Сб07212018

Last updateЧт, 19 Июль 2018 1pm

Матолиби тоза :
YJ Title Ticker - модуль joomla Joomla

ВОКУНИШ

МУШКИЛОТИ БЕМОРХОНАИ МЕҲРОБОД

Тандурустӣ ё солимии мардум яке аз самтҳои асосии ҳаёти иҷтимоии ҷомеа ба шумор меравад. Табиист, ки бидуни ҷомеаи солим пешравии давлат ва болоравии генафонди миллӣ ғайриимкон аст. Аз ин ҷост, ки ҳатто сарвари давлат ҳам ба ин самт таваҷҷуҳи хоса доранд ва ба таври ҳамешагӣ дар суханрониҳои худ бобати вазъи хизматрасонии тиббӣ ба масъулини соҳа дастуру ҳидоятҳои муфид медиҳанд.

Дар ноҳияи мо ҳам вазъи хизматрасонии тиббӣ давоми 26 соли соҳибистиқлолии кишвар рӯ ба беҳбудӣ дорад. Бунёди маркази саломатии нав дар маркази ноҳия, таъмиру азнавсозии бунгоҳу марказҳои саломатӣ дар ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, таъмири бинои шуъбаи асаби беморхонаи марказии ноҳия ва овардани дастгоҳу дигар таҷҳизоти замонавии соҳаи мазкурро метавон аз дастовардҳои соҳа номид. Аммо қатори ин ҳама дастовард ҳаст камбудиву норасоиҳое, ки боиси нигаронии мардум ва қобили гуфтан аст.

Ин шабу рӯз ба зиёда аз 100 ҳазор нафар аҳолии ноҳия, ғайр аз бунгоҳу марказҳои саломатӣ, беморхонаи марказӣ, беморхонаҳои минтақавии Мискинобод ва Меҳробод бо  теъдоди 200 кат, З8 табиби соҳибтахассус ва 162 корманди миёнаи тиббӣ хизмат мерасонанд. Ба хонанда атрофи вазъи хизматрасонии соҳаи тандурустӣ дар ноҳия маълумот доданӣ нестем. Ин навбат ба хонандаи закӣ танҳо атрофи дирӯзу имрӯзи беморхонаи минтақавии Меҳробод сухан хоҳем гуфт.

Насли калонсол, онҳое, ки нисфи ҳаёти худро дар замони ҳокимияти шӯравӣ паси сар намудаанд, шуҳрати ин беморхонаро хуб дар ёд доранд. Бемористони мазкур дар солҳои 70-80-уми асри гузашта натанҳо дар ҳудуди ноҳия, балки дар тамоми ҷумҳурӣ овозадор буд. Дар он беморон аз дигар шаҳру навоҳии кишварамон барои муолиҷа меомаданд. Табибони ҳозиқу номдори диёрамон,  Абдураҳим Холиқов, Муҳаббат Шарифова, Ҳ. Сангов, Самад Расоев Шариф Нуров ва Светлана Наҷмонова дар ин дармонгоҳ ба ҳайси сардухтур кору фаъолият намудаанд.

Дар шифохонаи мазкур аввал гирифторони бемории сил табобат мегирифтанд. Ин маконро он солҳо ба ҳайси шуъбаи муолиҷавӣ ҳам истифода менамуданд. Баъдтар дар бинои табобати бемориҳои сил беморони гирифтори касалии пуст табобат мегирифтанд, ки то солҳои аввали соҳибистиқлолӣ фаъолият дошт. Аз нақли шоҳидон он замон дар як вақт то 60-70 нафар табобат мегирифтанд.

Имрӯз ин шифохона дар кадом вазъ қарор дорад?

Аз ҳамаи биноҳои хизматрасонии ин бемористон ҳамагӣ 13 утоқ ба аҳолӣ хизмати тиббӣ мерасонад. Боқӣ ҳама корношояму вайрону валангор. Аз 13 утоқи зикршуда 8-то барои хоби беморон ва боқӣ барои доругузаронӣ ва утоқи кории пизишкон истифода мешавад. Айни ҳол ин ҷо 10 кат, 5 кати кӯдакона ва 5-тои дигар барои беморони синнашон калон, шабонарӯзӣ фаъолият дорад. Бинои мазкур соли 2005 аз таъмири пурра бароварда шудааст. Дар ин миён як муддат бо сабаби таъмири бинои шуъбаи сироятии беморхонаи марказии ноҳия шуъбаи зикршуда дар солҳои 2007-2008 ба касалхонаи Меҳробод интиқол меёбад. Айни ҳол бошад, дар он 1 нафар табиб, 1 бародари шафқат ва  5 ҳамшира ба муолиҷаи беморон машғуланд.

