Чт10102024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

КИШОВАРЗӢ

КОРҲОИ БОБАРОРИ ОҒОЗИ БАҲОР

  Дар минтақаи поёни Файзобод баҳор барвақт мерасад. Агар чилаи хурдак сахтгирӣ накунад, гулҳои сиёҳгӯши талу теппаҳои Якабед, Гулафшону Шерамон аз замин сар мекашанд. Барои кишоварзон ҳам давраи мусоиди кор муҳайё мегардад.

Аз хусуси имкониятҳои фароҳамовардаи табиат ва оғози бобаракати корҳои баҳорӣ дар деҳоти Меҳробод раиси ҷамоат Нурулло Хайруллоев мужда дод. Гуфт, ки нақшаи имсолаи бунёди боғҳои нав, ки аз 15 гектар иборат аст, аллакай қариб 30 фоиз иҷро шуд. Сокинони деҳаҳои Якабед, Гулафшон Шодмон Нурзода, Абдукарим Азизов, Акбар Неъматов бо тавсияи мутахасисон дар талу теппаҳо аллакай 4 гектар боғ бунёд намудаанд.

Дар ҳудуди деҳоти Меҳробод дарахтони 200 гектар боғ аз шоху навдаҳои зиёдати сабукбор гардонда шуданд. Коркарди боғҳо алҳол ба охир нарасидааст. Азми имсолаи деҳқонони Меҳробод ба он равона гардидааст, ки дар 42 гектар қитъаҳои замин картошка шинонанд. Онҳое, ки ин корро ба зима гирифтаанд, тухми хушсифат муҳайё намуда, интизори гармшавии киштгоҳҳоянд.

Абдурозиқ Амиршоев, Сафомиддин Зиёев, Аҳмад Бегиҷонов ва чанд нафари дигар, ки тракторҳои ҷуфтӣ доранд, дасти зироаткорронро сабук мегардонанд.

                                                                                                              Ҷ. БАҲОРОВ.