Чт10102024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

ЗИРАКИИ СИЁСӢ:ОМИЛИ АСОСИИ ПЕШГИРӢ АЗ ИФРОТГАРОӢ

Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳангоми ироаи Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз афзоиши хатари терроризм ва экстремизм дар ҷаҳони муосир изҳори ташвиш намуданд. Терроризм инсониятро дар ҳама давраи таърихӣ таҳдид мекард. Ифротгароӣ ва терроризм ҳанӯз хеле барвақт ҳамчун мафҳум ба вуҷуд омадааст.

Подробнее...

БОЗИЧАИ ДАСТИ АҶНАБИЁН

Пас аз амалиёти Назарзода якчанд саркардагони наҳзатӣ, ки дар исёни сиёсӣ-низомӣ бевосита ё бавосита даст доштанд, аз сӯйи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатӣ боздошт шуданд. Билохира, ин созмони террористӣ-экстремистӣ миёни мардум беобрӯ гардид. Шармандагии солҳои навадуми асри бист басанда набуд, ки ТЭТ ҲНИ дар фазои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва мадании ҷумҳурӣ батамом шарманда ва радди маърака шуд.

Подробнее...

КАБИРИМАОБОН МО БО ШУМО НЕСТЕМ

Имрӯзҳо ҳамагон симои разилонаи намояндагони гурӯҳи наҳзатиҳоро, ки ҳамчун хоинони давлату миллат дар зери қаноти хориҷиҳо паноҳ мебаранд, шинохтанд.

Наҳзатиҳои хоин худро шахси диндору мусулмон нишон дода, пинҳонӣ ба миллати тоҷик хиёнат карданд. Акнун пардаи руйи Кабирӣ дарид ва симои аслии ин хоини террористро миллати точик шинохт.

Подробнее...

ҶАРАЁНҲОИ ТЕРРОРИСТӢ СӮИ НЕКӢ НАМЕБАРАНД

-ДУНЁИ АНДЕША-

                  Солҳои охир як қатор ҷараёнҳои номатлуби диннӣ сокинони як қатор давлатҳо аз он ҷумла   мамлакати моро ҳам ба ташвиш овардааст. Зеро ин ҷараёнҳо ифротгаро    бо тамоми зуҳуроташ ҳамчун ҷараёнҳои иртиҷоӣ худро нишон додаву   доираи зиёди   минтақаҳои дунёро фаро гирифтааст. 

Подробнее...

СУЛҲУ ОРОМӢ ВА ВАҲДАТУ ЯКПОРЧАГИИ КИШВАР ҲАДАФИ ЗИНДАГИИ ОСУДАИ МОСТ

Ҳизби наҳзати ислом дар кишвари мо 26 октябри соли 1991 ташкил ёфт. Бо сабаби тасаввур ва андешаҳои нодурусти динӣ доштан баъзе нафарон худро ба гурӯҳҳои ифротӣ шомил мегардонанд ва ақидаҳои носолими динии худро мехоҳанд дар ҷомеаи демократии дунявӣ амалӣ созанд.

Дар шароити имрӯза авзои сиёсии ҷаҳон ва тағйиру таҳаввулоти босуръати он, вусъат ёфтани низоъҳои байнимазҳабӣ ва арзӣ, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзӣ зиракии сиёсии шаҳрвандон аҳамияти басо муҳимро касб менамояд.

Подробнее...