Агар ба омори соли 2017 назар афканем, давоми 1 сол ҳамагӣ 29 нафар дар ин бемористон табобат гирифта бошад, пас давоми се моҳи соли равон 24 нафар ва айни  ҳол 1 нафар табобат гирифта истодааст.

Ин ҷо диққати хонандаро ба як нуқта ҷалб мекунем: аз рӯйи мавқеи ҷуғрофӣ ноҳияи мо ба се минтақа тақсимбандӣ мешавад. Қисмати поёнии он ки Ҷамоатҳои деҳоти Бӯстону Меҳрободу Вашгирдро дар бар мегирад, аҳолии Ҷамоатҳои зикршуда метавонанд ба ин бемористон муроҷиат намоянд. Агар ҷамоати деҳоти Вашгирдро бо сабаби ба маркази ноҳия наздиктар будан истисно намоем, маҷмуан шумораи аҳолии ду ҷамоати деҳоти боқӣ 21 ҳазору 206 нафарро ташкил медиҳад. Ин ҷо омори беморони бистаришударо дар шифохонаи Меҳробод ба шумораи аҳолии ду ҷамоат таносуб намоед, ки фарқ байни замину осмон аст. Вақти омӯзиши мавзӯъ аз иҷрокунандаи вазифаи сардухтури беморхонаи минтақавии Меҳробод Раҷабзода Басонат шунидем, ки “мардум бо сабаби шароити мусоид надоштани касалхона кам муроҷиат мекунанд. Ҳастанд маризоне, ки барои бистарӣ шудан ба макони мо меоянд. Вақте шароитро мебинанд, норозӣ шуда ё ба беморхонаи марказии ноҳия мераванд ва ё ба беморхонаҳои шаҳри Ваҳдат”.

Мо ҳам ин гуфтаҳоро тасдиқ мекунем. Воқеан, ҳолати бемористон беҳбудӣ мехоҳад. Сабаб чӣ бошад, ки ба дармонгоҳи минтақавӣ таваҷҷуҳ кам аст.

Вақти омӯзиши мавзӯъ бароямон рушан гардид, ки аҳолии деҳаҳои Файзова, Гулафшон, Шукурӣ, Яккабед, Қасамдара ва навад фисади мардуми Ҷамоати деҳоти Бӯстон барои муолиҷа ба беморхонаҳои шаҳри Ваҳдат мераванд. Мардум сабабашро дар мутобиқи давру замон набудани касалхонаи Меҳробод ва дур будани беморхонаи марказии ноҳия медонанд.

Ба ин ҳол омада расидани шифохонаи мазкур аз як сӯ ҷудо нагардидани маблағу аз назари масъулин дур мондани он бошад, аз сӯйи дигар хунукназарии худи мардум ҳам ҳаст. Оби нӯшокии бемористон баъзан хушк мешавад. Фаррошону хоҷагидори беморхона барои истифодаи беморон обро дар зарфҳои калонҳаҷм мегиранд. Аз шунидаи мо зарфҳои калонҳаҷми обгирие, ки болои деҳа барои захираи об гузошта шудааст, моликияти беморхонаи ноҳия аст. Айни ҳол атрофи ин зарфҳо замини наздиҳавлигӣ тақсим шудааст. Аҳолие, ки манзилҳои истиқоматиашонро сохтаанд, аз он истифода менамоянд. Аз ин рӯ мушкилии норасоии об дар беморхона рӯз аз рӯз ба чашм мерасад. Бинед, ки агар қисмати аввал монеи обу дувуми монеи роҳ ва севумиву чоруми монеаҳои дигарро ба бор орем, аз куҷо табибу табобатгоҳ мемонад.

Мушкилоти мазкур саҳлу осон нест. Он метавонад ба ҳама паҳлуҳои ҳаёти ҷомеа зарба занад.  Бе ҳалли ин мушкилот солимии ҷомеаро аз даст медиҳему аз рушду бунёдкорӣ чанд қадам ақиб мемонем.

