Чт10102024

Last updateВт, 14 Апр 2020 4pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ОШНОӢ

     Соли 1933 дар ҳаёти сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии ноҳия воқеаи муҳими таърихӣ ба вуқуъ омад, ки он таъсиси матбуоти маҳаллӣ, газетаи «Меҳнати сотсиалистӣ» мебошад. Ин воқеаи барои аҳли зиё, созандагони ҳаёти нави ҷомеа, кулли сокинони Файзобод хеле фараҳбахш расо баъди ду соли ташкилёбии ноҳияи мустақил рух дод. «Меҳнати сотсиалистӣ» номи рамзӣ набуда, бар асоси шуруъ кардани мардум ба бунёду тараққии сохти нави сотсиалистии рӯзгор унвонӣ шуда буд. Сокинони Файзобод, ки панҷсолаи якуми тараққиёти хоҷагии халқи мамлакатро аз сар гузаронда, дар ҷараёни босуботи пешравии истеҳсолоту маънавиёти панҷсолаи дуюм қарор доштанд, таҳти шиори ғояҳои нави ҳаёти иҷтимоӣ аввал гуруҳҳои сарҷамъи хурд, баъдтар колхоз (хоҷагиҳои ҷомеавӣ) ташкил карда, барои пурра ворид гардидан ба маҷрои сохти сотсиалистӣ ҷаҳду талош менамуданд. Ҳамаи ин боядба оммаи васеъ дастрас мешуд, тарғибу ташвиқ мегардид.

Ҷаридаи нав, яъне «Меҳнати сотсиалистӣ» ин вазифаи пурмасъулиятро ба зимма гирифт. Кормандони он ки ҳеҷ кадомаш мутахассиси матбуот набуда, аз ҷумлаи аввалин коммунистону комсомолон, ба ифодае зиёиёни нав интихоб гардида буданд, вазифаи худро содиқонаю суботкорона ба ҷо меоварданд. Барои хабарнигорони «Меҳнати сотсиалистӣ» дар баробари саводи хату қалам, ҷасорату нотарсӣ зарур буд, то ҳодисаҳоро воқеъбинона, беғараз ва аз рӯи виҷдон инъикос намоянд. Табиист, ки ҳамон солҳо душманони сохти сотсиалистӣ кам набуданд. Ошкоро фош кардани онҳо масъулияти баланди ҳақиқатнигориро талаб менамуд.

Ҳамин тавр «Меҳнати сотсиалистӣ» 80 сол қабл ба оинаи диёр табдил ёфта, пайваста ҳаёти иқтисодиву иҷтимоӣ, умуман бурду бохти хоҷагии халқи ноҳияро инъикос менамуд.

Идораи рӯзнома тайи солҳои мавҷудияти худ вобаста ба талаботи замон се маротиба табдили ном карда, ба тавассути заҳмати аҳли эҷоди нашрия аз шумора ба шумора сатҳу сифату мазмуни он беҳтару хубтар гашта, миёни сокинони ноҳия маҳбубияти хоса ва мақоми шоиста касб намуд ва ҳамзамон садҳо қаламкашонро тарбия кард. Устод Садриддин Айнӣ барҳақ фармудаанд, ки: «Рӯзномаи ҳар қавм ва миллат забони эшон аст». Ба андешаи инҷониб, матбуот яке аз қудратҳои бузургест, ки метавонад фазои иттилоотиро таъмин намояд, пояи иттиҳоду ҳамбастагӣ ва ваҳдату якдилии миллатро мустаҳкам созад, ҷомеаро бо навгониҳо ошно намуда, аз нокомиҳо раҳоӣ бахшад. Маҳз ба тавассути матбуот ҷомеа метавонад аз ахбори навини олам, пешравиҳои илму фарҳанг, иқтисодиёту иҷтимоиёт сари вақт бохабар гардида, ҷаҳони маънавии худро бой гардонад, сари ин ё он масъала фикру андешаҳои худро озод баён намояд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба кори матбуотчиён баҳои баланд дода, аз ҷумла менигорад: «Матбуот оинаи ҳаёт, чашму гӯши халқ, муҳимтарин рукни ҷомеаи демократӣ мебошад». Боиси ифтихору сарфарозист, ки қаламкашони ноҳия пайваста дар талошу ҷустуҷӯ, дарёфти мавзӯҳои наву тоза, огоҳ намудани сокинони ноҳия бо пешравию навгониҳо, инчунин омӯзишу таҳлили сабабҳои сар задани камбудиву норасоиҳо дар ҷомеа ва дарёфту роҳи ҳаллу ислоҳи онҳо ва даво бахшидан ба дардҳои ҷомеа мебошанд. Онҳо мекӯшанд, ки бо сухани наву тоза руҳи бунёдкориву созандагии сокинони ноҳияро боло баранд, фаъолону пешқадамонро дар сафҳаҳои рӯзнома васфу тавсиф кунанд, нафароне, ки дар вазифаашон содиқ нестанду сусткору сустиродаанд, зери тозиёнаи танқид гиранд.

Ҳаёти имрӯза, дигаргунию пешравиҳои даврони истиқлолият, ҷаҳду талоши давлату ҳукумат баҳри мустаҳкам намудани пояҳои соҳибистиқлолӣ, гулафшону фурӯзон намудани боғи ваҳдати миллӣ, воқеоти сиёсию навгониҳои фарҳангию иҷтимоӣ дар назди рӯзноманигорон, минҷумла эҷодкорони маҳаллӣ, мушаххасан кормандони «Набзи Файзобод» вазифаҳои пурмасъулият мегузорад. Эътироф бояд кард, ки эҷодкорони маҳаллӣ рисолати азалии худро софдилона ба ҷо меоранд.

Солҳои охир маводи ҷолибу хонданибоб дар саҳифаҳои газета фаровон шудааст. «Набзи Файзобод» оид ба иҷрои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, дастовардҳои варзишӣ, пажуҳишу дигар ихтирооти ҷавонон, садоқати онҳо ба ватан, руҳбаландиашон аз дигаргуниҳои азим хабару мақола ва гузоришоти диққатҷалбкунанда ба табъ мерасонад.

Соли 2012 дар озмуни ҷумҳуриявӣ бобати ташвиқу тарғиби Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» сазовори ҷои дувум гардидани «Набзи Файзобод» шаҳодати пухтакории аҳли эҷоди ноҳия аст.

Хулоса, матбуоти ноҳия ҳамқадами ҳаёт қадам мениҳад. Ҳар нафаре, ки мехоҳад бо таъриху дастовардҳо ва навгониҳову пешравиҳои ноҳия огоҳ шавад, басанда аст, ки «Набзи Файзобод»-ро варақгардон кунад.  

