Вт11052024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :

ВОКУНИШ

БОЗИЧАИ ДАСТИ АҶНАБИЁН

Пас аз амалиёти Назарзода якчанд саркардагони наҳзатӣ, ки дар исёни сиёсӣ-низомӣ бевосита ё бавосита даст доштанд, аз сӯйи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи давлатӣ боздошт шуданд. Билохира, ин созмони террористӣ-экстремистӣ миёни мардум беобрӯ гардид. Шармандагии солҳои навадуми асри бист басанда набуд, ки ТЭТ ҲНИ дар фазои сиёсӣ, иҷтимоӣ ва мадании ҷумҳурӣ батамом шарманда ва радди маърака шуд.

Амалҳои террористии содирнамудаи сарони ин ҳизб ошкор намуд, ки ҳадафи асосии онҳо бо ҳар роҳе набошад, бо ивази хуни фарзандони ин миллат ба даст даровардани ҳокимияти сиёсӣ дар кишвар мебошад.  Баста шудани ҳизб бо назардошти вайрон кардани вазъи суботи сиёсии кишвар ва даст ба амалҳои ҷиноятии хусусияти террористӣ дошта задани раёсати ин ҳизб ва ҳамчунин берун шудан аз доираи низомномаи ҳизб бо дархости Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон ТЭТ ҲНИ ҳизби террористӣ эълон шуд. Баста шудани ТЭТ ҲНИ пеш аз ҳама ба амали роҳбарони ин ҳизб, ки даст ба яроқ бурданд ва хостори бо тариқи зурӣ сарнагун намудани ҳокимият шудаанд, иртибот дорад. Вале сарони ин ҳизб, махсусан Кабирӣ мардумро бо роҳи дуруғу фиреб алайҳи давлату миллат шӯронид ва онҳоро дар нимароҳ монда худ фирор кард ва акнун дар хориҷи кишвар аз қудратҳои минтақавию ҷаҳонӣ пушиши молиявӣ гирифта, мехоҳад боз фазои кишварро ноором кунад ва ҳамчун як муҳра бар манфиатҳои бегонагон хизмат намояд.

Ҳарчанд дар ин ҳодиса Назарзода ба сазои аъмолаш расид ва бархе аз сарону созмондиҳандагони ин ҳодиса ҳамчун муҷрим ба маҳкама кашида шуданд, вале созмондиҳандаи асосии ин ҳодисаи нангин Кабирӣ, ки боиси фавти фарзандону пайвандони мардуми тоҷик гардид, имрӯз озодона дар Аврупо ба cap мебарад. Нашармида алайҳи давлату Ҳукумати Тоҷикистон носазо мегӯяд ва бо дурӯғу дасиса худро мазлум нишон дода мехоҳад дар Аврупо, ки доим аз адолату инсоният кор мегиранд, паноҳ барад ва беҷазо монад.
Муҳиддин Кабирӣ мисли ҳамешагӣ худ ва ҳамдастони собиқашро бегуноҳ арзёбӣ намуда, ҳамаи айбро бар гардани мақомот ҳавола мекунад. Бояд қайд кард, ки дар ин кор Кабирӣ ба ҳар роҳу восита мехоҳад, хешро аз қабзаи террорист будану ба ҷиноят даст задан орӣ нишон диҳад. Мо мутмаинем, ки дер ё зуд Муҳиддин Кабирӣ ба аъмоли террористиаш, ки боиси марги садҳо нафар гардидааст, дар назди қонун ва миллати тоҷик ҷавоб хоҳад гуфт.

Бунёд ҲОТАМ.

собиқашро бегуноҳ арзёбӣ намуда, ҳамаи айбро бар гардани мақомот ҳавола мекунад. Бояд қайд кард, ки дар ин кор Кабирӣ ба ҳар роҳу восита мехоҳад, хешро аз қабзаи террорист будану ба ҷиноят даст задан орӣ нишон диҳад. Мо мутмаинем, ки дер ё зуд Муҳиддин Кабирӣ ба аъмоли террористиаш, ки боиси марги садҳо нафар гардидааст, дар назди қонун ва миллати тоҷик ҷавоб хоҳад гуфт.

Бунёд ҲОТАМ.