Ба ин хотир масъулини соҳа, раисони ҷамоатҳои зикршуда ва дар маҷмӯъ худи сокинони минтақа бояд пайи ҳалли  мушкилоти мавуда шаванд. Зеро барқарор будану ба пуррагӣ фаъолият намудани  беморхона метавонад сонияе байни ҳаёту марги инсоният бошад.

КОРРУПСИЯ - ДАРДИ ҶОМЕА

Коррупсия   яке аз ҷиноятҳои хавфноки сиёсие ба ҳисоб меравад, ки барои амалӣ гардидани барномаҳои иҷтимоию иқтисодии давлат монеа мешавад. Он метавонад нобоварии шаҳрвандонро нисбати давлату ҳукумат ва сиёсати пешгирифтаи он зиёд намояд. Имрӯзҳо муносибати шаҳрвандон бо коррупсия гуногун буда, онро бо ришва, сӯйистифода аз мансаб, судхӯрӣ, тамаллуқкорӣ, хушомад задан ва ғайра мансуб медонанд. Имрӯзҳо доираи коррупсия васеъ гашта, ба соҳаҳои гуногуни фаъолияти ҷомеа, аз ҷумла ба сиёсат, иқтисодиёт, иҷтимоиёт ва ахлоқ бе таъсир буда наметавонад. Қонунҳо, фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қарорҳои ҳукумат, ки дар давраи соҳибистиқлолӣ ба тасвиб расидаанд, гувоҳи гуфтаҳои боло ва диққати ҷиддии Сарвари давлат дар самти мубориза бар зидди коррупсия мебошад.

Ҳанӯз 25 апрели соли 2008 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон   оид ба коррупсия ҳамчун падидаи номатлуб чунин ибрози ақида карда буданд, ки : «Коррупсия дар қатори дигар зуҳуроти хавфноки ҷаҳони муосир асосҳои давлатдориро суст карда, садди роҳи ишкишофи ҷомеа мегардад. Мубориза бар зидди ин падидаи нангин ва паст кардани он ба самти афзалиётноки сиёсати давлатӣ табдил ёфтааст».

Аввалин заминаи ҳуқуқиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба мубориза алайҳи ин падидаи номатлуб фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 21-уми июни соли 1999 рақами 1262 «Дар бораи тадбирҳои иловагии пурзӯр намудани мубориза бар зидди ҷинояткорӣ дар соҳаи иқтисод ва коррупсия (ришвахӯрӣ)» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бар зидди коррупсия» 11 декабри соли 1999 қабул шуда, аз 25 июни соли 2005 бо таҳрири нав ба тасвиб расид, ки ба талаботи Конвенсияи СММ зидди коррупсия ҳади имкон мутобиқат гардонида шудааст, ки ба сифати нави мубориза бо коррупсия ибтидо гузошт.

Конвенсияи Созмони Милали Муттаҳид бар зидди коррупсия, маҳз ба хотири мубориза алайҳи коррупсия, пешгирӣ ва омилҳои ҳуқуқвайронкуниҳои коррупсионӣ мусоидаткунанда ва решакан намудани онҳо 31 октябри соли 2003 қарор қабул кард, ки баҳри амалӣ кардани ин қарор чораҳои мушаххас пешбинӣ намуд. Конвенсияи мазкур 16 апрели соли 2008 аз ҷониби Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ (ратификатсия) шуда, минбаъд қисми таркибии системаи ҳуқуқии мо ба шумор рафта, ҳамаи қонунҳои қабулгардида ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонида мешаванд. Дар замони ҳозира яке аз шаклҳои паҳнгардидатарини коррупсия ин гирифтани пора (моддаи 319 К.ҶТ), додани пора (моддаи 320 КҶТ), гирифтани мукофот бо роҳи тамаъҷӯйӣ (моддаи 324 КҶТ) ва додани мукофот ба хизматчӣ (моддаи 325 К.ҶТ) ба ҳисоб меравад.

Бесабаб нест, ки вақтҳои охир тавассути воситаҳои ахбори умум маълумоти мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ оид ба дастгир кардани кормандони мақомоти мухталифи давлатӣ бо ҷурми порагирӣ хело зиёд ба табъ мерасад. Ҳамин тариқ аҳли ҷомеа дар он ақидаанд, ки гӯё бо пора тамоми мушкилоти онҳо ҳалли худро меёбад.