 

Воқеан, ин нашрия яке аз ҳазорҳо фарзанди асили матбуоти миллии тоҷик аст, ки ба синни мубораки 80 расид. Ин пири батадбир дар умри рафтаи хеш кам не, шояд аз ҳазор ҳам зиёд фарзандҳоро ба оғӯш гирифтаву аз оғӯши худ бо навозиши модарона гусел кардааст. Аммо ӯ ҳанӯз ҳам умри ҷавон дорад. Чӣ сон?! Ҳар гоҳ ки шумораи нави рӯзнома аз нашр мебарояд, дар назари мо, танҳо аз диди мо не, дар нигоҳи хонанда ҳам ӯ гӯё аз нав тавлид шудааст. Ҳамин аст зиндашавии ҳаёт барои ҳар рӯзномаву маҷалла ва ин аст, ки мо мегӯем «агарчӣ «Набзи Файзобод» пири 80-сола аст, ӯ дар андешаи мо ҷавон аст ва мудом ҷавон мемонад».

Як сол пеш ба таърихи матбуоти тоҷик 100 сол пур шуд. Дар ин давраи тӯлонӣ ба майдони эҷод ҳазорҳо қаламкашон ворид шудаву бо сеҳри сухани худ инсонҳоро тарбияи ахлоқию маънавӣ додаанд. Бо пешниҳоду масъалагузориҳои аҳли қалам зиёд нуқсу иллатҳои ҷомеа бартараф шудаву мушкилоти инсонҳои зиёде ҳалли худро ёфтаанд. Ин ҳеҷ гоҳ муаммо буда наметавонад, зеро ки Сарвари давлат низ дар суханронии худ ба шарафи Рӯзи матбуоти миллӣ ин нуктаро назди аҳли қалам бо ифтихор баён намуда буд: «Матбуоти тоҷик, сарфи назар аз шакли моликият, дар даврони истиқлол тадриҷан рушду такомул ёфта имрӯз ба Тоҷикистон ва мардуми он софдилона ва содиқона хизмат менамояд.

Дар замони соҳибистиқлолӣ дар мамлакати мо барои пешрафт ва фаъолияти озодонаи воситаҳои ахбори омма тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ фароҳам оварда шуданд ва пайваста такмил дода мешаванд … »

Боиси хушнудист, ки имрӯз дар Тоҷикистон як гуруҳи калони эҷодкорон машғули фаъолиятанд, ки маҳорати касбии баланд, ҷаҳонбинии васеъ, қалами бурро ва аз меъёрҳои қонунгузории мамлакат хуб огоҳанд. Онҳо анъанаҳои неку шоистаи нависандагон ва рӯзноманигорони наслҳои гузаштаро идома медиҳанд ва соҳиби мактаби хоси худ низ мебошанд.

Нақши матбуот дар ҷомеа аз давраи пайдоиш то ба имрӯз муассир аст. Онро баъзан ҳокимияти чаҳорум низ маънидод мекунанд, ки ин беҳуда нест. Зеро аслиҳаи идеологию таблиғотии давлату ҳукумат матбуоти ӯст. Баъд аз Инқилоби рус ва пайдоиши давлати шӯроҳо, ки ҷумҳуриҳои иттифоқро ба ҳам пайваст, сар аз соли 1931 дар шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистон пайи ҳам рӯзномаҳои маҳаллӣ таъсис меёфтанд. Нашрияҳо авзои рӯзро пайгирӣ намуда, бо ин ҳамқадами ҳаёт ва давру замони худ буданро нишон медоданд. Ва ҳамин пайки пирӯзӣ ба дили ҳукуматдорони диёри мо низ шуълаи умедро ворид намуд, ки бо кӯшишу талошҳояшон нимаҳои соли 1933 ҷаридае бо номи «Меҳнати сотсиалистӣ» рӯи чоп омад. Ин нашрияе буд, ки бедорфикрии мардумро ривоҷ дод ва афкори тозаро ба ҳам гирд овард. «Меҳнати сотсиалистӣ» дар баробари боло бурдани зеҳнияту тафаккур, мардуми маҳалро аз навгониҳое, ки дар ноҳия ва ҷумҳурӣ ба амал меомаданд, ошно менамуд ва ҳам хабару мақолаҳои танқидиро рӯи чоп меовард. Мо кӯшиши зиёд ба харҷ дода, китобхонаву бойгониҳои маҳаллӣ ва ҷумҳуриро пурсуҷӯ кардем, то шумораи аввалини нашрияи ноҳияро ёфт намоем. Кӯшишҳо натиҷа надода бошад ҳам, дилсард нагаштем, зеро аз соли 1937 инҷониб зиёд шумораҳои «Меҳнати сотсиалистӣ» ба дастамон афтод, ки аз он матолиби ҷолиб мавриди мутолиа қарор гирифт. Аз маводи чопшуда аён мегардад, ки идораи рӯзнома воқеан ҳам даргоҳи бонуфӯз ва мақоми худро касбкарда ба шумор мерафт. Роҳбарони қавиирода, мухбирони ҷасуру матин дошт «Меҳнати сотсиалистӣ». Аз бастаҳои соли 1937 (мутаассифона, аз ин пештар шуморахои «Меҳнати сотсиалистӣ» ба даст наафтод) то соли 1948 номи муҳаррирони масъул Наҷот Давлатов, Сафар Боев, Абдусамеъ Очилзода, Бобишо Саъдуллоев, Раҳмат Маҳмадҷонов, Абдураҳим Рауфов, Сафаралӣ Ашӯров, Шамсиддин Саидов, Авғон Ашӯров, Муҳаммад Аҳмадов ба чашм мехӯранд, ки тамоми паҳлуҳои ҳаёти ҷомеаро дар саҳифаҳои рӯзнома бо муаллифии эҷокорони идорию берунӣ Шамсов, Д.Олимӣ, Шарипов, А.Муҳсинзода, С.Бобиев, В.Раҷабов, А.Раҳмонов, Тошмуҳаммадов, Бозоров, М.Сайфиддинов, Ҷӯраев, Султон Ҳомидов ва садҳои дигар эҷодкорона васф кардаанд. Миёни онҳо ному эҷодҳои занҳои фаъоли давр Ашурбӣ Нозимова, Нозигул Юсуфова ва Гулизор Кабироваро дидем, ки ҳар се то солҳои 80-уми қарни гузашта миёни мо бо кору фаъолияташон парчамбардори занон буд. Ба кори табъу нашр низ як зумра ноширони маҳаллию берунӣ даъват шудаанд, ки барои чопи ҳар шумораи «Меҳнати сотсиалистӣ» сидқан хизмат кардаанд. Шумораҳои ба табъ расида солҳои аввал гоҳе дар ду саҳифа, гоҳе дар ҳаҷми чор саҳифа авзои маҳалро инъикос намудаанд. Нашрияи маҳаллӣ чун дигар воситаҳои ахбори давр аз оғози Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо андуҳ хабар дода, ташкили гуруҳҳои ҳарбӣ ва соатҳои комендантиро дар қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ эълон дошта, вобаста ба ин як қатор маводи ҷолиб ба чоп додааст. Дар шумораҳои аввалиҷангии «Меҳнати сотсиалистӣ» даъвати ҳамдиёрон ба фронт, номаи аскарони сурхи файзободӣ аз майдони муҳориба ҷой дода шудаанд. Афсӯс, ки аз замони ҷанги гитлерӣ дар бойгонии ҷумҳурӣ хеле ва хеле кам шумораҳои нашрияи маҳаллӣ маҳфузанд. Ин чанд омил дорад, албатта. Эҳтимол аҳли эҷод ва ноширон ба ҷанг сафарбар шудаанд, даъвии қабул ин аст, ки яке аз муҳаррирони масъули рӯзнома Сафар Боев иштирокчии ин набардҳо буд, то охирин рӯзҳои Ғалаба дар фронт монд. Сабаби дигар шояд ба ақибгоҳ ҷалб шудани ҳайати корӣ ё нарасидани маблағҳои кофӣ барои чоп, чун захираҳои аввалия барои нигаҳдории армия сарф мешуд, бошад. Ба ҳар сурат аз солҳои ҷангӣ ангуштшумор нусхаҳои «Меҳнати сотсиалистӣ» - ро дастрас намудем, ки ҳар яке аз дигаре ҷолибтару хонданитар буданд.

