Пт07202018

Last updateЧт, 19 Июль 2018 1pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

“РЕШАҲОИ НОАЙЁН” ПАРДА АЗ РӮИ ХОИНОНИ МИЛЛАТ БАРДОШТ

 

Гумраҳе дар  ботлоқи гумраҳон,

Мезанад даст, мезанад по ҳар замон.

Динфурӯш мазҳабфурӯши беимон,

Ҳамчу хар афтода дар гил ногумон.

Тамошои филми “Решаҳои ноайён”, ки шоми 18 июни соли равон аз тариқи ҳамаи шабакаҳои телевизионҳои кишвар  намоиш дода шуд ва аз кору пайкори сиёҳи як тан аз хоинони  ватан,  воизи шинохтаи  даргириҳои солҳои навадуми асри гузашта Саид Қиёмиддини Ғозӣ, ки имрӯз аз карда пушаймону иқрор ба гуноҳи худ аст,  бешак  ҳар фарди мусалмонро ба  андеша водор месозад.

Подробнее...

ПАЙДОИШ ВА ПЕШГИРИИ ТЕРРОРИЗМ

-ДУНЁИ АНДЕША-

 

Мафҳуми террор, ки имрӯз чун истилоҳ қабул гардидааст, аз вожаи лотинӣ «terror» гирифта шудааст. Дар забони тоҷикӣ он маънои тарс, даҳшат, ҳаросро ифода мекунад. Ибтидои пайдоиши онро дар шакли терроризм гурӯҳе ба замони атиқа маҳсуб медонанд. Баъзе онро зуҳуроти охири асри 20 меҳисобанд.

Подробнее...

ВАҲДАТ ПОЯИ СУЛҲ

Ваҳдати миллӣ барои миллати тоҷик ва кулли тоҷикзабонони сайёра таърихи басо хушу зиндагисозро ҳадя кард. Пеш аз ҳама ба ҷанги шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон нуқта гузошт. Албатта, ҳар оғозеро анҷоме дар пай аст. Ҳамаи ҷангҳо, чӣ хурду чӣ бузург, аз худ қатлу куштор ва хунрезӣ боқӣ мегузоранд. Аз ин нигоҳ ҳодисаҳои дохили кишвари мо низ истисно нест. Насли солҳои 90-уми асри гузаштаи мо ҳама ранҷу азоби ҷанги шаҳрвандиро диду дар кому ботини худ заҳрашро чашид. Садои фарёду фиғони кӯдакону модарон, дуди сиёҳи хонаҳои сӯхтаву валангор, ҷонсупорӣ дар талоши як пора нон ба фалак ҳамовоз мешуд. Ин ёдоварии талх бояд барои ҳар яки мо зангулаи садои бедорӣ бошад.

Подробнее...

“ РЕШАҲОИ НОАЁН» СИМОИ АСЛИИ АЪЗОЁНИ ТТЭ ҲНИТ-РО ЧУН ОИНА РАВШАН КАРД

Шоми 18 июн дар шабакаи давлатии телевизионии “Тоҷикистон” филми мустанаде бо номи “Решаҳои ноаён”дар бораи Саид Қиёмиддини Ғозӣ намоиш дода шуд. Дар филм,ки аз тарафи мақомоти амнияти Тоҷикистон таҳия шудааст,воқеаҳои солҳои 90 ро кори дасти “хиёнаткорон” унвон мекунанд,ки бо дастури “хоҷагони хориҷӣ” чунин рӯзҳои мудҳишро ба сари мардуми мо оварданд ва дар ин радиф Саид Абдуллоҳи Нурӣ,Муҳаммадшариф  Ҳимматзода ва Саид Қиёмиддин  номбар мешаванд. Тамошои филм сафҳаи ба пуррагӣ зудуданагаштаи андешаро дар бораи воқеоти гузашта боз як бори дигарварақгардон кард.

Подробнее...

ВАТАНХОҲӢ БА ГУФТОР АСТ...? Ё ЧАРО РАФТОРУ ГУФТОРИ САРВАРОНУ ЯЪЗОЁНИ ТТЭ ҲНИТ ЯК НЕСТ!

 

Чӣ тавре аз шабакаҳои интернетӣ огоҳӣ дорем, амалҳои мудҳиши террористӣ дар тамоми гӯшаҳои ҷаҳон, алалхусус Осиёву Африқо ва Аврупову Амрико рух дода, қариб рӯзе нест, ки сокинони ин кишварҳо қурбони ҷиноятҳои террористӣ гарданд.

Террористон худро дар ҷомаи ислом дида, корҳоеро ба анҷом мерасонанд, ки дар ақли солим намеғунҷад. Аз амалҳои террористони исломӣ бар меояд, ки онҳо худӣ ва бегонаро аз ҳам ҷудо накарда, ҳазорҳо шахсиятҳои бегуноҳро ба коми марг мекашанд ва ҷиҳод ном гузошта саркардаҳои онҳо аз ин амалашон кайфият мебардоранд ва ин амали носавоби онҳоро Қуръони маҷид ва дигар ҳадисҳову китобҳои динӣ маҳкум мекунанд.

Подробнее...