Бо мақсади пешгирӣ намудани ҳодисаҳои ҷиноятии хусусияти корруписионидошта кормандони мақомоти суд бо сокинони ҷамоатҳои деҳот, бо кормандони ташкилоту муассисаҳо оиди ин вабои аср ва пешгирии он вохӯрию суҳбатҳо ороста, корҳои фаҳмондадиҳӣ мебаранд.

Дар амалияи судӣ вобаста ба парвандаҳои хусусияти коррупсионидошта дар се соли охир ду адад парвандаи ҷиноятӣ ворид гардида, мавриди баррасӣ қарор дода шуда, нисбати маҳкумшудагон ҷазои ҷарима ба фоидаи давлат таъйин карда шуд.

Мебояд ҳамагон ҳар доим дар фикру андешаи ҳифзу обрӯю эътибори давлати соҳибистиқлоламон, мартабаи ҳокимияти судӣ, ояндаи оила ва фарзандонамон бошему ба ҳодисаҳои коррупсионӣ роҳ надиҳем.

ҚАТЛУ ҒОРАТ АЗ ИСЛОМ НЕСТ

 

Мавзӯи омехтагии дин ба манфиатҳои шахсӣ, халал ворид намудан ба фарҳангу тамаддун ва ба нестӣ бурдани халқияту миллатҳо имрӯз миёни кишварҳои абарқудрат ва ашхоси ғаразҷӯву манфиатхоҳ яке аз ҳадафҳои аввалиндараҷа маҳсуб меёбад. Тавре тариқи воситаҳои ахбори умум огоҳ гаштаем, имрӯз дар ҷаҳони муосир абарқудратҳо бо нияти ҳукумронӣ бо ҳар роҳу восита мардуми бегуноҳро қатлу ғорат менамоянд. Чун оина рӯшан аст, ки низоъу бесарусомониҳо дар Мисру Фаластин, Сурияву Ироқ ва дигар кишварҳои мусулмоншини Ховари Миёна ҳамагӣ баҳри ба даст овардани манфиатҳои шахсист, на чизи дигар. Ақрабсифатони худхоҳ ба хубӣ маҳали неш задани худро дар синаи афроди бегуноҳ пайхас намудаанд. Онҳо дарк кардаанд, ки масъалаи эътиқоди динӣ ва қавму нажодӣ миёни сокинони кишварҳои зикршуда таҳрикдиҳандаи эҳсоси динии мардуми мусулмон аст. Ба ин хотир онҳо ҳар лаҳзаро баҳри бенизом гардонидани ин эҳсос истифода мебаранд.

Ба чи хотир? Ба хотири ба маҳалли ҷанг овардани ҷавонон ва идома додани қатлу хунрезии  бардавоми мардуми бегуноҳ.

Гурӯҳи таблиғотчиёни ба ном давлати исломӣ, ки аслан тарҳрезиаш аз кишварҳои аврупоӣ маншаъ мегирад, ҷавононро бо ҳар роҳу восита, аз ҷумла ваъдаҳои пуливу молӣ, таъмини нафақаи аҳлу аёл, зиндагии шоиставу таъмини бӯстонсаро дар мамолики пешрафта ва дигар ваъдаҳои подарҳаво шомили ҳизбу ҳаракатҳои қотилонаи хеш мегардонанд.

Мутассифона, тибқи маълумоти пешкашнамудаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишвар, миёни чунин ҷавонони ба доми фиребафтода аз диёри мо низ ҳастанд. Гарчанде қисме аз ин ҷавонон тавассути кишварҳои бегона ба доми фиреби онҳо афтода бошанд ҳам, бархе аз маҳали зисти худ шомили ин гурӯҳҳои ифротгаро гардидаанд.