Мо зиёдтар аз ҳама ба охири садаи бист, хусусан солҳои 70-90-ум дида дӯхта метавонем, ки дар ин асно ҳайати бузурги эҷодӣ рӯи кор омадаанд ва ин замон аллакай нашрия номи «Меҳнати коммунистӣ»-ро дошт. Замоне роҳбарии рӯзномаро Раҷабалӣ Аҳмадов, Талабшоҳ Шарипов, Тоҳир Раҳмонов, Фирдавсӣ Қурбонов ва Ҷӯрабек Мӯминов ба дӯш доштанд ва, хушбахтона, имрӯз низ эшон маслиҳату машварати худро дар боби беҳдошти табъу нашри рӯзномаи маҳаллӣ аз мо дареғ намедоранд. Бартарияти дигар он буд, ки ҳамаи муҳаррирони нашрия, бино ба обутоби ёфтаашон, дар кори эҷод ва сару кор гирифтанашон ба тамоми табақаҳои мардум, тавонистанд бемамоният дар сохторҳои ҳукуматӣ фаъолияти худро давом диҳанд. Ва, хушбахтона, ҳамаи он устодоне, ки болотар номашон рафт, солҳои зиёде дар кумитаи ҳизбии ноҳия, кумитаи иҷроияи маҳаллӣ ва дастгоҳи раиси ноҳия кору фаъолият намуданд.

Баъд аз он ки корҳои сохтмонӣ дар НБО-Роғун авҷ мегирифт, бо супориши мақомоти болоӣ, хусусан кумитаи ҳизб, ки парастори асосии нашрия буд, «Меҳнати коммунистӣ» барои хонандагони русзабони шаҳрчаи Роғун ва Файзобод саҳифаи русиро боз намуд. Воқеан, дар сохтмони НБО- Роғун халқияту миллатҳои ғайритоҷик хеле зиёд сару кор мегирифтанд. Масъулияти саҳифаи русӣ ба дӯши яке аз ҷавондухтарони роғунӣ Чистопрудова Ольга Матвеевна, ки зодаи Россия буд, гузошта шуд. Ольга бо имзоҳои Чистопрудова, Круговая хеле зиёд гузоришу мақолаҳо офаридааст. Яке аз ҳамкорони собиқамон шодравон Сироҷ Шоев, ки солҳои зиёд муовини муҳаррир буд, дар интишори саҳифаи русӣ вақти худро дареғ намедошт ва ӯ низ дар ин саҳифа аз ҳаёти роғуниён ва дигар иншооти ноҳия ба забони русӣ мақолаҳо менавишт. Яке аз муаллимони фаъоли фанни забони русии ноҳия шодравон Неъматулло Гадоев чанд сол баъд аз рафтани Ольга масъули саҳифаи русӣ буд ва ӯ аз кору ҳаёти мардуми Роғун зиёд маводҳои хонданӣ иншо намудааст, ки имрӯз шумораҳои он дар бойгонии мо маҳфузанд.   Баъд аз он ки Роғун мақоми шаҳрро ба худ касб карду бо номи «Нури Роғун» соҳиби рӯзнома гашт, саҳифаи русии рӯзномаи мо баста шуд. Марҳум Сироҷ Шоев дар рӯзномаи шаҳри Роғун хеле вақт муҳаррир буд, Ольга Матвеевна бошад, аллакай ба ватани хеш рафт ва, хушбахтона, чанд сол пеш ӯ ба идора мактубе ҳам навишта аз ҳолаш моро воқиф намуд.

Санаи мубораки 80-ро барои рӯзномаи ноҳиявӣ умри пурбаракат бояд дид. Дар ин солҳо нашрияи маҳаллӣ барои пешрафти соҳаҳои хоҷагии халқи ноҳия сазовор хизмат намудааст. Садҳо гӯшаю саҳифаҳои ҷолиб дар ин солҳо рӯзномаро зебу зиннат ва қуввати адабӣ бахшидаанд. Аз гӯшаи «Занбӯр» ҳамаи роҳбарону масъулон гурезон шуда буданд, гӯем, хато намешавад ва онҳо худо мегуфтанд, ки меҳмон ё қаҳрамони ин гӯша набошанд. Ҳайати эҷодӣ бо заҳри сухан ҳам инсонҳоро тарбият мекарду ҳам низоми корро дар маҳал зери назорат мегирифт. «Саҳифаи назорати халқӣ» мақоми тозаеро ба худ касб карда буд ва ин саҳифа маводҳои хуби санҷишию таҳлилӣ дошт. «Саҳифаи рӯзи истироҳат» ва «Сабоҳат» бошанд, моҳе як маротиба аз тозаэҷодҳои навқаламон бо шеъру тарона, ҳаҷву мутоиба ва мақолаҳои баҳсангез шавқи хонандаҳои моро ба рӯзнома дучанд боло мебурд. Бамаврид аст гӯем, ки ин саҳифаҳоро муштариён, яъне обуначиёни мо бесаброна интизор мешуданд ва он аз саҳифаҳои дӯстдоштаи ҷавонон, хусусан эҷодкорон маҳсуб мешуд. Комёбӣ дар он буд, ки ин ду саҳифа дасти садҳо ҷавононро дар назму публисистика рост намуд ва иддае аз онҳо ҳунари худро сайқал дода, баъдан соҳибкитоб ҳам шуданд. Аксарият ин хизмати рӯзномаро дар ҳар нишасту вохӯрӣ ва нигоштаҳояшон бо ифтихор қайд менамоянд.

