро киро мекунанд. Мавсими соли гузашта дар масоҳати 0,90 гектар кишти помидорро ба роҳ монда 50 тонна ҳосил ба даст овард, ки дар ҳаҷми зиёда аз 100 ҳазор сомонӣ ба бозорҳои кишвар аз ин навъи зироати полезӣ ба фурӯш баровардааст. Кишти имсолааш бошад аз ҳисоби ғалладонагиҳо 15 гектар аст. Масоҳати умумии заминҳои хоҷагии деҳқонии ин кишоварзи асил ҳамагӣ 2,5 гектаррро дар бар мегирад. Мавсуф гуфт, ки кишти солонаашро аксаран дар заминҳои иҷорагирифтааш ба роҳ мемонад. Чун меҳнати ҳалолу азми сидқан ба замин кор карданро дорад, ҳосили хуб ба даст меораду аз ҳисоби фурӯши маҳсулоти дастранҷаш хароҷоту маблағи заминҳои иҷораро пӯшонида, фоидаи иловагӣ ба даст меорад. Дар ин оила, ки сарварии ҳамаи хоҷагиҳоро Ислом ба ӯҳда дорад, ба ҷуз модараш дигар ҳама маълумоти олӣ надоранд. Аз ягон агроном ҳам маслиҳати кишту коркарди агротехникии ин ё он зироатро намегиранд. Ислом мегӯяд: “аз интихоби тухмӣ то коркарди агротехникиву додани нуриҳои минералӣ, ҳамаи кори парваришу роҳҳои бадастоварии ҳосили хубро аз сомонаҳои интернетӣ меомӯзад. Барои ҳосили хуб ба даст овардан, тухмии хубро интихоб намудан лозим аст. Нарму мулоим кардан ё додани нурӣ вақту соати муайяни худро дорад. Ба ин танҳо ба ҳолати нашъунамои зироат аҳамият додан лозим аст”.

Соли гузашта баъди ҷамъоварии ҳосили якум Ислом дар масоҳати 0,50 гектар лубиё кишт намуда, аз 32 киллогарм тухмӣ 1 тонна ҳосил ба даст овард.

Илова бар ин ӯ дар чорводориву моҳипарварӣ ва дигар навъи хоҷагидорӣ низ маҳорат дорад. Пайваста заҳмат мекашад, кор мекунад, то фоида бигирад.

Имрӯз ӯ аз норасоии мутахассис танқисӣ мекашад. “Барои зиёд намудани майдони кишту парвариши чорвову моҳӣ аз ин беш дастам намерасад, мегӯяд ӯ. Агар мутахассисони хуб бошанд, тариқи шартнома ба кор мегирам.

Ислом Сайфуллоев заминро беҳтарин сармояи рӯзии инсон медонад. “Ягон намуди замин беҳосил нест. Фақат танбалии инсон аст, ки заминро беҳосил мегардонад”, ақида дорад ӯ.

Подкатегории