Қатори дигар мубаллиғон дар кишвари мо ТЭТ ҲНИТ низ ҷавононро гумроҳ намуда, мафкураашонро аз кинаву ҳасад пур менамуд.  Акнун бинед, ки пас аз ташкилоти экстремистию террористӣ эълон гардидани ҲНИТ пайравони аршадаш ба хориҷа гурбавор фирор намуда, бархе дар ғарибиҳо мисли гурги турхӯрда уллос мезанад, қисмати дигар бошад вориди ҷангҳои Сурияву Ироқ гардидаанд. Замоне роҳбарону намояндагони ҲНИТ бо дастгирии  сарпарастони манфиатҷӯи бурунмарзиашон моҷароҷӯйи карда, зодбуми хешро ба майдони ҷангҳо табдил додан мехостанд. Маҳз бо дасти онҳо даҳҳо ашхоси  бегуноҳ кушта гардида буд. Имрӯз онҳо такрори чунин ҳодисаҳои ваҳшатборро  мехоҳанд бо дасти ҷавонони ҳамиллати худ дар дигар минтақаҳои ҷангзада  рӯи кор оваранд.  Оё чунин пиндор ва рафтори бадхоҳони онҳоро нисбат ба Ватану ҳамватанон метавон мувофиқ ва мутобиқ ба ахлоқи  ис­ломӣ донист? Албатта, не! Ҳақиқати ин  масъала ошкор аст.  Аммо барои онҳо ҳақиқат муҳим нест, зеро онҳо  ас­лан на дар пайи ҳақиқат, балки дар пайи манфиат ҳастанд.   Исломгароии онҳо на барои ислом, балки барои манфиат аст. Аммо бо далели ин ки бояд барои маблағҳои  бузурги аз сарпарастон гирифтаашон ҷавоб гӯянд, роҳи бозгашт надоранду дигаронро ба ин гирдоб ғуттавар карданиянд.

Барои  рафъи ин вабо аз миёни ҷавонон ҳамагӣ моро зарур аст, ки ба хусус дар маъвизаҳоямон моҳияти дини мубини Исломро ба ҷавонон хуб омӯзонем, то ки дар зиндагии рӯзмарраи худ ба фиребу найранги бадхоҳону хоинони миллат рӯ ба рӯ нашаванд.  Ба онҳо мушаххасан фаҳмонем, ки қатлу ғорат, дуздӣ, надониста паст задани шаъну шарафи мусалмон ва дигари амалҳои разилона аз Ислом нест. Дар ин сурат мо метавонем пеши роҳи гирифтор шудани ҷавононро аз доми фиреби хоинони миллат бигирем.

Абдуҷаббор Шарифов, имомхатиби

 масҷиди ҷомеи деҳаи Фатҳобод,

 ба номи Домулло Солеҳ.

ХИЁНАТ БА ВАТАН ХИЁНАТ БА МОДАР АСТ!

Замин–модархудои мутлақи мо – ба хотири оромию осоиши ҷони инсонҳо якмаром дар гирди меҳвари худ давр мезанад, чун модари гаҳвораҷунбон шабзиндадорӣ мекашад, ки тифлонаш қисмати нек ёбанду фирефтаи андешаҳои бофтаю тофта нашуда, дар дунёи рӯшан барои худ ҷаннат бунёд кунанд ва ҳаёти хуррам ороянд. Фарзандони некбину тарбиятдида дар ивази некиҳои ин сайёраи хушбин бо дасту дили пок ба модархудои хеш аз дилу ҷон, бо амри имону виҷдон хизмат мекунанд, то ба гулҳои даршукуфти зиндагии худ обу ғизо бахшанд.

Афсӯс, ки дар баҳору табиати нотакрори ин Замини нозпарвар хорҳои нешдор мерӯянду бӯю таровати онро халалдор мекунанд.

Банда бо ин образ фарзандони нохалаферо дар назар дорам, ки ба зодбуми худ хиёнат мекунанд, бо рехтани хуни ноҳақ замини нозанинро доғдор мегардонанд, накҳату таровати онро коҳиш медиҳанд.

Мо ин ҳарфҳоро на ба он хотир рӯйи коғаз мерезем, ки ҷанги таҳмилии солҳои навадуми асри пешини кишварро ба ёд биёрем. Сарвари давлатамон дар ин замина “Ба гузашта салавот”- гуфта буд.

Ғараз аз муқадимаи боло он аст, ки баъди гузашти ҳамон солҳои мудҳиш тоқа-тоқа нохалафон, - албатта, бо дастури хоҷагони муғризсифати худ, - ба сари маъруфтарин шахсиятҳои давлатию ҷамъиятӣ теғу туфанги террор мекашанд. Яке аз ин гуна даҳшатафканон генерали лаънатшунида Ҳалим Назарзода буд, ки бо вуҷуди мансаби баландро ишғол карданаш, зиди давлат баромад. Ӯ чеҳраи манфур ва тинати ноҷури худро 4 сентябри соли 2015 аён карда буд. Табаддулоти давлатии ин гургбачаи палангшуда чанд ҳафта фазои кишварро ноором гардонда, халқи осоиштаро ба таҳлука андохт. Хуни ноҳақи чандин нафар фарзандони Ватан дар гардани ӯст! Ду тан аз ҷавонмардони файзободии ташнаи зиндагӣ Исмоил Пиров ва Раҷабмурод Орифов қурбони “табаддулот”-и ӯ шуданд.