Нашрия дар давраи солҳои 1983 ва 2003 ҷашнҳои 50 ва 70-солагии худро дар доираи аҳли эҷод ва муассисону ихлосмандони рӯзнома хоксорона таҷлил намуд, ки ин ба давраи сарварии Фирдавсӣ Қурбонов ва Ҷӯрабек Мӯминов рост меояд. Ин солҳо роҳбарии ноҳия ба дӯши Амир Қароқулов ва Абдуқодир Давлатов буд ва мухбирони дохилию берунӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурӣ, Вазорати фарҳанг ва мақомоти маҳаллии ноҳия дастгирӣ ёфтанд, ки ин амал онҳоро ба эҷоду эҷодкорӣ боз ҳам дилгарм намуд . Соли 1991 «Меҳнати коммунистӣ» бино ба зарурати бозсозиҳо ва ташаккули ҷомеа «Набзи Файзобод» унвон гирифт ва ҷои «Пролетарҳои ҳамаи мамлакатҳо як шавед»-ро шиори «Барои ҷомеаи инсонпарвар» иваз намуд. Мавриди зикр аст, ки дар ин солҳои инкишофи рӯзномаи маҳаллӣ, тавре болотар ёдрас шудем, як гуруҳи соҳибқалам эҷодӣ ҳайати кории моро ташкил медод, ки қисме аз онҳо дар мамолики Шарқ таҷрибаи корӣ андӯхта буданд. Инҳо Маҳмадсиддиқ Толибов, Маҳмадалӣ Ҷалилов, Саъдӣ Мирзоев, Савлатшоҳ Хоркашов, Файзалӣ Аминов, Рустам Ҳакимов, шодравонҳо Мизробшоҳ Ҳакимов, Исо Назиров ва даҳҳои дигар мебошанд, ки баъд аз мактаби «Набзи Файзобод»-ро гузаштан алъон дар мактабҳои олии ҷумҳурӣ, вазоратхонаҳо ва созмонҳои байналмилалӣ ифои вазифа доранд. Боиси афзудан аст, ки ҳар яки онҳо барои дар ин даргоҳ кор карданашон ифтихор мекунанд ва иқроранд, ки аз ин гӯшаи эҷод бисёр чизҳо омӯхтаанд. Ин маънӣ дар ёдномаҳои навиштаашон ба ифтихори ҷашнҳои солгарди рӯзнома акси худро ёфтаанд.

Яке аз паҳлуҳои асосии фаъолияти рӯзнома, ин алоқа бо мухбирони ҷамоатӣ мебошад, ки, хушбахтона, ду соли охир мо дар ин ҷода ба комёбӣ муваффақ шудаем. Ин аз даста-даста мактубу мақолаҳое, ки ҳамарӯза ба идораи рӯзнома мерасад ва ташрифи мухбирони ҷамоатӣ бо нашрия гувоҳӣ медиҳад. Имрӯз кор бо мухбирони ғайриштатии мо то ҳадде фаъолу ҷоннок аст, ки ба ҷуз мустақилона пайгирӣ намудани мавзуъҳои дилхоҳашон, эҷодкорони беруна ҳамчунин аз идораи рӯзнома мехоҳанд барои навиштан дар ин ё он хусус супориш ё мавзӯъ гиранд. Ва натиҷаю самараи ҳамин ҳамкориҳо наздик шудан ба аҳолӣ аст, ки «Набзи Файзобод» соли 2012 дар ҷамъбасти озмуни ҷумҳуриявии «Фарзанд азиз-одобаш аз вай азизтар» барои саҳми арзанда дар тарғибу ташвиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва ҳадафҳои он – тарбияи насли наврас дар руҳияи инсондӯстӣ, ватанпарварӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ, умумибашарӣ ва фарҳангӣ-сазовори ҷойи дуюм миёни 56 нашрияи маҳаллӣ гашт.

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия, ки аз муассисони нашрия мебошад, хизмати эҷодкоронро қадр намуда, барои саривақт ва бо сифати хуб чоп шудани «Набзи Файзобод» дастгиру мададгори мост. Таъмири бинои рӯзнома ва бо таҷҳизотҳои ҳозиразамон таъмин намудани утоқҳои корӣ аз ғамхориҳои навбатии Вазорати фарҳанг ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия дар ивази мунтазам нашр шудани нашрия мебошад.  

 

           ҶӮЯНДАГОНИ САТРИ ДИЛҶӮЙ

Рӯзномае, ки ҳар ҳафта се маротиба интишор ва дастраси хонандагонаш мегардид, 80-сола мешавад. Ин муддат ба се давраи таърихи ҳаёти иҷтимоӣғсиёсии халқамон рост меояд. Солҳои сиюми асри гузашта барои Ҷумҳурии навбунёди Тоҷикистон давраи мушкилу вазнин буд. Соли 1931 бо қарори Кумитаи Иҷроияи Ҷумхурии Тоҷикистон Файзобод ноҳияи мустақил гардид. Дар назди ҳокимияти нави ноҳия ҳалли масъалаҳои мубрам меистоданд. Соли 1933 рӯзномаи ноҳиявии «Меҳнати сотсиалистӣ» таъсис дода шуд, ки рӯйдоди муҳими маданӣ маҳсуб мешуд. Дар солҳои «сохтмони густурдаи соқиализм»(солҳои 1930ғ41) рӯзноманигорон бо фишору таҳдиду таъзики душманони синфӣ нигоҳ накарда, бо вуҷуди мушкилоти зиёди молиявию техникӣ, бо амри дилу виҷдон ва садоқати бепоён вазифаи хизматиашонро иҷро мекарданд. Рӯзнома бо хуруфоти лотинӣ чоп мешуд. Аз соли 1940 то ба имрӯз бо алифбои кириллӣ интишор мешавад.