Ҳалим Назарзода байни кӯҳу камар ба қатл расид, ба сахтӣ ҷон ба Ҷаббор супурд.

Аз даҳшатафкании ӯ ва ғаразҳои бефосилаи хоҷагони эронии ҲНИТ собиқ қумандони ИНОТ, ҳоло соҳибкор дар ноҳияи Панҷ Ҳаким Қаландаров дар мусоҳибааш бо журналист, инчунин аъзои собиқи ҲНИТ, роҳбари ташкилоти ибтидоии ҲНИТ дар ноҳияи Шоҳмансур, номзади илмҳои таърих Иззатулло Саъдулло ва Эҳсони Ёдгор дар матбуоти ҷумҳурӣ ва маҳаллӣ (“Набзи Файзобод”) далелҳо меоранд. Терроршудагони дасти Назарзода Ҳалим Сайф Раҳимзоди Афардӣ, Муҳаммад Осимӣ, Отахон Латифӣ, Минҳоҷ Ғуломов, Юсуф Исҳоқӣ, Сафаралӣ Кенҷаев, Ҳабиб Сангинов, Ҷумъахон Ҳотамӣ шахсиятҳои шинохтаи Тоҷикистон буданд. Онҳо метавонистанд ба хизматҳои анҷомдодаашон ҳиссаи арзандатар зам намоянд.

Мо, халқи тоҷик, пас аз ҳазору чанд сол соҳиби давлати мустақил шудем. Шояд дӯстони дар нохунаки мо инро намехостаанд, ки баъди ба ивази ҷони ҳазорҳо нафар фарзандони бегуноҳи модари тоҷик аз ҷанги бародаркуши кишвар раҳо ёфтанамон ҳам бо дили пурғараз торику рӯшан, аёну ноаён ба сӯямон санг мепартоянд. Онҳо ақли фарзандони ноасли моро харидорӣ карда ба пояҳои фарҳанги дар тараққиамон теша мезананд, мехоҳанд ба сохтори имрӯза халал диҳанд. Чаро ба садои баланд нагӯем, ки дирафш ҳеҷ гоҳ ба пӯлод кора намекунад, ду-се нафар ватанфурӯш шуд, ҳазорону миллионҳо дар ҳифзи Ватан, дар сангари номуси он истодаанд, то рушду нумӯи Ватан халадор нагардаду дасти нопоке ба моҳу ситораи дурахшони ин сарзамин расоӣ надошта бошад.

Хиёнат ба Ватан хиёнат ба модар аст! Ҳар кӣ субҳашро бо ин ният оғоз мекунад, рӯзаш ба шаби тор табдил меёбад.

ТОҶИКИСТОН – МАҲДИ ТАМАДДУН, НАМОД АЗ СУЛҲ, СУБОТ ВА ТАВСЕА ДАР МИНТАҚА

 

(Сафаргуфтаҳои равшанфикри афғонистонӣ

Мақола тавассути муҳандис Эҳсонулло Ҳомӣ, шаҳрванди Афғонистон аз натиҷаи сафараш ба Ҷумҳурии Тоҷикистон нигошта шудааст.)

 

Навиштаи мазкур натиҷаи сафари чандрӯзаи камина ба кишвари дӯст ва ҳамсояи некамон – Тоҷикистон мебошад, ки барои хонандагони азиз ҷиҳати шинохти бештар аз ин ҳамсоякишвар муфид аст. Кишвари Тоҷикистон бо он, ки мисли кишварҳои дигар, таъми талхи рӯзгорро дар бистари такомули таърихии худ чашида, аммо бо он ҳам мардумони ин сарзамин бо дароят ва фаҳми олӣ, сиёсатмадорони он бо роҳбарии хирадмандона бо пешинаи фарҳангии бузурги мамлу аз корвони тамаддун ва пешрафт, бо заҳмати шаборӯзиашон дарахти тануманди инкишоф, тараққӣ,сулҳ ва таъолиро, ҳамвора пурбор ва бо самар доштаанд.