Дар давраи дуюм – «соқиализми мутараққи» (солҳои 1959ғ1991) рӯзнома ба номи «Меҳнати коммунистӣ» (аз соли 1969) дастрас мегардад. Айёми эҳёи Тоҷикистон, аз оғози демократикунонии ҷомеъа (давраи сеюм) то ба имрӯз ҳамчун «Набзи Файзобод» шуҳрат дорад.

Ходимони рӯзнома дар ҳамаи давру замон бо хоксорӣ ва ҳисси иҷрои қарзи ҷамъияти дар назди хонанда амал карда, чун шохи пурмева хам шуда, ба дигарон роҳат мерасонанд, хизмати халқу Ватанро адо мекунанд. Фаъолияти рӯзнома дар тӯли 80 сол беандоза фарох ва густурда аст. Дар як мақола инъикос намудани тамоми чабҳаҳои кори он аз имкон берун аст. Аз ин рӯ андешаҳои инҷониб сари ранҷу меҳнати рӯзноманигорони маҳаллӣ, ки зиёда аз 9 сол бо онҳо ҳамкор будам, сурат мегирад.

Соли 1969 маро мушовири (инструктори) шуъбаи тарғиботӣғташвикотии кумитаи ҳизби комунисти ноҳия таъин карданд. Рӯзнома ҳам аз сари нав бо номи нав – «Меҳнати коммунистӣ» таъсис ёфта буд. Ҳизби коммунист ба матбуот ҳамчун яроқи идеологӣ баҳо медод, ғамхорӣ мекард ва назорати қатъӣ ба фаъолияташ дошт. Муҳаррири нави рӯзнома Раҷабалии Аҳмадзодаро то ба кор омаданаш хуб мешинохтам. Ҳангоми дар рӯзномаи ҷумҳуриявии «Точикистони советӣ» кор карданаш боре маро ҳамчун роҳбалад ба ӯ вобаста карданд, то дар бораи говдӯшӣ номи хоҷагии «Файзобод» Теша Солеҳов чизе нависад. Мусоҳибаи вай бо говҷӯши пешқадам дар мавзеъи Мазори Сурх сурат гирифт ва дере нагузашта рӯйи чопро дид. Пас аз сарвари рӯзнома таъин шуданаш ба шуъбаи мо рафту омадаш зиёд шуд. Соли 1970 тибқи нақшаи райком ман муаззаф гаштам, ки фаъолияти рӯзномаро дар тарбияи коммунистии меҳнаткашон ба муҳокимаи бюрои райком омода созам. Як ҳафта дар идораи нашрия ва матбаа ба омӯзиш, таҳлилу таҳқиқ машғул гашта, аз ҳоли рӯзноманигорон, меҳнати чун кухканон вазнини онҳо огоҳ шудам ва дарк кардам, ки ҳар шумораи рӯзнома бо чи ранҷу машаққатҳои ҷисмониву руҳонӣ нашр мешавад. Пас аз муҳокима кумитаи ҳизби коммунист оид ба беҳтар намудани шароити манзилӣғмаишӣ ва кори рӯзноманигорон, таҳкими базаи техникии матбаа тадбирҳои судманд амалӣ намуд.

Бо Мирзо Файзалӣ, Чӯрабек Муъмин, Ҳомид Ҷомӣ ва дигарон бештар дар тамос будам ва дар лавҳи хотирам лаҳзаҳои фаромушношуданӣ аз он солҳо нақш бастаанд.

Баҳорон буд. Дар ҳавлии падарии Чӯрабек зери дарахтони себ менишастем. Мирзои Файзалӣ торро ба даст гирифта, ғазали Ҳофизи Шерозӣ :

     Дил меравад зи дастам, соҳибдилон худоро,

     Дардо, ки рози пинҳон шуд охир ошкоро…ро

бо маҳорати хоса ва хеле ширин сароид.

     -Мирзо, -гуфтам ман : Журналистон чи дарду рози пинҳон доранд?

-Бешумор аст, дарду розҳои нуҳуфтаи ҳамкасбони мо. Мо машаққати ҷисмониву руҳонӣ мекашем, лекин «бурдангал», курси ки ҳастем, таҳаммулпазирем ва машаққатҳоро зуд паси сар мекунем. Кутоҳаш ҳамин…

Аз тарафи муқобил Ҷӯрабек дуторро ҷӯр карда :

Наврӯза ба навбаҳор кай мебинам?

Гулҳора ба шашқатор кай мебинам?

Гулҳора ба шашқатор дар фасли баҳор,

Эй ҷураи ҷон, Шуморо кай мебинам?...

ва боз чанд рубоии дигар сароид. Ҳама: Офарин, забонбулбул, -гӯён хушҳолона қарсақзанӣ карданд. Ба ин монанд лаҳзаҳои хотирмони гуворо хеле зиёданд.

Боиси зикр аст, ки падари банда чанд гоҳе дар деҳаи бобогии Ҷӯрабек Чилчашма (собиқ Чойникудӣ) омӯзгорӣ карда буд. Нақл мекард, ки падари Ҷӯрабек Мӯмин Хол (руҳаш шод бод) мухбири оташинсухани рӯзномаи «Меҳнати сотсиалистӣ» буд. Марди ростқавл, рострав ва ҳақиқатҷӯй буд. Дар хабару мақолаҳояш берӯю рио коргурезону танбалон, бадахлоқону ҳаннотон, муфтхӯрону амалдорони бевиқдону беамалро зери тозиёнаи танқид мегирифт.

Хабарнигорӣ ба Ҷӯрабек аз падари бузургвораш ба мерос мондааст, бигӯем хато нахоҳем кард. Истеъдод ва қобилияти баланди Ҷӯрабек дар андак муддат ӯро овозадор кард. Аввал мухбир – ташкилотчии радиои маҳаллӣ, баъд котиби масъули газета буд. Вазифаи хеле масъулиятнокро бар душ дошт. Зеро ромишгари якка эхтиёҷ ба мадади дигаре надорад, вале оркестр бе дирижер навохта наметавонад. Котиби масъули редаксия ба дирижер шабоҳат дорад. Тамоми суроби ояндаи рӯзнома, банду баст, ҷобаҷогузории маводҳо, ороиши техникиву бадеии он аз дасти котиб ибтидо мегиранд ва Ҷӯрабек ин корро устодона саришта мекард. Бо тахайуллоти нав ҳар шумораро лоиҳакашӣ менамуд. Агар шуъбаҳо дар омода намудани маводҳо сустӣ ва ё камҳавсалагӣ зоҳир мекарданд, бонги изтироб мезад, вазъиятро ба зудӣ ба ислоҳ медаровард.

Замоне, ки ҷонишини муҳаррир шуд, масъулияташ даҳчанд гашт. Маълум аст, ки бештари вақти муҳаррир ба иҷрои супоришҳои ҳизб ва фаъолияти ҷамъиятӣ сарф мешуд. Бинобар ин ӯ ба ҳамаи ҷабҳаҳои фаъолияти идора роҳбарӣ намуда, дар ҳалли кулли масъалаҳои рӯз бо ҳисси масъулият муносибат мекард ва кордону уҳдабаро буд. Дар атрофии ӯ навқаламони зиёде ҷамъ шуданд. Ҳамчун омӯзгори серталаб таълиму тарбияи онҳоро ба зима дошт. Ба ёдам меояд, ки яке аз шогирдонаш Нуралӣ Сафаров аз вилояти Сурхандарёи Ҷумхурии Ӯзбекистон буд. Рӯзе дар летучка (машварати назди муҳаррир пас аз хар шумораи навбатии рӯзнома) Нуралӣ ба Ҷӯрабек муроҷиат карда :

-Устод, навиштаи маро агар мутолиа карда бошед, баргардонед.

Ҷӯрабек дар чавоб:

-Аз назар гузаронидам. Як дегро пури об кардаию, бе гӯшт. Барои рӯзномаи мо очерки садсаҳифагӣ ба кӣ даркор аст? Сатрҳои навиштаат «хари пуштканда»-ро мемонанд.

Маслиҳати ман ҳамин, ки ту аввал ЧИ? КАЙ? ДАР КУЧО? Яъне, хабарнависиро ба пуррагӣ азбар куну аз сергапӣ ба сухани андаки маънидор гузар, сонӣ аз содда ба мураккаб гузашта метавонӣ. Беҳуда нагуфтаанд, ки :

Сухан бисёр донӣ, андаке гӯй,

Якеро сад магӯй, садро яке гӯй…курсив

Хамин таъкиди шоир меъёри ҳақиқии фаъолияти эҷодкорон аст. Ба гапфурушиву шаккоки хонанда нафрат дорад.

Рӯзе Ҷӯрабек мақолаи навиштаашро пеши ман ниҳод. Ман пас аз чанд фурсат онро таҳрир карда, ба ӯ баргардонидам. Боз ба наздам даромаду чизе гуфтанӣ буд. Аз рамузаш пайхас кардам, ки норозӣ аст.

Ба ӯ гуфтам : Баъзе ҷумлаю ибораҳоятро иваз намудам, аз ҳамин ҷиҳат нороҳат ҳастӣ?

ғБале, ҳамин тавр, ғгуфт ӯ.

Ман шӯхиомез ҷавоб додам: -Бародар, маро муҳаррир таъин кардаанд. Агар як ҳарфу ду ҳарфи Шумоёнро, ба шарте дуруст ҳам бошад, ба риштаи таҳрир накашам, дар боло фикрашон дар хусуси ман дигар мешавад. Хабар албатта мерасад. Онҳо мегӯянд: Муҳаррир ноуҳдабаро будааст, дар оригиналҳо нақши қалам надорад.

-Ҳардуямон хандидем…

Дар овони 60-солагӣ ба покизагисуханиаш ишора карда, гуфта будам :

Нуктаҳои нозукаш дилро мадор,

Руҳро болида дорад беғубор…

Дар омади сухан бояд зикр кард, ки дар рӯзномаҳои ҷумҳуриявӣ мухбирон инъикоси соҳаи алоҳидаи мушаххасро ба уҳда доранд ва онро пайваста меомӯзанд. Дар рӯзномаи ноҳиявӣ бошад, хабарнигор одатан ба ҳамаи соҳаҳо сару кор дорад, ҳамабину ҳамашунав аст. Редаксия супориш дод, онро бечунучаро иҷро мекунад.

Ҷӯрабек илова ба вазифаи хизматиаш саҳифаҳои мавзӯгии «Дӯстдорони китоб», «Рӯзи истироҳат», «Назорати халқӣ» ва «Гулшани адаб»-ро ҳар моҳ бо ҳисси иҷрои қарзи ҷамъиятӣ дар назди хонанда интишор менамуд, ки хуш пазируфта мешуд. Дасти навқаламонро рост мекард.

Баъзан шоиртарошоне буданд, ки булфузули мекарданд, ба қавле назми «намадин» доштанд, бо вуҷуди ин шуҳратпарастиро дӯст медоштанд. Дар яке аз нигоштаҳояш «Тахаллусе, ки дар вазн намеғунҷад» ном дошт, ба ин тоифаи беранҷу заҳмат ҷойи «ҳайкал» мекофтагиҳо ҷавоби муносиб дода буд. Бо гузаштани вақт назари бисёре аз онҳо нисбат ба каломи мавзун дигаргун гашт андешамандона эҷод мекардагӣ шуданд.

Мушкилоти ҳаёти деҳот, ба хусус зиёиён дар мавриди назари ӯ қарор дошт. Хусусан чопи мақолаи «Оши ҳалол беҳ ё навбати пода» муддати дароз ҳамовозии қишрхои гуногуни ҷамъиятро ба вуҷуд овард.

Дар кулвори эҷодии ӯ сухани тоза зиёданд, вале ба хонандаи имрӯза гуфтаниам, ки фазои мусоиди фароҳамомада дар солҳои 80-уми асри гузашта ба мо имконият медоданд, ки боҷуръату бебок бошем. Барои мисол соҳои 1985ғ86 ба баромадҳои танқидии рӯзнома роҳбарони алоҳида нописандӣ карда, сари вақт ҷавоб нафиристоданд. Ин хел муносибат шаъну шуҳрати рӯзномаро коҳиш медод. Бинобар ин мо қарор додем, дар як сармақола айбдорони асосии ин вазъи ногуворро фош созем. 18 декабри соли 1986 «Беаҳамиятӣ, ё бори дигар дар бораи мактубҳои беҷавоб» чоп шуд. Порае аз онро барои мисол ба хонандаи имрӯза пешниход мекунам, зеро то ба ҳол дар шуури шахшудаи баъзе амалдорон беэҳтиромӣ нисбати заҳмати сангини журналистон вуҷуд дорад.