Тараққӣ ва пешрафти Тоҷикистон, ки дар миёни кишварҳои ҳамсояи худ, улгу ва намуна мебошад, марҳуни талошҳои пайгиронаи мардумони некхоҳ ва некписанде аст, ки бо хушбахтӣ, беҳрӯзӣ ва пешрафти кишварашон, меандешанд.

Тоҷикистон на танҳо дар эҷоди сулҳ барои худ, ки ҳатто барои таъмини сулҳ дар минтақа низ дастовардҳои чашмгире доштааст. Бистари фарҳангӣ, боварҳои инсондӯстона, рафторҳои ахлоқӣ ва иҷтимоӣ, мардуми тоҷик хушунатситез ва сулҳталаб мебошад.

Шодӣ, тараб, сурур ва беҳҷат(шодмон шудан, зебоӣ), таҳаммул, тасомух ва мадоро аз фарҳанги дерпойи мардуми Тоҷикистон мебошад, ки насл андар насл, ба мерос монда, имрӯза ба унвони яке аз кишварҳое, ки сулҳи куллро ба таҷриба гирифта, шинохта мешавад.

Раҳбарии хирадмандонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамон гуна, ки дар ростои таҳқиқи сулҳ ва амният барои кишвараш талоши бедареғ намуда, барои сулҳу салоҳи ҷаҳонӣ ҳам аз ҳар гуна талош дареғ наварзидааст.

Вазъияти имрӯзи кишвари Тоҷикистон, ки мардумони он дар сулҳ ва амнияту рифоҳ умр ба сар мебаранд, бароянди мудирияти солим ва кишвардории Ҷалолатмаоби муҳтарам, Пешвои Миллат, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ

Раҳмон, мебошад, Президенте ки ба манофеъ, рифоҳ ва осоиши мардум ва сулҳи ҷаҳонӣ меандешад.

Зебоиҳои мунҳасир ба фарди Тоҷикистон ва амнияту рифоҳи ҳоким бар ин кишвар, сабаб шудааст, солона ҳазорҳо гардишгари хориҷӣ, ба ин кишвар бираванд ва бо дидани манзараҳои зебо, табиати гуворо, мардумони некхоҳ ва фазои сулҳомез, барои лаҳазоте осудахотир бошанд.

Гиромидошт аз идҳои миллӣ, таърихӣ ва фарҳангӣ дар миёни мардум аз суннатҳои нек ва арзишманде аст, ки фазои зиндагиро мусолиматомез ва зинда нигоҳ доштани фарҳанги пурбори як ҳавзаи тамаддуниро, ба тасвир мекашад.Тоҷикистон ҳамон гуна, ки зодгоҳ ва хостгоҳи Наврӯз аст, меросдор ин фарҳанги азим ҳам мебошад, ки шукӯҳи баргузории Наврӯз дар Тоҷикистон, пайвандҳои бузурги отифиро миёни ворисони аслии як ҳавзаи фарҳангӣ ва тамаддунӣ барқарор мекунад ва ҳамасола ҳаққи ин мероси фарҳангӣ, тавассути мардуми тоҷик ба некӣ адо мешавад.

Ҳукумати Тоҷикистон, ки дар баргузории Наврӯз - ин фарҳанги дерпо, саромад ва пештоз аст, бо иҷрои маросими нишотовар, фараҳбахш, иҷрои консертҳо, даъвати меҳмонон, суруру шодмонӣ ва даҳҳои расму ойини дигарро, ки ҳам дарси сулҳу сафо ва самимият дорад, дар маросими Наврӯзи Тоҷикистон баргузор менамояд.

Мардуми Тоҷикистон дар канори соири хубиҳои инсоние ки доранд, мардуми меҳмоннавозанд. Ҳамасола меҳмонони зиёде ки аз кишварҳои мухталифи ҷаҳон, ҷиҳати сайёҳат ва ё иштирок дар рӯзҳои миллӣ ва фарҳангӣ ба ин кишвар меоянд, миннатдори бархӯрди нек ва меҳмоннавозиҳои мардуми тоҷиканд. Гардишгарони хориҷӣ ва меҳмонон зимни хушҳолӣ аз меҳмоннавозии мардуми Тоҷикистон, хотираҳои шириниро низ бо худ мебаранд.