Дар сармақола қотеъона таъкид шуда буд : «…Ҷонишинони раиси комиҷроияи район рафиқон Т.Икромов ва И.И. Марченко бошанд, аз рӯйи мақолаҳои танқидие, ки барои чораҷӯӣ ба ихтиёри онҳо фиристонида шуда буданд, ягон чорае надидаанд. Шояд онҳо худашонро аз танқид берун ҳисобанд?

Ақидаи нодурусте барҷост, ки газета органи комитети иҷроияи Совети депутатҳои халқии район аст ва гӯё коркунони онро ба танқид кардан ҳақ надошта бошад. Ҳаминро фаҳмидан душвор нест, ки коркунони алоҳида ҳанӯз комиҷроия нестанд. Ин ҳақиқатро дар мадди назар дошт, ки танқид ба манфиати кор, ба манфиати ҷамъият ва халқ аст».

Талъати (тахаллуси адабии Ҷӯрабек Муъмин. – Ф. Қ.) пухтакору серкор, пири қаламкашони ноҳия бо фаъолияти пурсамар рақам мезанад. Агар аз ман пурсанд, ки асрори эҷодаш дар чист? Мегӯям: Забони хомаро хуб медонад.

80-солагии рӯзномаи ноҳиявӣ ба давраи муҳарририи Мунавара Тағоева, азизи дилу дидаи мардумон рост омад. Мунаввара пас аз хатми муваффақонаи Донишгохи Миллии Ҷумхурии Точикистон дар ҳавлии падараш, ки ҳамсояи наздики мо буд, ҷамъомади хоксоронае баргузор кард ва мо бо аҳли хонавода дар он ширкат доштем. Маърака бо сухани хотимавии ӯ чамъбаст гардид. Бародарбузургам, ки дар паҳлӯям нишаста буд, оҳиста ба гӯшам пичиррос зад: Хешдухтарамон ояндаи дурахшон дорад…

Оре, вақт ҳақ будани суханони он касро нишон дод. Инсонро дар сафар ва дар кори якҷоя хубтар кашф мекунӣ, ки чи гуна сифату хислатҳо дорад. Банда ҳангоми ҳамкор будан дар нашрия мушоҳида кардам, ки Мунаввара касби интихобкардаашро хеле дӯст медорад. Сайъу талошаш мудом барои сифати кор аст. Хоксорӣ, мушкилнописандӣ, масъулиятнокӣ ва ибрати шахсӣ нишон додан дар роҳи иҷрои супоришҳо ба эътимоду боварии хосса комёб шуда буд. Истеъдоди худодод, дониши мукаммал ва маҳорати касбиаш ба ӯ имконият медод дар мавзӯъҳое бинависад, ки писанди хонандагон бошад.

Ҳарчанд ҷамъияти соқиализми мутараққӣ буд, аммо мушкилоти модарон, занону духтарон бартараф нагашта, ҳамоно арзи вуҷуд мекард. Саҳифаи «Сабоҳат», ки ифодагари сафедрӯйӣ, хушрӯйӣ ва зебоии занон буд, ҳар моҳ бо таҳлилу таҳқиқи ӯ омодаю паҳн мегашт. Даҳҳо гузоришҳояшро мисол овардан мункин аст, вале сухан ба дарозо мекашад. Кифоя аст зикр кунем, ки мақолаи «Ҳайфи номи ҷавонмардӣ» -и ӯ акси садо паҳн карда, боиси номаборонӣ гашт. Сухани хотимавии муаллиф: «…Падар зиндаю барҳаёту фарзандон аз навозиши ӯ маҳрум», дар рӯзҳои мо низ ин изтироб аҳли ҷомеъаро фаро гирифтааст. Мардони булҳавас аз таблиси «шаппаракҳои шабгард» фирефта шуда, ба доми онҳо меафтанд, оилаҳоро вайрон мекунанд, хонаҳоро хароб месозанд ва фарзандонро бепарастор мегузоранд.

Афзалияти сабки Мунаввара дар он аст, ки аз пайи воқеъаву ходисаҳо намеравад, балки гумони сар задани онҳоро пешгӯйӣ мекунад, бонги хатар мезанад ва аз имрӯз ояндаро мебинад. Вай ба гаввоси моҳире шабоҳат дорад, ки аз умқи баҳр гавҳарҳои нодирро берун бароварда, ба ришта мекашад. Бақкавле коми ӯро бо сухан бардоштаанд. Зиннатафзои давру замон аст ӯ.

Неруҳои тозаи зеҳние, ки ба ҳайати эҷодии рӯзнома пайи ҳам пайваста буданд, ба ҳусну қубҳ ва мазмуни нашрия тақвият мебахшиданд. Онҳо Мирзошоҳ Ҳакимов (шодравон), Маҳмадалӣ Ҷалилов, Савлатшоҳ Хоркашев ва дигарон буданд. Офаридаҳои М.Ҳакимов («Садқаи номи муаллимӣ шав?»), М.Ҷалилов («Иншои беиншо ё авроқи парешон») ва С.Хоркашев («Мухлисони ашаддии филмҳои ҳиндӣ») сару садоҳои зиёдеро он айём ба вуҷуд овард, мавриди муҳокимаи мақомоти болоӣ ва мурофиаи судӣ гашт. Онҳо одоби касбиву ахлоқиро ба пуррагӣ риоя карда, ҳар далелу буҳронро дар мизони ақлу дониш ҳамчун зар санҷида, онгоҳ харҷ мекарданд.

Мусаллам аст, ки барои сухани накӯю сатри дилҷӯй, чи хеле ки мегӯянд, асоро бояд сӯзан карду кафшро ғалбер. Журналисте ба ин кор қодир аст, ки ҷӯё бошад, навовар бошад, қолибҳои қалбакиву якрангро бишканад ва ҷуръати ҳамешагӣ дошта бошад. Сухани созанда гӯяд, аз сухани сӯзанда худдорӣ кунад. Таҷрибаи пурғановати собиқадорони матбуотро омӯзад ва роҳнамои фаъолияти худ қарор диҳад. Эҷодкор, зоҳиду обиди шабзиндадори хилватнишинро мемонад. Ҳолати суҷуду сукуташ ҳосил ба бор меорад. Сатрҳои дилпазиру руҳафзо рӯйи қоғаз пайдо мешаванд. Ҳамин барои ӯ басанда аст. Хоҳони чизи дигаре нест.

Рӯзнома кӯпрукест миёни халқу хукумат. Онро танҳо рӯзноманигорон қоиму устувор ва матин нигоҳ медоранд.

                                            Фирдавс ҚУРБОНЗОДА, узви Иттифоқи

                                                                     журналистони Тоҷикистон.