Шаҳри Душанбе яке аз зеботарин шаҳрҳо дар ҳавзаи Осиёи Миёна мебошад, ки аз амнияти комил бархӯрдор буда ва дараи Варзоб, ки яке аз сарсабзтарин дараҳо дар ин шаҳр мебошад, ки бо доштани обу ҳавои гуворо таваҷҷуҳи ҳар раҳгузарро ба худ ҷалб мекунад. Ҳамин гуна Суғд аз вилоятҳои зебо ва дидании Тоҷикистон мебошад, ки бо доштани табиати зебо, фабрикаҳои бузургеро дар худ дорад ва ба ҳамин тартиб, шаҳрҳои Кӯлоб ва Бохтар, Ҳисор ва вилояти Бадахшони Тоҷикистон, аз табиати зебову гуворо бархӯрдоранд.

Дар кулл, ҷуғрофиёи Тоҷикистон бо доштани шаҳрҳои зебо, манзараҳои диданӣ, табиати гуворо, фазои самимият, амнияти комил,

мардумони меҳмоннавоз ва бархӯрди самимона бо меҳмонон ва сайёҳони берунӣ, аз ҷумла аз кишварҳои камназир дар сатҳи ҷаҳон мебошад.

Афғонҳои муқими Тоҷикистон ҳамвора аз рафтори шаҳрвандони ин кишвар, изҳори хушӣ ва ризоят мекунанд, онон ба соддагӣ метавонанд, ба фаъолиятҳои бозоргонӣ, бипардозанд. Рафтору ва равияи неки шаҳрвандон, полис ва умуман мардуми Тоҷикистон, сабаб шудааст, бозаргонони афғон дар бозорҳои ин кишвар ба фаъолияти густурда даст бизананд ва ҳеч гуна ҳаросе ҳам надошта бошанд.

Сарзамини Тоҷикистон, зодгоҳи шоирон, фарҳангиён ва андешварзон будааст. Шоирони номдор ба адабиёти оламшумули тоҷикӣ - порсӣ, шукӯҳ ва ҷалоли ҷолиб зам кардаанд. Бо ин пешинаи фарҳангӣ ва тамаддунӣ, Тоҷикистон аз нодир кишварҳое ҳаст, ки соҳиби як Ҳукумати нерӯманд ва қонунмадор ба раҳбарии хирадмандонаи Ҷалолатмаоби муҳтарам, Президент Эмомалӣ Раҳмон мебошад.

Қонун дар саросари ин кишвар болои мардум яксон татбиқ мешавад ва мардум дар партави қонун ва Ҳукумати посухгӯ, ба зиндагии мусолиматомези худ идома медиҳанд.

Бо он, ки аз Истиқлоли ин кишвар, 26 сол мегузарад, аммо таҳти раҳбарии волои Президенти ин мамлакат, ба қуллаҳои шомих аз тараққӣ, ва пешрафт даст ёфтааст ва барои фарди тоҷик, заминаитаълиму тарбия, кор ва иштиғол,фароҳам гардида ва мардум нисбат ба Ҳукумат, розӣ ва ба нисбат ба ояндаи худ, умедвор мебошанд.

Мардуми тоҷик ба Раиси Ҷумҳури ин кишвар, ба унвони Пешвои Миллат, нигоҳ мекунанд. Пешвое, ки зиндагии мардуми тоҷикро сару сомон бахшида ва аз бебанду борӣ, хушунат ва фақру бекорӣ, ҷилавгирӣ кардааст.

Бароямон ҳувайдо гашт, ки Пешвои Миллати тоҷикон, ҷаноби Эмомалӣ Раҳмон, умри азизи хешро дар рози хидмати содиқона ва пешрафт,тараққӣ, сулҳ, субот, сарф карда ва тӯли умри гиромиашонро, аз Худованди манон, таманно медорем.

Ва дар охир, мақолаи хешро бо як шеър аз шоири номдори шимоли Афғонистон, Муҳаммадшарифи Искандарӣ, ба поён мебарам:

Тоҷикистони азиз, ҳар кӯҳсорат, дилфиреб,

Рост гӯям, гулшану боғу баҳорат, дилфиреб.

Раҳмати Ҳақ бодо ба ҳамчу ту, ки тухме бикишт,

Зодони шахси ғаюру бовиқорат, дилфиреб.

Аз Душанбе то Хуҷанд аст, водии зебои ту,

Қиссаҳои нағзу ширин аз диёрат, дилфиреб.