 

 

ТАЪРИХИ НАШРИЯ

14 июни соли 1933 бо қарори Маҷлиси бюрои иҷроияи Комитети Марказии Партияи Коммунистии (болшевикии)Тоҷикистон ба таъсис додани рӯзномаи ноҳияи Файзобод иҷозат дода шуд. Нашрияи маҳаллӣ аввал бо номи «Меҳнати сосиалистӣ», баъд «Меҳнати коммунистӣ» ва аз соли           бо номи «Набзи Файзобод» чоп мешавад. Шумораи чопи рӯзнома аз рӯзи таъсисёбӣ то ба имрӯз ба 5604 нусха расидааст.

 

Аъзоёни Иттиҳоди журналистони Тоҷикистон

1.Қурбонов Фирдавсӣ.

2.Шарифов Талабшоҳ.

3.Мӯминов Ҷӯрабек.

4.Азимов Хурсанд.

5.Соҳибназаров Тилло.

6.Тағоева Мунаввара.

7.Низомиддини Шамсиён.

8.Назиров Рустам.

9.Ҷомиев Қурбон.

10.Давлатова Зебо.

11.Сафаров Ҳоким.

 

Адибони файзободӣ

1.Бозор Собир.

2.Усмон Шарифзода.

3.Муҳаммад Юсуф.

4.Раҷабалӣ Аҳмад.

5.Исо Раҳим.

6.Сайқали Самеъ.

7.Салим Наим.

8.Муҳаббати Юсуф.

9.Наргиси Муродалӣ.

10.Умринисо Наҷмиддинова ва дигарон.

 

Рӯйхати собиқ кормандони соҳаи матбуот ва адибон

1.Аҳмадов Раҷабалӣғсобиқ муҳаррир, нависанда, маҳаллаи Гулистон.

2.Раҳмонов Тоирғсобиқ муҳаррир, тоҷир, маҳаллаи 63 шаҳри Душанбе.

3.Аминов Файзалӣғустоди факултаи таърихи ДМТ.

4.Қаландаров Ғозибекғаз Қошқарӣ.

5.Ҷалилов Маҳмадалӣғаз Дубеда.

6.Толибов Маҳмадсиддиқғаз Кабкрез.

7.Ҳакимов Рустамғкумитаи андоз.

8.Мирзоев Саъдӣғкорманди вазорати ҳолатҳои фавқуллода.

9.Қудбуддинов Бахтиёрғустоди факултети журналистикаи ДМТ.

10.Восеев ҚурбонғТоҷиксодиротбонк.

11.Аминов Хуҷаназарғтелевизиони тоҷик.

12.Ашӯров Саидғафсари мустафъӣ.

13.Юсуфов Иззатуллоғафсари мустафъӣ.

14.Муҳаммад Юсуфғпажуҳишгоҳи вазорати фарҳанг.

15.Файзов Садриддинғпажуҳишгоҳи вазорати фарҳанг.

16.Мӯминова Нигинағтелевизиони Сафина.

17.Яҳёева Моҳсафарғкорманди Агроинвестбонк.

18.Юсуфова Муҳаббатғнависанда.

19.Наргиси Муродалӣғадиба.

20.Амонова СабоҳатғТВТ шабакаи аввал.

21.Бақоева СайрамғТВТ.

22.Наҷмиддинова Умринисоғрадиои Тоҷикистон.

23.Субҳони Ҷалилғрадиои Ватан.

24.Табаров Абдулҳосилғмуҳаррири рӯзномаи «Нури Роғун».

25.Иброҳимова Фазилатғсадои Душанбе.

26.Раҷабова Идигулғрадиои Тоҷикистон.

27.Ашӯров Зоиршоҳғмудири шӯъбаи молияи шаҳри Норак.

28.Абдураҳмонов Нурмаҳмадғнависанда.

29.Бахтиёри Зоирғрадиои Тоҷикистон.

30.Рустами Назиркорманди «Бонувони Тоҷикистон».

Файзобод аслан таърихи сеҳазорсола дорад ва ин аз ҷониби муаррихону бостоншиносони дунё таҳқиқу тасдиқ шудааст. Дар китоби муқаддаси Зардуштиён «Авасто» дар ин бора ишора рафтааст.

Таърихи навини Файзобод аз 14 июни соли 1931 оғози худро меёбад. Дар Қарори Кумитаи иҷроияи Марказии РСС Тоҷикистон аз 14 июни соли 1931 таҳти №32, ки бо имзои раиси Кумитаи иҷроияи Марказии РСС Тоҷикистон Нусратулло Махсум ва котиби Кумитаи иҷроияи Марказии РСС Тоҷикистон А. Зиннатшоев ба тасвиб расидааст, омадааст: «Аз ноҳияи Янгибозор ноҳияи нави Файзобод дар ҳайати ҷамоатҳои зерин ташкил карда шавад: Гумбулоқ, Хӯҷамард, Дубеда, Диишо, Шолипая, Норак, Чакалӣ, Меҳроҷӣ ва қисми деҳаҳои ҷамоати Яккабед (аз рӯи салоҳдиди кумитаҳои иҷрояи Файзобод ва Янгибозор). Маркази ноҳияи Файзобод деҳаи Дарагиён муқаррар карда шавад».

Моҳи январи соли 1963 ноҳияи Файзобод ба ноҳияи Орҷоникидзеобод (собиқ Янгибозор, ҳоло Ваҳдат) аз нав ҳамроҳ карда мешавад. Моҳи январи соли 1969 аз нав ҳамчун ноҳияи мустақил ташкил ёфта, то имрӯз арзи вуҷуд дорад. Маркази маъмурии он дар ҷои деҳаи собиқ Дарагиён муқаррар гардида, ба он номи Файзобод дода мешавад. Бо қарори Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 майи соли 2000ғум бо №116 бошад, ба он мақоми шаҳрак дода шуд. Маркази маъмурии ноҳия шаҳраки Файзобод аз шаҳри Душанбе дар масофаи 50км ҷойгир аст. Ноҳия аз шарқ бо марзи шаҳри Роғун аз ҷануб бо шаҳри Норак, аз ғарбу шимол бо шаҳри Ваҳдат ҳамсарҳад мебошад. Масоҳати умумии ноҳия 874,11км мураббаъ буда, дар он 85 ҳазор нафар аҳолӣ зиндагӣ мекунад. Ноҳия ба 9 маҳалли марзиву маъмурӣ: ҷамоатҳои деҳоти Бӯстон, Меҳробод, Вашгирд, Файзобод, Ҷавонон, Чашмасор, Қалъаидашт, Мискинобод ва шаҳраки Файзобод тақсим мешавад.